Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд

Февраль 26, 2026 09:56

ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳуқуқии ҷорӣ ва мутақобил дар соҳаи таъмини амният дар мулоқоти  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода  бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, тақвияти сарҳади давлатӣ, инчунин истирдоди шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти такмили механизмҳои ёрии ҳуқуқии мутақобилро иброз намуда, зарурати баланд бардоштани фаврияти ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро таъкид намуд.

Сафир Радослав Дарски дар бораи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо, ки дар Тоҷикистон амалӣ шуда, ба мубориза бар зидди терроризм, таҳкими сарҳади давлатӣ, муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ ва ғайра нигаронида шудаанд, маълумот пешниҳод кард. Ҳамзамон  барои рушди минбаъдаи муколамаи самарабахш изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 26, 2026 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд