ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст

Февраль 9, 2026 08:00

9 феврали соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии «Помир-Чақалтой»-ро баррасӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия  Фестивали 9-уми байналмилалии шоҳмоти кушод «Aeroflot Open 2010» оғоз гардида, 17 феврал ба анҷом расид. Ду шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов ва Соҳиб Ҷураев дар он иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Америка дар самтҳои гуногун муҳокима  шуд.

***

9 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии фаъолияти Ҷамъияти саҳомии «Фонди сармоягузории мустақими Қазоқистону Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

9 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи шуъбаи фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

***

9 феврали соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шинос шуданд.

***

9 феврали соли 2021 Тоҷикистон ва Русия масоили ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба таври фарогирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

9 феврали соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд

***

9 феврали соли 2023 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Туркия кумаки башардӯстона фиристода шуд.

9 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии дандонпизишк.

***

Рӯзи байналмилалии «питзо»

***

Дар Русия – Рӯзи кормандони авиатсияи гражданӣ

***

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи тозакунии компютер

***

Дар Узбекистон – Рӯзи ёдбуди Алишер Навоӣ

РӮЙДОДҲО:

Соли 1909 аввалин маротиба дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико паҳн кардани маводи мухаддир расман манъ карда шуд.

***

9 феврали соли 1955 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хизмати ҳарбии  ҳатмӣ ҷорӣ гардид.

***

9 феврали соли 1971 дар Лос-Анҷелес (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) заминҷунбии 6,6-балла ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа 59 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Инчунин он зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоӣ хисорот расонид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Нӯъмон РОЗИҚ -соли 1927-нависанда. Аз соли 1973 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Февраль 9, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, чоршанбе, 287-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, сешанбе, 286-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, душанбе, 285-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, якшанбе, 284-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, шанбе, 283-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, ҷумъа, 282-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, панҷшанбе, 281-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, чоршанбе, 280-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, сешанбе, 279-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, душанбе, 278-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, якшанбе, 277-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, шанбе, 276-умин рӯзи соли 2026 аст