Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 8, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ва филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ соати 08:00 (собиқ бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ) баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ соати 09:00 (собиқ бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ) доир мегардад.

Дар Донишгоҳи миллӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Агентии омор соати 11:00 доир мегардад.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб соати 08:00, ноҳияи Файзобод соати 09:00, дар шаҳри Турсунзода ва дар шаҳри Ваҳдат соати 10:00, дар ноҳияи Рӯдакӣ соати 11:00, дар ноҳияи Шаҳринав соати 14:00 нишастҳои матбуотӣ баргузор карда мешаванд.

Нишастҳои матбуотӣ дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ соати 08:00, дар филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур соати 09:00 ва дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва соати 10:00 доир мегарданд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Февраль 8, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад