35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паралимпичиёни Тоҷикистон дар III Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС», ки 26-27 марти соли 2026 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия байни варзишгарони дорои дараҷаҳои гуногуни маъюбӣ баргузор гардид, 35 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Фестивали мазкур зиёда аз 20 даста, аз ҷумла 7 тими кишварҳои хориҷ аз рӯи 30 намуди варзиш иштирок намуданд.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дастаи мунтахаби паралимпичиёни Тоҷикистон дар ҳайати 34 нафар, аз ҷумла 29 варзишгар ба ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ сафарбар гардид.


Қобили тазаккур аст, ки варзишгарони маъюби Тоҷикистон дар ин сабқат аз намудҳои дастхобонӣ (пара-армрестлинг), вазнабардорӣ (пара-пауэрлифтинг), тенниси рӯи миз, дартс, шашка ва шоҳмот иштироки фаъолона намуда, дар натиҷа ба гирифтани 35 медал, аз ҷумла 19 медали тилло, 10 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ ноил гаштанд.
Бояд таъкид кард, ки паралимпичиёни тоҷик дар ин фестивали байналмилалӣ дар байни беш аз 1500 варзишгар аз кишварҳои Арманистон, Абхазистон, Беларус, Узбекистон, Муғулистон ва Русия маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд ва Тоҷикистон аз намуди варзиши дастхобонӣ дар ин чорабинии байналмилалӣ мақоми аввалро соҳиб гардид.
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода изҳор дошт, ки 35 медали ба даст овардаи паралимпичиёни тоҷик дар III Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» рамзӣ буда, дар остонаи ҷашни 35-солагии истиқлолият муждаи фараҳбахш ва дастоварди наву бузурги варзишии паралимпичиёни тоҷик мебошад.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба паралимпичиёни тоҷик медалу ҷойизаҳои ифтихорӣ супорида шуд.







Ёдовар мешавем, ки чанде пеш паралимпичиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг дар Тошканд 22 медал, аз ҷумла 4 тилло, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ ва дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон дар Дубай 4 медал, аз ҷумла 1 тилло ва 3 нуқра ба даст оварданд.
Паралимпичиёни тоҷик дар Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» аз намудҳои зерини варзиш медал ба даст оварданд:
Дастхобонӣ — 21 медал:
- Тилло — 13 адад
- Нуқра — 5 адад
- Биринҷӣ — 3 адад
- Тилло — 4 адад
- Нуқра — 3 адад
- Нуқра — 1 адад
- Биринҷӣ — 2 адад
Шоҳмот — 1 медал:
- Тилло — 1 адад
Шашка — 3 медал:
- Тилло — 1 адад
- Нуқра — 1 адад
- Биринҷӣ — 1 адад











Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






