ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар роҳи мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ҳамчун сипари асосӣ эътироф карда мешавад. Дар шароите, ки низоъҳои геополитикӣ дар ҷаҳон шиддат мегиранд, Артиши миллӣ кафили калидии соҳибихтиёрии давлат маҳсуб мешавад. Артиш на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст. Он ягона неруест, ки метавонад тамомияти арзиро дар баробари таҳдидҳои берунӣ ҳифз кунад.
Артиши Тоҷикистон ба марҳилаи нави технологӣ ворид шуда, иқтидори истеҳсоли техникаи ҳарбии муосирро низ пайдо намудааст. Истеҳсоли техника ва таҳизоти ҳарбӣ дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳифзи марзҳо, мубориза бо терроризм ва назорати минтақаҳои душворгузари кӯҳистон ба роҳ монда шудааст. Ин далел яке аз муҳимтарин дастовардҳои Артиши миллии Тоҷикистон дар роҳи навсозии технологӣ ба шумор меравад.
Бузургтарин ҷаҳиши Тоҷикистон дар зарфияти низомӣ — ин гузариш ба аслиҳаи ҳушманд аст. Солҳои охир ҳузури занон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон на танҳо дар соҳаҳои тиб ва алоқа, балки дар воҳидҳои таъйиноти махсус низ зиёд шудааст. Имрӯз занони тоҷик дар сатҳи афсарӣ ва ҳатто дар ҳайати неруҳои сулҳхоҳи Созмони Милали Муттаҳид хизмат мекунанд.
Дар ду-се соли охир Тоҷикистон парки техникаи ҳарбии худро нав кард. Он на танҳо танкҳо ва БТР-ҳо, балки системаҳои муосири зиддиҳавоӣ ва радиолокатсиониро низ дар бар мегирад, ки амнияти фазои мамлакатро пурра таъмин мекунад.
Артиши миллӣ аз таҳдидҳои навин давлату миллат ва арзишҳои онҳоро ба сифати сипар ё ҷавшан ҳифз менамояд. Имрӯз ҷангҳо танҳо дар майдони набард доир намешаванд. Нақши Артиши миллӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир ҳаётан муҳим аст. Артиши мо ҳамчун «садди аввал» дар роҳи паҳншавии ин таҳдидҳо ба Осиёи Марказӣ ва давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хизмат мекунад.
Акнун ҷангҳо барои ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ дигар ҷангҳои пешин нестанд, балки ҷангҳои технологиянд. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз нақши Артиш аз шумораи сарбозон ба сифати технологияҳо гузаштааст. Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо), системаҳои электронии муҳофизати марз ва иктишофи муосир нишон медиҳад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи асри XXI мутобиқ мегардад.
Ҷойи ифтихор аст, ки иштироки низомиёни мо дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва миссияҳои сулҳхоҳии Созмони Милали Муттаҳид собит месозад, ки Тоҷикистон танҳо истеъмолкунандаи амният нест, балки таъминкунандаи он низ мебошад. Ин нақши артишро дар арсаи дипломатияи ҳарбӣ боло мебарад. Имрӯз мо гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба шумор мераванд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки арзишҳои миллӣ зери фишор қарор доранд, Артиши миллӣ ҳамчун мактаби асосии тарбияи ватандӯстии ҷавонон боқӣ мемонад. Он ҳисси ваҳдат ва ягонагии халқро дар атрофи давлату миллат мустаҳкам мекунад. Ногуфта намонад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби пурарзиши худшиносии миллӣ буда, дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим дорад.
Ҳоло артиш барои Тоҷикистон дигар танҳо як воҳиди низомӣ нест, балки сутуни асосии субот ва кафолати он аст, ки давлат метавонад дар ин ҷаҳони ноором роҳи мустақили худро идома диҳад.
Майдони набард дар замони ҷаҳонишавӣ танҳо марз нест, балки мағзҳо, зеҳнҳо ва тафаккурҳо низ ҳаст.
Имрӯз мафҳуми «набард» комилан тағйир ёфтааст. Акнун ҷангҳои иттилоотӣ ва равонӣ ба хати муқаддами ҷабҳа табдил ёфтаанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ душман на ҳамеша бо танк ва тайёра вориди давлати дигар мешавад. Ӯ метавонад тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилооти дурӯғ (фейк) ба зеҳни ҷавонон нуфуз карда, арзишҳои миллӣ ва ватандӯстиро коҳиш диҳад. Ҷанги мағзҳо ва идеологияҳо низ хеле муҳим ҳаст. Аз ин рӯ, ҳифзи «марзи зеҳнӣ» аз ҳифзи марзи табиӣ камтар нест. Артиши имрӯза бояд на танҳо ҷисман қавӣ, балки аз ҷиҳати мафкуравӣ низ устувор бошад.
Барои артиши ҷавобгӯ ба талаботи замон амнияти киберӣ ҷабҳаи нав аст. Мағзҳо имрӯз тавассути технологияҳо идора карда мешаванд. Ҳамлаҳои киберӣ ба сохторҳои давлатӣ, иқтисод ва низоми идоракунии ҳарбӣ қисми ҷангҳои муосир (ҷангҳои гибридӣ) мебошанд. Тоҷикистон дар оянда ба таҳкими неруҳои зеҳнии худ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир намояд, то «мағзҳои электронӣ»-и давлатро ҳифз карда тавонад.
Барои рушди тафаккури низомӣ дастовардҳои илмию технологӣ аҳамияти арзишманд доранд. Набарди зеҳнҳо инчунин рақобати илму техника аст. Оне ғолиб меояд, ки аслиҳаи ҳушмандтар, пешрафтатар ва системаҳои идоракунии дақиқтар месозад. Инҷо набард дар озмоишгоҳҳо ва паси компютерҳо амалӣ мегардад. Сарбози муосир бояд на танҳо тирандоз, балки оператори системаҳои мураккаби технологӣ бошад.
Муҳимтарин силоҳ дар замони ҷаҳонишавӣ маърифати сиёсӣ ва худогоҳии миллист. Вақте тафаккури ҷавонон бо идеяҳои худогоҳӣ мусаллаҳ бошад, ҳеҷ гуна таблиғоти бегона наметавонад суботи ҷомеаро халалдор кунад. Зеро худшиносӣ маснуияти қавӣ аз тафаккурсозии душманон тавассути технологияҳои иттиллоотӣ шинохта шудааст. Артиш дар ин ҷо нақши тарбиятгарро мебозад, ки устувории равонӣ ва тафаккурро дар сарбозон шакл медиҳад.
Агар дар гузашта танҳо ҷасорати ҷисмонӣ кофӣ буд, имрӯз «Артиши ҳушманд» зарур аст. Набарди асосӣ барои ҳифзи истиқлолият имрӯз дар майдони тафаккур меравад ва пирӯзӣ насиби касест, ки зеҳни худро аз таҳоҷуми фарҳангию иттилоотӣ ҳифз карда метавонад.
Тоҷикистон бинобар мавқеи хоси ҷуғрофии худ — ҷойгиршавӣ дар «дарвозаи» Осиёи Марказӣ ва ҳамсоягӣ бо минтақаҳои ноором дар миёнамуҳлат бо таҳдидҳои нави навбатӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар ин шароит нақши Қувваҳои Мусаллаҳ бояд аз доираи як сохтори мудофиавии классикӣ берун баромада, хусусияти зеринро фаро гирад:
Табдил шудан ба «сипари интеллектуалии марзӣ»
Бо назардошти релефи кӯҳсор (93 фоизи мамлакат), Қувваҳои Мусаллаҳ бояд нақши назоратчии технологиро иҷро кунанд. Минбаъд марз на танҳо бо сарбозон, балки бо системаҳои зеҳнии назорат, сенсорҳои ҳаракат ва дронҳои иктишофӣ ҳифз карда мешавад. Вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳо дар минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ дар шароити ҳозира барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим ба шумор меравад.
Артиши мобилӣ (тезҳаракат) ва зарбазан
Таҳдидҳои нав (гурӯҳҳои хурди террористӣ ва ҷангҳои гибридӣ) талаб мекунанд, ки артиши мо на танҳо калонҳаҷм, балки бояд ниҳоят мобилӣ (зудҳаракат) бошад. Нақши воҳидҳои таъйиноти махсус ва десанти ҳавоӣ дар муҳофизати марзу буми давлат калидӣ аст. Онҳо бояд қодир бошанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ба ҳар нуқтаи марз интиқол ёбанд ва хатарро пеш аз вурудаш ба умқи мамлакат нест кунанд.
Маркази муқовимат ба ҷангҳои гибридӣ
Таҳдидҳои нав танҳо ҳамлаи мусаллаҳона нестанд, балки кӯшиши хароб кардани низом аз дохил мебошанд. Қувваҳои Мусаллаҳ бояд дар ҳамкорӣ бо сохторҳои амниятӣ нақши «филтри иттилоотӣ»-ро иҷро кунанд. Сарбози муосир бояд на танҳо силоҳро кор фармояд, балки дониши сиёсӣ дошта бошад, то ба таблиғоти ифротӣ дода нашавад.
Ҳамоҳангсози амнияти минтақавӣ (СААД ва СҲШ)
Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон нақши артиши моро ҳамчун «иштирокчии стратегӣ» дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай муайян мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи мо бояд дар машқҳои муштараки ҳарбӣ нақши пешсафӣ дошта бошанд, зеро таҷрибаи ҷангии мо дар кӯҳҳо барои ҳамаи давлатҳои аъзо лоиқи омӯзиш аст.
Дар оянда Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бояд ҳамчун «организми ҳушманд» фаъолият кунанд, ки ин на танҳо марзҳои заминӣ, балки фазои рақамӣ, зеҳнӣ ва обии мамлакатро бо истифода аз технологияҳои муосири низомӣ ҳифз менамояд. Ин нақши Артишро аз як сохтори иҷроия ба кафили стратегии ҳастии давлату миллат табдил медиҳад.
Қудрати ҷангии Артиши Тоҷикистонро на бо шумораи аскарон, балки тавассути чанд нишондиҳандаи стратегӣ бояд баҳо дод:
Таҷрибаи нодири ҷанг дар кӯҳистон
Зарфияти ҷангии Артиши Тоҷикистон дар он аст, ки воҳидҳои мо (махсусан Горди миллӣ ва неруҳои махсус) дар ҷаҳон яке аз беҳтаринҳо барои амалиёт дар кӯҳҳои баланд ба шумор мераванд. Ин таҷриба дар машқҳои муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамеша эътироф мешавад.
Мудофиаи зиддиҳавоӣ ва фазоӣ
Тоҷикистон дар доираи низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо дастгоҳҳои муосири радиолокатсионӣ ва маҷмааҳои мушакии навсозишуда муҷаҳҳаз гаштааст. Ин зарфият имкон медиҳад, ки ҳатто хурдтарин ҷисмҳои паранда дар марзҳо ошкор ва нест карда шаванд.
Омодагии руҳию равонӣ ва мафкуравӣ
Таҳлили муқовимат ба таҳдидҳо нишон медиҳад, ки устувории сарбозони тоҷик дар ҳифзи марз яке аз баландтаринҳо дар минтақа аст. Ин зарфияти «нарм» аст, ки дар ҷангҳои муосир нақши ҳалкунанда мебозад.
Қудрати ҷангии Тоҷикистон имрӯз на дар мудофиаи статикӣ (истодан дар як ҷо), балки дар зудамалии баланд ва истифодаи технологияҳои иктишофӣ нуҳуфта аст. Артиши мо қодир аст ба ҳар гуна таҳдиди ногаҳонӣ дар марзҳои ҷанубӣ вокуниши сареъ ва қатъӣ нишон диҳад.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ — МУҲОФИЗИ СУЛҲ, СУБОТ ВА ЗИНДАГИИ ОСУДАИ МАРДУМ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид






