Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»

Февраль 18, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуданд, ки қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозо мекунад, ки ҳам арзишҳои исломӣ, ҳам расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ бояд дар тақвияти суботу оромӣ ва осоишу саодати мардуми Тоҷикистон қарор дошта бошанд.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки имсолро мо ба ифтихори ҷашни муқаддас ва  бузурги миллӣ – 35-солагии соҳибистиқлолии давлатамон Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудем. Ин соли пурифтихор барои ҳар фарди ҷомеа имкониятест, ки бо заҳмату амали созанда дар пешрафти давлат ва шукуфоиву ободии Ватани маҳбубамон саҳм гузорад. Ҳамчунин таъкид доштанд, ки ба ин васила мо на танҳо ҷашни бузурги соҳибистиқлолиро таҷлил менамоем, балки ояндаи дурахшони мамлакатро низ барои наслҳои баъдӣ бунёд мекунем.

Пешвои миллит дар робита ба садақаи ҷория чунин иброз  намуданд: «Дар хотир бояд дошт, ки корҳои ободонӣ, аз ҷумла бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистонҳо ба садақаи ҷория дохил мешаванд ва тибқи таълимоти дини мубини ислом, барои анҷомдиҳандааш савобу самараи зиёде фароҳам месозанд».

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид доштанд, ки ҳар шаҳрванди мамлакат метавонад як кори нек анҷом диҳад, як гӯшаи диёрро обод созад ва ҳисси ватандӯстию ифтихор аз ватанро дар амал нишон диҳад.

Пешвои миллат дар паёми шодбошӣ миннатдории самимии худро ба мардуми шарифи мамлакат, хусусан соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки дар чунин корҳои хайру савоб саҳм гузошта, ҳазорҳо иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ, аз ҷумла роҳу пул ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бунёд карда истодаанд, баён намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»