САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад

Февраль 14, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон ҷустуҷӯи самтҳои нави ҷолиб ва устувор аҳамияти махсус пайдо мекунад. Яке аз чунин самтҳои ояндадор сайёҳии моҳидорӣ ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистон бо захираҳои бойи обӣ ва табиати нотакрор имконияти фарох барои рушди ин навъи сайёҳиро дорад.

— Сайёҳии моҳидорӣ як навъи сайёҳии фароғатӣ ва варзишӣ мебошад, ки дар он сайёҳон барои моҳидорӣ ба дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ё баҳрҳо сафар мекунанд. Ҳадаф на танҳо сайди моҳӣ, балки истироҳат дар табиат, лаззат бурдан аз манзараҳо ва таҷрибаи фарҳангии маҳаллӣ аст. Муҳим он аст, ки дар сайёҳии муосири моҳидорӣ на танҳо натиҷаи сайд, балки раванди истироҳат, эҳтиром ба табиат ва таҷрибаи фарҳангӣ арзиши асосӣ дорад.

Имрӯзҳо барои рушди сайёҳии шикори моҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти мусоид фароҳам гардида, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил шудаанд.

Аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии сайёҳии моҳидорӣ дар он аст, ки ба таъсиси ҷойи нави кор дар минтақаҳои деҳот, рушди инфрасохтори маҳаллӣ, афзоиши даромади аҳолии маҳаллӣ, ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва истироҳати экологӣ таъсири мусбат мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ мебошад, ки барои рушди сайёҳии моҳидорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Аз ҷумла, дар дарёҳои кӯҳии Вахш, Сирдарё, Варзоб, Кофарниҳон ва Панҷ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва дигар намудҳои моҳиро метавон дид.

Ин маконҳо на танҳо барои моҳидорӣ, балки барои истироҳати комплексӣ, аксбардорӣ, кемпинг ва сайёҳии экологӣ низ мувофиқ мебошанд.

Дар давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Норвегия, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финляндия ва Ҷопон сайёҳии моҳидорӣ ҳамчун бахши муҳимми иқтисоди сайёҳӣ рушд ёфтааст. Онҳо ба масъалаҳои танзими қонунӣ, ҳифзи захираҳои обӣ, хизматрасонии босифат ва таблиғи байналмилалӣ диққати махсус медиҳанд. Омӯзиш ва татбиқи ин таҷрибаҳо метавонад барои Тоҷикистон хеле муфид бошад.

Тибқи таҳлилҳои олимон, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошанд. Дар дарёҳои кӯҳӣ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ ва дигар намудҳоро метавон вохӯрд. Ҳоло бо назардошти сермаҳсулӣ соҳибкорон бештар ба парвариши моҳиҳои пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва амури сафед таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Солҳои охир афзун гардидани истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва амалишавии барномаҳои соҳавӣ вобаста аст. Хусусан бархурдории хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз имтиёзҳои андозӣ дар рушди соҳа нақши муҳим дорад.

Рушди моҳипарварӣ дар баробари шикори он, ки дӯстдорони зиёд дорад, ба тақвияти сайёҳии гастрономӣ дар мамлакат замина фароҳам меорад. Таркиби гӯшти моҳӣ дорои витаминҳои барои инсон зарурӣ буда, тибқи таҷриба ва тавсияҳои байналмилалӣ давоми сол барои ҳар нафар истеъмоли 15-20 килограмм гӯшти моҳӣ муҳим шуморида мешавад.

Инчунин моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридор арзёбӣ мешаванд. Афзун гардонидани парвариши моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ҳамчун мавзеи сайёҳӣ ва шикори моҳӣ ба рушди агросайёҳӣ низ мусоидат менамояд.

Бо вуҷуди имконият рушди сайёҳии моҳидорӣ бо баъзе мушкилот рӯ ба рӯ аст, аз ҷумла набудани инфрасохтори муосир, номуносибии хизматрасонӣ, огоҳии нокифояи бозори байналмилалӣ.

Барои ҳалли ин масъалаҳо таҳияи стратегия ва барномаҳои мақсаднок, ҷалби сармоягузорӣ, омӯзиши кадрҳо, таблиғи фаъол тавассути платформаҳои рақамӣ зарур мебошад.

Имсол Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои равнақ бахшидани ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ ташкили хатсайрҳо оид ба сайёҳии шикори моҳиро тавсия дод, то бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон бештару беҳтар ба роҳ монанд.

Солҳои охир афзоиши сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, қабл аз ҳама, ба амнияту субот, мавҷудияти роҳҳои замонавӣ ва инфрасохтори мусоиди сайёҳӣ дар мамлакат рабт дорад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун ҷавҳари кашфношуда арзёбӣ менамояд. Дар Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва кӯҳнавардӣ, аграрӣ, инчунин сайёҳии шикор бештар ба сайёҳон писанд аст. Тоҷикистон барои рушди ин навъҳои сайёҳӣ дорои имконоти бузург аст, ки дар минтақа назир надорад.

Умед аст, ки сайёҳии моҳидорӣ низ метавонад ба яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳии Тоҷикистон табдил ёбад. Бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ ва ҳамкории давлату бахши хусусӣ ин соҳа қодир аст ба рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мусоидат намояд.

Абдукарим ҚУРБОНЗОД,
мутахассиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Тоҷикистони муосир ва давлатдории навин
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
Тоҷикистон ба ҷомеаи рақамии пешрафта бо иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил меёбад