«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ва 17 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Форуми «Ҷамъияти солим» баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар форум намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласаҳои пленарии форум масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла таҷрибаи давлатҳо барои тақвияти тандурустии ҷамъиятӣ, пешгирии хатарҳои бемориҳои ғайрисироятии музмин ва дигар самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи форум вохӯрии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода бо котиби давлатӣ ва муовини Вазири тандурустии Федератсияи Русия ва муовини директори Муассисаи буҷетии федералии «Маркази миллии таҳқиқоти тиббии терапия ва тибби пешгирикунанда»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Русия доир гардид.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд






