Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд

Февраль 5, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал, аз ҷумла 140 медали тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ба хазинаи варзишии мамлакат ворид намуданд. Натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба соли 2024  62 медал зиёд (6 медали тилло, 58 нуқра ва 2 биринҷӣ) мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои Зулфиқор Гулаҳмадзода, соли 2025 аз ҷониби кумита ва ташкилоти ҷамъиятии федератсияҳои варзишии мамлакат 1 540 варзишгар, аз ҷумла 450 зану духтари аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 112 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ иштирок намуданд.

«Бо шарофати дастоварди варзишгаронамон 510 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта шуда, ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 140 маротиба Суруди миллӣ садо дод», -гуфт раиси кумита.

Иброз гардид, ки имрӯз ҷавонону варзишгарони тоҷик бо дастгирию роҳнамоиҳои Пешвои миллат, ба хотири арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан ва парафшон намудани Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа талошу ташаббусҳои созанда намуда, бо иродаи қавӣ ва матонату қаҳрамонӣ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд. Ба хотири варзишгарони мо имрӯз Парчами Тоҷикистон дар байни парчами садҳо давлати ҷаҳон парафшон гардида,  Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад, ки ин боиси ифтихор ва нишони  соҳибистиқлолии миллати тоҷик мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 аз ҷониби кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи марҳилаҳо 9 ҳазору 300 чорабинии варзиши касбӣ бо фарогирии 691 ҳазору 640 нафар варзишгарон баргузор карда шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз лиҳози теъдоди чорабинӣ 50 адад ва аз лиҳози фарогирӣ 50 ҳазору 890 нафар зиёд мебошад.

Бояд иброз намуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустиву тавонмандӣ ва воситаи муаррифи давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро ҳамчун самти муҳими давлатдорӣ дастгирӣ менамоем».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд