«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Февраль 26, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид  – занон таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастовардҳои илмӣ ва таҳқиқотии занон шинос гардида, аз сиёсати илмпарваронаи давлату Ҳукумат ва нақши меҳварии занону духтарон дар рушди илми муосир ёдовар шуданд.

Дар ҳамоиши илмӣ намояндагон аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркманистон ба таври маҷозӣ иштирок ва маъруза намуданд.

Иброз гардид, ки конференсия 13 сол инҷониб дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки «бешубҳа, саҳми занон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар пояи давлату давлатдорӣ хеле бузург аст. Аз саҳифаҳои таърихии илми тоҷик бармеояд, ки занони тоҷик дар кушодани уфуқҳои нави давлатдорӣ саҳми бузург гузоштаанд».

Занони олиму ихтироъкор чун сарвари институтҳо ё гурӯҳҳои калони илмӣ ҳоло дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дар рушди илми муосир саҳми назаррас гузошта, барои ба таҳқиқоту пажӯҳиши илмӣ ҷалб намудани ҷавонон талоши зиёд менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди муассисаҳои таҳсилоти касбӣ аз 13 ба 48 адад расида, бештари занон  ба таҳқиқи рисолаи илмӣ машғул ҳастанд. Ин раванд барои пешрафти илми тоҷик хушҳолкунанда аст.

«Имрӯз воқеан ҳам шумораи бештари омӯзгорон аз ҳисоби занон аст. Аммо воқеияти ҳол нишон медиҳад, ки бо вуҷуди саводноку дӯстдори касби хеш будани онҳо ҳанӯз мо ба мақсади асосӣ- тарбияи сазовори насли наврас дар руҳияи хештаншиносию меҳанпарастӣ нарасидаем. Зеро аксари омӯзгорони ҷавон побанди мушкилоти оилавию рӯзгордорӣ буда, занаҳои таҳсили касбиро ба тариқи ғоибона мехонанд. Дар натиҷа аз дониш ва кор бо технологияҳои муосир чандон баҳраманд нестанд», – баён дошт Дилрабо Мансурӣ.

Муовини Сарвазири мамлакат изҳор кард, ки бо вуҷуди он ки солҳои охир теъдоди зиёди занону духтарон рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд, вале бештари онҳо дар риштаҳои илмҳои гуманитарӣ муваффақ ҳастанд. Ҳол он ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ниёз ба мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва техникию технологӣ  дорад.

«Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки аз зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар замири насли ҷавон, хусусан занону духтарон майл ба илмҳои дақиқ ва техникаю технологияро бедор намоем. Зеро Тоҷикистон имрӯз дар соҳаҳои саноати сабук, канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ, кӯҳкорӣ ва технологияи хӯрокворӣ ба мутахассисони касбӣ бештар ниёз дорад», – иброз намуд Дилрабо Мансурӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки 75 фисади барномасозони ҳирфавии давлати Сингапурро занон ташкил медиҳанд. Тибқи таҳқиқоти коршиносон, саҳми занон дар рушди илмҳои ҷаҳонӣ ҳамагӣ 30 фоизро ташкил медиҳад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни конференсия вобаста ба нақши меҳварии занону духтарони олим ва ихтироъкор дар пешрафти илми муосири тоҷик, дастовардҳои илмии занон дар самтҳои мухталифи илмӣ ибрози назар намуда, дар сатҳи байналмилалӣ доир гардидани чорабинии илмиро қадами муҳим барои занони соҳаи илми мамлакат арзёбӣ намуд. Зеро имрӯз занону духтарони тоҷик барои дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти нодир ҷоизадорони байналмилалӣ маҳсуб шуда, илми тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

«Баргузории конференсияи «Саҳми занон дар рушди илм» яке аз он чорабиниҳои илмие мебошад, ки барои муаррифии таҳқиқоту пажӯҳиш ва ихтирооти илмии занон заминаи мусоид фароҳам меорад. Мақсади он эътирофи саҳми занон дар инкишофи илм ва корҳои илмии онҳо, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳаёту фаъолияти занону духтарон, таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ ва дар ин ҷода фароҳам овардани имконияти баробар барои мустаҳкам намудани базаи илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад»,-гуфт Бунафша Файзиддинзода.

Дар айни замон шумораи занони муҳаққиқ ва коршиносони пажӯҳишгар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол афзоиш меёбад. Дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи занон 1093 номзади илм, 159 доктори илм, 95 профессор, 700 дотсент ва 1 050 ассистент ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул ҳастанд.

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 академик, 3 узви вобастаи Академия, 33 доктори илм, 109 номзади илм, 102 нафар магистрант ва 75 докторанти PhD занону духтарон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки конференсия дар ду бахш ҷараён гирифта, дар он дастовардҳои илмии олимзанони Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон муаррифӣ гардид.

Дар фарҷом як зумра занони фаъоли соҳаи илм ва ихтироот барои саҳми арзанда дар рушди илми тоҷик бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо ба ҳавасмандгардонии олимони ҷавон ва ҷалби бештари духтарон ба корҳои илмӣ мусоидат менамояд.

 

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 26, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад