Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори вилояти Свердловски Русия Денис Паслер мулоқот намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Свердловски Федератсияи Русия дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор доир гардид. Дар вохӯрӣ инчунин масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ матраҳ гардид.
Дар баробари ин, зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон ба роҳбарияти вилоят Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Холназар Ғоибро расман муаррифӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия











Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид






