Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 1 миллиарду 303,3 миллион доллар зиёд мебошад. Соли 2024 ба мамлакат аз хориҷа дар ҳаҷми 6 миллиарду 992,3 миллион доллар молу маҳсулот ворид шуда буд. Дар ин хусус 12 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки соли 2025 ба ҷумҳурӣ аз хориҷи мамлакат ба маблағи 959,3 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ, 684,9 миллион доллар- воситаҳои нақлиёти сабукрав, 300,9 миллион доллар- гандум, 238,8 миллион доллар- гази моеъ, 249,2 миллион доллар- чӯбу тахта, 146,7 миллион доллар- телефонҳои мобилӣ, 117,5 миллион доллар- шакар, 110,2 миллион доллар- равғани растанӣ, 102,8 миллион доллар- маҳсулоти меваю сабзавот, 101,8 миллион доллар- оксиди алюминий (глинозем), 46,0 миллион доллар- гӯшти мурғ, 44,9 миллион доллар- нуриҳои минералӣ, 21,6 миллион доллар- неруи барқ ва ба маблағи 16,2 миллион доллар орд ворид гардидааст.
Дар ин давра воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба миқдори 16 ҳазору 667 адад ё 35,2 фоиз, гандум- 220 ҳазору 567 тонна ё 20,9 фоиз, маҳсулоти нафтӣ- 146 ҳазору 886 тонна ё 13,8 фоиз, чӯбу тахта- 84 ҳазору 935 тонна ё 18,9 фоиз, маҳсулоти меваю сабзавот- 29 ҳазору 132 тонна ё 16,2 фоиз, равғани растанӣ- 6 ҳазору 327 тонна ё 6,5 фоиз, гӯшти мурғ- 4 ҳазору 581 тонна ё 59,6 фоиз, телефонҳои мобилӣ (партали imei.tj)- 210 ҳазору 650 адад ё 27,3 фоиз, оксиди алюминий (глинозем)- 18 ҳазору 869 тонна ё 11,8 фоиз зиёд гардид.
Дар ин замина воридоти нуриҳои минералӣ ба мамлакат соли 2025 ба миқдори 58 ҳазору 263 тонна ё 27,3 фоиз, орд- 23 ҳазору 814 тонна ё 31,5 фоиз, гази моеъ- 18 ҳазору 815 тонна ё 5,1 фоиз, семент- 9 ҳазору 986 тонна ё 36,4 фоиз ва шакар 9 ҳазору 723 тонна ё 4,8 фоиз коҳиш ёфтааст. Коҳиш ёфтани воридоти баъзе маҳсулот ба мамлакат дар соли 2025 ба таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсолии онҳо рабт дода мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






