Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2026 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам ба пешбурду татбиқи амалии ҳадафҳои рӯзномаҳои ҷаҳонии обу иқлим ва пешниҳоди иқдоми глобалии марбут ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо дар баргузории ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ таҷрибаи бузург дорад. Зеро Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори иқдоми ҷаҳонии обу иқлим давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба беш аз 10 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ гардида, дар заминаи ҳамкории дуҷониба тамоми уҳдадориҳоро ба сомон расонидааст. Ҳамзамон Тоҷикистон дар доираи ду ниҳоди бузурги ҷаҳонии марбут ба тағйирёбии иқлим ва захираҳои об – Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Шурои ҷаҳонии об, ки мувофиқан аз соли 1995 ҳар соле конфронсҳои тарафҳои конвенсия ва аз соли 1997 ҳар се сол форумҳои ҷаҳонии обро баргузор менамоянд, фаъолияти хеле назаррас дорад.
Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим чор Ахбори миллӣ доир ба тағйирёбии иқлим – якум (2002-2003), дуюм (2008), сеюм (2014) ва чорум (2022), Нақшаи миллии амал оид ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим (2003), Гузориши якуми дусолаи бақайдгирии газҳои гулхонаӣ (2018)-ро омода намуда, ба котиботи он пешниҳод кардааст. Дар баробари ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ чор стратегияи муҳими миллии марбут ба мушкилоти захираҳои об ва тағйирёбии иқлим – «Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040» (2024), «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030» (2019), «Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030» (2018) ва «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037»-ро (2022) таҳияву қабул намуда, барои татбиқи амалии онҳо аз тамоми воситаю имконот самаранок истифода менамояд. Мавриди гуфтан аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин стратегияҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои намунавӣ истифода менамоянд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи амалии конвенсияҳои экологӣ ва ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ фаъол ва пешгом аст. Масалан, Тоҷикистон аввалин давлати Осиёи Марказӣ аст, ки нахустин шуда, ба чанде аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои байналмилалии экологӣ – конвенсияҳои Стокголм, Ромсар, Бон ва протоколҳои Картахен ва Нагоя ҳамроҳ шудааст.
Албатта, дар татбиқи ҳадафҳои конвенсияҳо, қатъномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ниҳодҳову созмонҳои гуногун нақши муассир дошта, онҳоро тавассути баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногун арзёбию пайгирӣ намуда, дар ин замина харитаи роҳ ва натиҷаҳои амалии мушаххас қабул мекунанд. Тавре ишора гардид, Тоҷикистон на танҳо дар пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии обу иқлим, балки дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ ва баргузории конфронсҳои сатҳи баланд таҷрибаи ғанӣ дорад ва аз ин рӯ, қабл аз баргузории форумҳои ҷаҳонии об ҷиҳати омодагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба форумҳо дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои муштараки минтақавӣ доир гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул ва ба котиботи форумҳо пешниҳод карда мешаванд. Қабл аз Форуми 4-уми ҷаҳонии об Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ (2005), пеш аз Форуми 5-ум Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба об (2008), қабл аз Форуми 7-ум Конфронси зерминтақавии омодагӣ (2014) ва пеш аз Форуми 9-ум Конфронси зерминтақавии омодагӣ дар мавзуи «Бехатарии обӣ барои сулҳ ва рушд» (2021) доир гардиданд, ки далели раднопазир ва шаҳодати бармалои эътирофи ҷаҳонии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим мебошанд. Бо назардошти ин нукта Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки «ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ба ҳамкории фаъоли ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд».
Тавъам бар ин, дар доираи иқдоми ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон аз соли 2003 то соли 2025 дар пойтахти ҷумҳурӣ 11 форуму конфронси сатҳҳои мухталиф баргузор карда шуданд, ки бархе аз онҳо нахустин маротиба доир гардида, дар арсаи байналмилалӣ беназиранд. Мисол, дар доираи нахустин иқдоми байналмилалии Тоҷикистон моҳҳои август-сентябри соли 2003 аввалин Форуми байналмилалӣ оид ба мушкилоти оби тоза доир гардид, ки Душанбешаҳрро ба «пойтахти ҷаҳон оид ба оби тоза» табдил дод. Ҳамзамон дар таърихи тақрибан якунимасраи мушоҳидаву омӯзиши пиряхҳо, танҳо дар доираи ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат, моҳи майи соли 2025 аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гузаронида шуд. Дар баробари ин, дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», бо гузашти қариб 50 сол дуюмин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об моҳи марти соли 2023 баргузор гардид, ки онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронси таърихӣ унвон карда, тақвияти талошҳои пайвастаи Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим таъкид намуда, натиҷаҳои конфронсро самарабахш хонданд.
Мушкилоти марбути захираҳои об. Бинобар гармшавии глобалии иқлим, ифлосшавии ҳавои атмосфера, коҳишёбии захираҳои об, таназзул ёфтани пиряхҳо, биёбоншавӣ, афзоиши аҳолӣ талабот ба об, алалхусус оби тозаи нӯшокӣ афзуда, боиси зиёдшавии таъсир ба захираҳои об гардидааст. Дар чунин шароит ягона механизме, ки то андозае чунин таъсирро коҳиш медиҳад, идоракунии устувору ҳамгироёна ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мебошад. Вале, тадбирҳо оид ба беҳтар намудани амалҳо ва тақвият бахшидани татбиқот аз динамикаи афзоиши мушкилоти экологӣ тадриҷан ақиб мемонанд. Дар баробари ин, тағйирёбии шадиди иқлим бехатарии обиро таҳти таъсир қарор дода, гирдгашти гидрологиро вусъат дода, равандҳои шадиди обу ҳаворо (обхезӣ, хушксолӣ) афзуда, ба тағйирёбии даврияти мавсими бориш мусоидат кардааст. Ҳамзамон талаботи афзоянда ба об дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар раванди гармшавии иқлим тадриҷан дарёфти усулҳои мутобиқшавиро ба ин равандҳо ва пайдо кардани имконоти дастрасӣ ба манбаъҳои обро (алалхусус, дар минтақаҳое, ки ба норасоии шадиди об дучор шудаанд) боз ҳам мушкил мегардонад. Яке аз таъсироти манфии гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он муҳоҷирати аҳолӣ (экологӣ, иҷборӣ) буда, танҳо соли 2016 беш аз 23 миллион нафар бар асари офатҳои табиии дорои хусусияти иқлимӣ муҳоҷир шудаанд.
Мувофиқи гузоришҳои UN-Water оид ба рушди ҷаҳонии захираҳои об, ки аз соли 2003 ин ҷониб бо номҳои гуногун интишор меёбанд, дар айни замон дастрасӣ ба оби тоза дар тамоми гӯшаю канори кураи арз ба таври назаррас коҳиш ёфта, ҳоло 2,2 миллиард нафар бе дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ умр ба сар мебаранд ва 3,5 миллиард нафар аз беҳдошти бехатари об маҳруманд. Мувофиқи ангораҳои ба ҳам алоқаманди рушди демографӣ, гармшавии иқлим ва норасоии оби нӯшокӣ, шумораи аҳолии давоми сол тӯли як моҳ пурра ба мушкилоти об дучоршаванда аз 3,6 миллиард нафари имрӯза ба 4,8-5,7 миллиард нафар дар соли 2050 афзуда, миқдори аҳолии дар минтақаҳои хатари сел зиндагикунанда аз 1,2 миллиард нафари имрӯза то ба 1,6 миллиард нафар мерасад.
Мавриди гуфтан аст, ки истеъмоли об аз ибтидои солҳои 80-уми асри XX инҷониб соле ~1 фоиз афзуда, ин раванд тавъам бо афзоиши аҳолӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва гармшавии глобалии иқлим вусъат ёфтааст. Тибқи арзёбиҳо, то соли 2050 талабот ба об, бинобар афзоиши талаботи истифодаи об дар соҳаҳои саноатию маишӣ, бо чунин тамоюл афзуда, ин афзоиш нисбат ба сатҳи имрӯзаи истеъмоли об 20-30 фоизро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, гармшавии глобалии иқлим ва тағйирёбии даврияти бориш ба коҳишёбии захираҳои об мусоидат намуда, басомад ва шиддати ҳодисаҳои фавқулодаро афзоиш медиҳад ва ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ монеа эҷод менамояд. Аз ин рӯ, гузориши UN-Water оид ба рушди ҷаҳонии захираҳои об, беҳтар намудани идоракунии захираҳои об, дастрасӣ ба об ва хидматрасониҳои беҳдоштиро яке аз роҳҳалҳои муассир дар масири рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, таъмини оби нӯшокии бехатар ва беҳдошти онро аз ҳуқуқҳои асосии инсон эътироф кардааст.
Барои расидан ба ҳадафҳои гузошта дар гузориши UN-Water таҳти унвони «Сифати об» панҷ равиши ба ҳам алоқаманд: 1) арзёбии захираҳои манбаъҳои об; 2) захираҳои об дар макон ва экосистемаҳо; 3) арзёбии инфрасохтори хоҷагии об барои ҳифз, истифода, истифодаи такрорӣ ё афзоиши таъминоти об; 4) арзёбии хизматрасонии хоҷагии об (оби нӯшокӣ, беҳдошт ва омилҳои марбут ба саломатии инсон); 5) арзёбии об ҳамчун захира барои фаъолияти истеҳсолӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ (хӯрокворӣ, кишоварзӣ, энергетика ва саноат, тиҷроат ва шуғл) захираҳои арзёбии об нишон дода шудааст. Ин усулҳо дар манотиқи мухталифи кураи арз дар асоси таҷриба санҷида шуда, имконоти мувофиқ овардани арзишҳои марбут ба захираҳои обро тавассути равишҳои идоракунии ҳамгироёна, маблағгузорӣ ва баланд бардоштани савияти дониши истифодабарандагон тақвият мебахшанд. Бо вуҷуди ин, ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид дар масири таъмини дастрасӣ ба оби нӯшокӣ то соли 2030, аз ҷумла ҳадафи VI-ми рушди устувор (SDG 6), ҳанӯз ҳам амалӣ нашуда, баръакс дар ин самт нигарониҳо ҷой доранд, ки ба нобаробарии рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳо сахт марбутанд.
«Раванди оби Душанбе» ва конфронҳои байналмилалии сатҳи баланд. Бинобар ин, бо мақсади татбиқи амалӣ ва пайгирии ҳадафҳои ин масоил моҳи декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории иҷлосияи 71-ум ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул кард. Ҳадафи меҳварии он дастгирии рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, тақвияти ҳамкорию шарикии ноилшавии аҳдофу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои об, минҷумла Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 мебошад.
Дар робита ба Нақшаи амали Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Ҳукумати Тоҷикистон дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи талошҳои байналмилалӣ бобати фароҳам овардани платформа барои муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо дар бахши захираҳои об ва рушди устувор, палтформаи комилан ҷадидеро таҳти унвони «Раванди оби Душанбе» рӯйи кор овард, ки дар доираи он ҳар ду сол дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ конфронсҳои сатҳи баланди марбут ба захираҳои об баргузор карда мешаванд. Бояд гуфт, ки дар доираи «Раванди оби Душанбе» кофронсҳои якум (20-21.07.2018), дуюм (6-9.06.2022) ва сеюми (10-13.06.2024) байналмилалии сатҳи баланди Душанбе ва инчунин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об (22-24.03.2023) баргузор гардида, 25-28 майи соли 2026 низ Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди Душанбе оид ба об доир мешавад.
Дар доираи Кофронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки оғози татбиқи ҳадафҳои ин даҳсола аст, шаш чорабинии канорӣ (пешбурди фановарӣ дар бахшҳои хоҷагии об ва кишоварзӣ барои хоҷагиҳои деҳқонии хурд; ҷаласаи «Лоиҳаи тадқиқоти донишҷӯён оид ба идоракунии устувори захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон»; мутахассисони ҷавон дар соҳаи захираҳои об; муҳоҷират дар асри коҳишёбии захираҳои об; татбиқи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муколамаи ҷамъиятӣ оид ба ҳадафи VI-ми рушди устувор (SDG 6) дар соли 2018) баргузор гардида, барои муҳокимаи васеи масоили марбут ба об ва мавзуъҳои афзалиятноки конфронс шароити мусоид фароҳам оварданд. Ҳамчунин дар фарҷоми конфронс се ҳуҷҷати натиҷавӣ – хулосаи ҳамраисон, эъломияи ниҳоӣ, ки аз ҷониби намояндагони давлатҳо ва созмонҳо бо иттифоқи оро қабул гардид ва даъват ба амалҳо ва шарикӣ, ки аз тарафи Котиботи Кофронси якуми байналмилалии сатҳи баланд таҳия шудааст, қабул гардид.
Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор шуда, барои сарҷамъ овардани роҳбарони сиёсӣ ва коршиносони соҳавӣ дар самти идоракунии захираҳои об барои муҳокимаи мушкилоти мавҷуда ва ҳалли онҳо заминаю имкониятҳои ҷадид фароҳам овард. Ҳадафи меҳварии ин конфронс муайян кардани масоили асосии марбут ба идоракунии захираҳои об, таҳияи стратегияҳо барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва тақвияти ҳаморӣ байни ҳукуматҳо, созмонҳо ҷонибҳои манфиатдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмини рушди устувор буда, дар доираи он роҳҳои ҳавасмандгардонии иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳҳои мухталиф баррасӣ гардид. Дар кори конфронс беш аз 2600 нафар аз 75 давлат ва 634 созмони миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ва инчунин зиёда аз 500 нафар ба таври маҷозӣ иштирок намуда, андешаҳои худро доир ба масоили баррасишаванда, аз ҷумла пешбурди амалҳову шарикӣ дар соҳаи захираҳои об барои саҳмгузорӣ дар ҳама сатҳҳо ва равишҳои ноил гардидан ба ҳадафҳо ироз намуданд.
Мувофиқи барномаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд, дар доираи он панҷ форум («Форуми ҳамкории минтақавии об дар Осиёи Марказӣ», «Форуми занон ва об: баробарӣ, гуногунӣ ва фарогирӣ – об моро муттаҳид мекунад», «Форуми об ва ҷавонону кӯдакон», «Форуми мардуми таҳҷоӣ ва ҷамоаҳои маҳаллӣ: равишҳои фарогир ба об дар экосистемаҳо, замин, кишоварзӣ ва рушди дониш» ва «Об ва кӯҳҳо дар масири рушди устувор») баргузор шуда, мавзуъҳои меҳварии онҳоро аҳамияти об барои солимии ҷомеа, нақши об барои ҳаёт ва рушди иқтисоди фарогир, об, муҳити зист ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва маориф, технология ва тақвият бахшидани огоҳию савияти дониши аҳолӣ такшил медиҳанд.
Дар рафти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», 9 форум (Форуми Осиёи Марказӣ оид ба об ва тағйирёбии иқлим, Форуми Африқо оид ба об таҳти унвони «Баррасии пешраф ва таҳияи консепсияи оби Африқо барои давраи пас аз соли 2025», Форуми 3-юми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ, Форуми байналмилалии пиряхҳо, Форуми кӯдакону ҷавонон оид ба об ва иқлим, Форуми бонувон ва об, Форуми илм ва технология, Форуми бахши хусусӣ, Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон»), 5 муколамаи интерактивӣ ва 18 чорабинии иловагӣ доир гардида, дар онҳо парламентарҳо, бахши хусусӣ, аҳли илм, бонувон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои асосӣ тибқи ҳадафҳои конфронс иштирок намуданд.
Ҳадафи форумҳо эҷоди платформаи иловагӣ барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои марбут ба об дар байни табақаҳои гуногуни ҷонибҳои манфиатдор ё дар манотиқи алоҳида буда, имкон доданд, ки ҷонибҳои манфиатдор, минҷумла бонувон, ҷавонон, гурӯҳҳои касбӣ, олимон, бахши хусусӣ ва умуман, тасмимгирандагону истифодабарандагони об дар татбиқи рӯзномаи об бо таваҷҷуҳ ба тақвияти фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об, дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд. Муҳокимаҳо, хулосаҳо ва қарорҳои воқеӣ ва мувофиқ ба кори конференсия ва баррасии Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030, махсусан доираи суръатбахши ҳадафи VI-ми рушди устувор (SDG 6) мусоидат намуданд. Форумҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд имкон фароҳам оварданд, то дар онҳо натиҷаҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об (2023) ва конфронсҳои якуму дуюми оби Душанбе мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Дар асоси дастовардҳои конфронсҳои якум, дуюм ва сеюми «Раванди оби Душанбе», Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об (2023) ва барои омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2026 ва дар ин замина, бо мақсади суръат бахшидан ба пешрафт дар самти Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об, аз 25 то 28 майи соли 2026 Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир мегардад. Дар конфронс пешбурди уҳдадориҳо, тақвияти ҳамкорӣ, дастгирии Рӯзномаи ҷаҳонии об, натиҷаҳои конфронсҳои қаблӣ, ҳадафҳои даҳсолаи болозикр баррасӣ шуда, дар доираи он нишастҳои пленарии сатҳи баланд ва нуҳ ҷаласаи тахассусӣ, ки бо мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид-2026 ҳамоҳанг шудаанд, баргузор мегарданд. Яке аз чунин чорабиниҳои муҳим Форуми минтақавии «Илм, мониторинг ва идоракунии хатарҳои иқлимӣ» мебошад, ки ба 115-солагии пайдоиши кӯли Сарез бахшида шуда, чор бахши ба ҳам алоқаманд (115-солагии кӯли Сарез: таърих, тадқиқ ва устувории оянда; об, иқлим ва хатари офатҳои табиӣ дар манотиқи кӯҳсор; офатҳои табиии марбут ба об ва Илм, мониторинг ва идоракунии хатарҳои обу иқлим)-ро дар бар мегирад.
Хулоса. Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуъҳои меҳварии рӯзномаҳои ҷаҳонии обу иқлимро дар арсаи байналмилалӣ мунтазам ва фаъолона пеш мебарад. Давоми беш аз ду даҳсола аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии ҷумҳурии мо дар бахшҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масоили экологӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ меёбанд ва дар пешбурди ин масъалаҳо дар сатҳҳои мухталиф нақши муҳим мебозанд. Ин аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ду даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёраи Замин ба ҳам овардаанд. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 15 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидаанд, ки на танҳо далели равшани ин суханонанд, балки ба татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030» асос гузоштанд.
Номвар ҚУРБОН,
мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент
АКС: АМИТ «Ховар»








33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост






