Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд

Февраль 4, 2026 08:20

ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг, ки 30 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон оғоз шуда, то 8 феврал идома меёбад, 22 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа тамоми гурӯҳҳои синнусолиро дар бар гирифта, ба варзишгарон имкон медиҳад, ки тибқи меъёри гуногун ба ҳам рақобат намоянд.

Ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ варзишгарони дорои имконияташон маҳдудро аз 30 кишвари ҷаҳон ба ҳам оварда, ба саҳнаи намоёни қудрат, ирода ва маҳорати иштирокчиён табдил ёфтааст.

Дар ин мусобиқа паралимпичиёни дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок доранд. Ҳайати паралимпии Тоҷикистон аз 16 варзишгар ва 2 мураббӣ иборат буда, то имрӯз 22 медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар рақобатҳо бо дасти чап чунин ҷойҳоро соҳиб шуданд:

Ҷойи аввал (3 медал)

  • Зиёдулло Баротов — вазни 65 кг
  • Фирӯз Шамсудинов — вазни 90 кг
  • Акмал Қодиров — вазни +90 кг

Ҷойи дуюм (3 медал)

  • Ғуломова Фарзона — вазни 55 кг
  • Хабибуллоев Наимҷон — вазни +100 кг
  • Маматкулова Хонбува — вазни 55 кг

Ҷойи сеюм (5 медал)

  • Мухамадиева Волидахон — вазни 65 кг
  • Шокимова Зайнура — вазни 55 кг
  • Талабшозода Сиёвуш — вазни 55 кг
  • Насридинов Умед — вазни +100 кг
  • Махабатов Исмоил — вазни 55 кг

Дар сабқатҳо бо дасти рост низ варзишгарони Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд:

Ҷойи аввал (1 медал):

  • Акмал Қодиров — вазни +90 кг

Ҷойи дуюм (6 медал):

  • Волидахон Муҳамадиева — вазни 65 кг
  • Хонбува Маматкулова — вазни 55 кг
  • Зайнура Шокимова — вазни 55 кг
  • Исмоил Маҳабатов — вазни 55 кг
  • Наимҷон Ҳабибуллоев — вазни +100 кг
  • Фирӯз Шамсудинов — вазни 90 кг

Ҷойи сеюм (4 медал):

  • Фарзона Ғуломова — вазни 55 кг
  • Анвар Розиков — вазни 80 кг
  • Зайнура Шокимова — баромад дар гурӯҳи «гранд-мастер», вазни 55 кг
  • Умед Насридинов — вазни +100 кг

Дар маҷмуъ, то имрӯз варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 22 медал шуданд:

  • 4 медали тилло
  • 9 медали нуқра
  • 9 медали биринҷӣ

Варзишгарони тоҷик бо маҳорати баланд ва иродаи қавӣ баромад намуда, шарафи варзиши мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки ин натиҷа яке аз нишондиҳандаҳои рекордӣ дар таърихи варзиши паралимпии кишвар ба ҳисоб меравад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ҳайати паралимпичиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистонро чор нафар аз ҳисоби бонувон ташкил менамоянд, ки мақоми  варзиши Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ишғоли ҷойҳои намоён ба зинаи баланд расониданд.

Ёдовар мешавем, ки барои иштироки варзишгарон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ва сафарбарнамоии онҳо аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қабл аз сафар бо онҳо машварати роҳнамоӣ баргузор гардид.


Ҳайати паралимпичиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ваъда доданд, ки дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, шараф ва парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд мебардоранд.

Иштироки муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар чунин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба рушди армрестлинг ва пара-армрестлинг дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи варзишии байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.

АКС: Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон

Февраль 4, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд