Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад

Февраль 21, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба 1297 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, нисбат ба 1268 нафар ба маблағи умумии 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомонӣ ҷарима таъйин карда шуд. Дар ин хусус Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 138 ҳолат кам мебошад. Аз маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 7 миллиону 028 ҳазору 808 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Тавре аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 112 ҳазору 946 маърака ва маросим ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   1907 маърака кам мебошад.

Дар ин давра аз ҷониби комиссияҳои доимии маҳаллӣ барои шарҳу тавзеҳи моҳияти қонун ва риояи талаботи он беш аз 11 ҳазор суҳбату вохӯрӣ доир гардида, беш аз 26 ҳазор санҷиш гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун санади муҳими миллӣ дар танзими рӯзгори мардум, пешгирӣ аз исрофкорӣ ва аз байн бурдани расму оинҳои сунъию серхарҷ нақши муассир дорад. Бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва кам гардидани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи қонун ба мушоҳида мерасанд.

Яке аз амалҳои номатлубе, ки вақтҳои охир дар маъракаҳо ба назар мерасад, пулчаспонӣ ва пулпошӣ мебошад. Ин кирдор, пеш аз ҳама, нишонаи худнамоӣ ва риёкорӣ буда, аз нигоҳи қонун ва арзишҳои миллӣ амали номуносиб маҳсуб мешавад. Пули миллӣ дар радифи рамзҳои давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, эҳтироми он вазифаи ҳар шаҳрванди масъул аст.

Пошидан ё часпонидани пул дар тӯю маъракаҳо, агар аз як сӯ беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бошад, пайомади номатлуби дигари ин амал он аст, ки метавонад ба оҳистагӣ ба одати қабулшуда мубаддал гардад. Яъне, дигарон низ талош мекунанд, ки аз ин «сабқат» ақиб намонанд ва миқдори пули заруриро барои пошидан ё часпонидан ҷамъ оваранд.

Коршиносон бар он назаранд, ки пешгирии чунин амалҳо танҳо бо роҳи таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва боло бурдани сатҳи худогоҳии шаҳрвандон имконпазир мебошад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ва буҳронҳои гуногун ҷомеаҳоро таҳти таъсир қарор медиҳанд, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги сарфакорӣ аҳамияти бештар касб менамояд.

Масалан, охири моҳи декабри соли 2025 Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нашри як гузориш аз пулпошӣ ба сари сарояндаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова хабар дод.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш масъулин муайян карданд, ки ин ҳолат 20 декабри соли 2025 дар тарабхонаи «Миллениум»-и пойтахт рух додааст.

«Шоми 20 декабри соли 2025 Садриддин Набиев, ки маъмури тарабхонаи «Миллениум» аст, сарояндаи тоҷик Фирӯза Ҳафизоваро барои ҳунарнамоӣ даъват кардааст. Зимни фароғат шаҳрвандон Сайфиддини Сайнуриддин ва Сабоҳат Исломова дидаю дониста талаботи қонунгузориро поймол намуда, нисбат ба асъори миллӣ беэҳтиромӣ зоҳир карда, ба сари ин сароянда асъори миллиро пошидаанд», – иттилоъ дода буд Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Пулчаспонӣ ё пулпошӣ ба сари нафаре беэҳтиромӣ нисбат ба пули миллӣ ва хилофи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

Татбиқи босамари ин қонуни миллӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва исрофкорӣ, инчунин тарғиби фарҳанги сарфаю сариштакорӣ метавонад ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар оила мусоидат намояд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намудаанд, «хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 марти соли 2024 дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд. Зимни он Сарвари давлат иброз доштанд, ки «мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки ислоҳоти маънавию иҷтимоии давлат буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд. Агар ин қонун ба нафъи мардум намебуд, чандин мамлакатҳои дуру наздик онро намеомӯхтанд ва айнан чунин қонунро дар кишварҳои худ қабул намекарданд».

Бояд гуфт, ки гарчанде баъзе шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзои хонавода, хешовандон ва маҳалла ҷашну маросимашонро сермасраф баргузор менамоянд.

Таҳлилҳои коршиносону мутахассисони соҳа маълум менамоянд, ки баъзе шаҳрвандон ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон тақлид ва пайравӣ мекунанд. Ҳастанд нафароне, ки бо сабаби паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва иҷро намекунанд. Онҳо ҳанӯз ҳам дарк накардаанд, ки риояи ин қонун сатҳи зиндагии рӯзмарраи мардумро боло бурда, харҷи барзиёдро аз байн мебарад.

Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, сар задани буҳронҳои иқтисодию молиявӣ ва ҳатто ахлоқӣ моро водор месозанд, ки ҳарчи бештар ба арзишҳои миллии худ таваҷҷуҳ зоҳир кунем, фарҳанги сарфакориро дар фазои хонавода ва ҷомеаи худ вусъат бахшем. Ин вазъ баёнгари зарурати татбиқи ҳамаҷониба ва бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон