ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Обшавии пиряхҳо сабаби хатари ҷиддӣ барои коҳиши захираҳои об, зиёдшавии офатҳои табиӣ, халалдор шудани низоми экосистемаҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ мегарданд. Дар чунин шароит таъхир дар андешидани тадбирҳои муштарак метавонад пайомадҳои ҷуброннопазир ба бор оварад. Аз ин лиҳоз, пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо саривақтӣ, балки барои ояндаи амнияти экологӣ ва рушди устувори инсоният аҳамияти стратегӣ доранд. Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла эълони соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳ» бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ намуда, саҳми назарраси онро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ нишон медиҳад. Ва ин иқдом гувоҳӣ он аст, ки бо иродаи сиёсӣ, дидгоҳи ояндабин ва ҳамкории байналмилалӣ метавон ба ҳифзи захираҳои ҳаётан муҳим ва таъмини ояндаи устувор ноил гардид.
— Тағйирёбии иқлим боиси афзоиши марбут ба офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст ва ин раванд сол то сол возеҳ ба назар мерасад. Аз ҳисоби таъсири тағйирёбии иқлим солҳои 2020-2023 дар ҷумҳурӣ 1826 ҳодисаи табиӣ, аз ҷумла сел, ярч ва обхезӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин боиси ҳалокати 100 нафар шуда, зиёда аз 30 миллион доллар зарари иқтисодӣ ба бор овардааст. Ҳар сол дар мамлакат ба ҳисоби миёна 500-600 ҳолати фавқулода сабт мешавад, ки 90 фоизи он бо офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, заминларза, ярч, сангрезӣ ва тарма алоқаманданд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4000 ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки тибқи арзёбиҳои расмӣ, ҳаҷми умумии зарари иқтисодии онҳо зиёда аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки тағйирёбии иқлим инчунин боиси афзоиши офатҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ мегардад. Ин ба инфрасохтори муҳим, хусусан манбаъҳои об ва ҳаёти аҳолӣ дар шароите, ки сатҳи муҳофизат аз офатҳо заиф аст, таъсири манфӣ расонида, оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд меорад. Тағйирёбии иқлим яке аз омилҳои асосии хавфи рушд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз лиҳози географӣ зиёда аз 93 фоизи қаламрави ҷумҳуриро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, ки онҳоро аз ҷиҳати экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ махсусан осебпазир мегардонад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар мамлакат давоми ду даҳсолаи охир аз 1,0–1,3 °C баланд шудааст. Пешгӯиҳои моделҳои иқлимии минтақавӣ нишон медиҳанд, ки то солҳои 2050 баландшавии ҳарорат метавонад ба 1,5–2,0 °C ва то охири асри XXI ба зиёда аз 3,0–4,0 °C расад.
Яке аз таъсирҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон коҳиши захираҳои яху барф мебошад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуданд, ки тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин мекунанд. Тибқи арзёбиҳои илмӣ, дар як асри охир зиёда аз 30 фоизи ҳаҷми умумии пиряхҳо кам гардидааст. Агар тамоюлҳои кунунӣ идома ёбанд, то соли 2050 ҳаҷми умумии пиряхҳо метавонад боз 15-20 фоиз кам шавад, ки ин ба захираҳои обӣ, кишоварзӣ ва энергетикаи ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Соҳаи кишоварзӣ, ки беш аз 60 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ ба он вобастагӣ дорад, яке аз бахшҳои осебпазир ба шумор меравад. Тақрибан 90 фоизи заминҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба обёрӣ вобастаанд. Камшавии ҷараёни дарёҳо, зиёдшавии давраи хушксолӣ ва ноустувории бориш боиси пастшавии ҳосилнокии зироати асосӣ, аз ҷумла гандум, пахта ва картошка мегардад. Тибқи таҳқиқоти заминшиносӣ ва иқлимӣ (агроклимат), бе татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ талафоти ҳосилнокӣ метавонад дар баъзе минтақаҳо то 20-30 фоизро ташкил диҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ оид ба масоили тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои устуворро амалӣ менамояд. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 тасдиқ гардидааст, қабул намуд.
