СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди соҳаи варзиш, ба футбол машғул шудани ҷавонону наврасон дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Ҷавонону наврасони ҷамоат минбаъд метавонанд бе мушкилӣ дар ин толори варзишӣ мусобиқаҳои футбол ташкил намоянд. Ҳамчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорону сокинон дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳр мактаби нав бунёд мегардад. Ин иқдоми некро сокинони деҳа бо иттиҳоду сарҷамъӣ пеша намуда, дар заминаи муассисаи таълимии №115 бинои наву замонавии мактаби деҳаашонро бунёд мекунанд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни суҳбат бо сокинон барои ташаббусҳои неки мардуми деҳаи Нурафшон изҳори миннатдорӣ намуд. Таъкид шуд, ки бунёд гардидани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 115 ба ояндаи дурахшони фарзандон мусоидат менамояд. Агар мо имрӯз барои фарзандон шароити муосири таълимро муҳайё намоем, дар оянда мутахассисони соҳибкасб тарбия ёфта, ба Ватан содиқона хизмат менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






