НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Наврӯз – рамзи дӯстӣ ва сулҳ байни халқҳо» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим гузоштаанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад, то ба ҳифз, омӯзиш ва тарғиби суннату анъанаҳои Наврӯз ва муаррифии фарҳанги миллӣ мусоидат намояд.
Ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон на танҳо дар байни мардуми тоҷик, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мақоми баланд пайдо намудааст. Наврӯз рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилии мардум мебошад.
Иштирокчиён доир ба аҳамияти таърихию фарҳангии Наврӯз мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки ин ҷашни бостонӣ ба таҳкими дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои омӯзиш, ҳифз ва тарғиби арзишҳои фарҳангии Наврӯз муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