Ин стратегия ҳамчун пояи стратегӣ ба мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об, пиряхҳо ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ равона шудааст. Ҳамчунин он роҳи ҳамоҳангсозии сиёсати миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҳамкории созмонҳои байналмилалиро муқаррар мекунад, то Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонад таъсири манфии тағйирёбии иқлимро самаранок коҳиш диҳад ва ба ояндаи устувор замина гузорад. Бо назардошти ин хатарҳо Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба асосҳои илмии арзёбии хавф ва осебпазирӣ такя мекунад. Чораҳои афзалиятнок ба беҳтар намудани идоракунии захираҳои об, рушди кишоварзии ба иқлим мутобиқ, барқарорсозии экосистемаҳо, тақвияти системаҳои огоҳии барвақтӣ ва мутобиқсозии инфрасохтор равона шудаанд. Таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки хароҷот барои мутобиқшавии пешакӣ назар ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ чанд маротиба камтар аст. Маълумоти илмӣ ва таҳлилӣ нишон медиҳад, ки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон на интихоби сиёсӣ, балки зарурати стратегӣ мебошад. Татбиқи пайгиронаи стратегияҳои миллӣ бо истифодаи маълумоти илмӣ, мониторинги доимии иқлим ва ҳамгироии онҳо ба банақшагирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ метавонад сатҳи осебпазирии ҷумҳуриро коҳиш дода, устувории дарозмуддатро таъмин намояд.
Аз замони оғози ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки соли 1999 оғоз гардиданд, равандҳои коҳиши пиряхҳо дар ҷумҳурӣ шиддати бештар касб намудаанд. Мушоҳидаҳо ва таҳқиқоти илмию таҳлилӣ нишон медиҳанд, ки дар ин давра тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳо таъсири ҷиддӣ расонидааст. Тибқи маълумоти дастрас, майдони пиряхи Ванҷях (Федченко) тақрибан то 1,5 километр ва пиряхи Гармо то 7 километр коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон аз шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон қариб 1000 адади онҳо пурра аз байн рафтаанд.
Ин раванд дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҷаҳонии метеорология, инчунин дар корҳои илмии олимони ватанӣ инъикос ёфта, аз афзоиши хатарҳо ба захираҳои об, низоми гидрологӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд. Дар ин замина масъалаи ҳифзи пиряхҳо ҳамчун афзалияти муҳими сиёсати экологӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Пешниҳоду ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши хатарҳои экологӣ, ки яке аз мушкилоти глобалии ҷаҳони имрӯз буда, дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор доранд, дар самти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун иқдоми ниҳоят зарурӣ ва саривақтӣ арзёбӣ мегарданд. Пиряхҳо манбаи асосии оби ошомиданӣ ва захираи обӣ барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ маҳсуб шуда, коҳиши босуръати онҳо на танҳо ба Тоҷикистон, балки барои тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд. Дар чунин вазъият ба сатҳи байналмилалӣ баровардани масъалаи ҳифзи пиряхҳо далели сиёсати дурандешона ва инсонпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», муайян намудани 21 март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси Фонди махсуси байналмилалӣ талоши воқеӣ ба мушкилоти афзояндаи экологӣ ба шумор мераванд. Ин ташаббусҳо имкон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи обшавии пиряхҳо ҷалб гардида, ҳамкории илмӣ, молиявӣ ва техникӣ дар ин самт тақвият ёбад. Қабули қатъномаи дахлдор аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии аксари давлатҳои аъзо гувоҳи он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аҳамияти ин пешниҳодҳоро ба таври ҷиддӣ дарк намудааст.
Конференсияи байналмилалие, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба аҳамияти хоси илмӣ, сиёсӣ ва амалӣ доштани мушкилоти мубрами марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва махсусан пиряхҳо ҷалб намуд. Ин ҳамоиш ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ ба баррасии таҳкими ҳамкории илмӣ байни давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои таҳқиқотӣ мусоидат намуд. Дар доираи конференсияи байналмилалӣ таҷрибаҳои пешқадам, натиҷаҳои нави таҳқиқоти илмӣ ва роҳҳои амалии коҳиши хатарҳои экологӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Фирдавс АЛИЕВ,
муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд






