АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ

Март 20, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар сарнавишти ҳар миллат баъзе падидаҳое ҳастанд, ки аз доираи одати рӯзмарра ва маросими маъмулӣ берун рафта, ба нишони ҳастии таърихӣ ва забони ботинии ӯ табдил меёбанд. Барои тоҷикон Наврӯз аз ҷумлаи ҳамин гуна падидаҳост. Ӯро наметавон танҳо бо калимаҳои «иди баҳор» ва ё «оғози соли нав» пурра фаҳмид, зеро Наврӯз дар асл низоми пурраи маъност, чун дар он мушоҳидаи кайҳонӣ, таҷрибаи кишоварзӣ, хотираи устуравӣ, ахлоқи иҷтимоӣ, завқи зебоишиносӣ, андешаи фалсафӣ ва ормони таҷдиди инсон ба ҳам меоянд.

-Асри имрӯз, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, асри одӣ нест. Ин аср аз як сӯ, асри пешрафтҳои бузурги илм ва технология, рақамикунонӣ, шабакаҳои ҷаҳонӣ ва зеҳни сунъӣ аст, аммо аз сӯйи дигар, асри изтироб, ҷанг, нооромӣ, бегонагӣ, фаромӯшии босуръат ва заъфи баъзе пояҳои маънавии ҳаёт низ мебошад. Ҳамин ҳолат зарурати бозгашт ба сарчашмаҳои арзишӣ ва ҳувиятӣ, ба рамзҳое, ки инсонро аз гум гаштани маънавӣ нигаҳ медоранд, бештар месозад. Ҷомеае, ки решаҳои худро намешиносад, дар буҳронҳои таърихӣ осебпазир мешавад, вале миллате, ки ҷашнҳои худро бо маънӣ таҷлил мекунад, метавонад дар байни таҳаввулоти азим устувортар монад.

Аз ҳамин лиҳоз, шинохти Наврӯз танҳо ба хотири қадим будан ё зебо будани он аҳамият надорад. Он ба маънии шинохти пояҳои фарҳангии хеш, хондани рамзҳои худ, дарки муносибати аҷдод бо табиат ва фаҳмидани мактаби бузурги ахлоқист, ки дар он покизагӣ, меҳр, оштӣ, эҳё, адолат, умед ва ҳамоҳангӣ мавқеи меҳварӣ доранд. Наврӯзро метавон «низоми фарҳангии эҳё» номид, зеро дар он меҳнати деҳқон, ҷаҳонбинии ситорашинос, ҳикмати мутафаккир, завқи шоир ва одоби ҷомеа дар як нуқта ба ҳам мерасанд.

I. Наврӯз ҳамчун падидаи таърихӣ ва тамаддунӣ 

Ҳангоми сухан гуфтан аз боби Наврӯз бояд, пеш аз ҳама, ба ин нукта таваҷҷуҳ кард, ки мо бо як ҷашни тасодуфӣ ё танҳо боқимондаи як одати қадимӣ сару кор надорем. Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо шакл гирифта, ҳамчун яке аз сутунҳои аслии тамаддуни ориёӣ ва ориёитаборон ба вуҷуд омадааст. Пайдоиши ҷашн бо чанд тавзеҳ шарҳ меёбад: яке бо гардиши астрономии Офтоб ва эътидоли баҳорӣ, дигаре бо ривояти Ҷамшеду таҷдиди ҷаҳон ва сеюм бо оғози тақвими муназзам ва худогоҳии инсон. Ҳамаи ин тавзеҳҳо, сарфи назар аз гуногунии сабк ва забон, ба як хулосаи муштарак мерасанд: Наврӯз аз мушоҳидаи дақиқи табиат ва ба фарҳанг табдил ёфтани он сарчашма гирифтааст.

Аз нигоҳи таърихшиносӣ, Наврӯз падидаи бисёрсатҳа мебошад. Ӯро наметавон танҳо ба рӯзи тақвимӣ, танҳо ба устура, ё танҳо ба маросими мардумӣ маҳдуд кард. Худи Наврӯз ҳамчун масъалаи мустақили таърихшиносӣ ва фарҳангшиносӣ бояд омӯхта шавад, зеро дар атрофи он чанд навъи дониш ба ҳам омадаанд: астрономия, тақвимшиносӣ, диншиносӣ, адабиёт, мардумшиносӣ ва фалсафа. Ҳамин бисёрқабатагӣ сабаби он гардид, ки ҷашн дар тӯли замон дар ҳар давра бо тафсири тоза дигарбора зинда монд.

Дар шинохти моҳияти Наврӯз пояҳои кайҳонӣ нақши марказӣ доранд. Ин ҷашн ба лаҳзаи эътидоли баҳорӣ бастагӣ дорад, яъне ба он ҳолате, ки шаб ва рӯз ба тавозун мерасанд ва ҷаҳон аз сармои зимистон ба сабзиши баҳор рӯ меорад. Маҳз ҳамин пайванд байни ҷашн ва осмон ба Наврӯз собитӣ ва қудрати азнавбаргашт мебахшад, зеро он на ба фармони як қудрати сиёсӣ, балки ба қонуни табиати ҳастӣ такя мекунад. Аз ҳамин сабаб, ҳатто вақте ки империяҳо фурӯ рехтанд, давлатҳо тағйир ёфтанд ва низомҳои идеологӣ иваз шуданд, Наврӯз аз ҳаракат намонд.

Дар канори пояи астрономӣ пояи иҷтимоии Наврӯз қарор дорад. Дар ҷомеаҳои қадими кишоварз омадани баҳор танҳо ивазшавии фасл набуда, он оғози кишт, умеди ҳосили нав, фаъолшавии меҳнати деҳқонӣ ва таҷдиди муносибатҳои иҷтимоӣ буд. Аз ҳамин рӯ, ҷашн аз оғоз бо кор, бо замин, бо об, бо кишт ва бо сохти зиндагии мардум пайванд дошт. Наврӯз оғози поксозии хона ва дил, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, барқарор кардани риштаи меҳру оштӣ ва таҷдиди паймон бо табиат аст.

Пояи сеюм пояи рамзӣ ва устуравии Наврӯз аст. Дар шуури бостонӣ табиат танҳо табиат набуда, инсон ҳар ҳодисаи он, аз ҷумла пирӯзии гармии баҳор бар сармо, баробарии шабу рӯз ва шукуфтани заминро ба забони рамз мехонд. Аз ҳамин ҷо қиссаҳои Ҷамшед, Каюмарс ва дигар образҳои фарҳангӣ ба вуҷуд омаданд. Ривояти Ҷамшед танҳо як қиссаи устуравӣ ё шоирона набуда, тарзи ифодаи ҳақиқати арзишӣ аст. Ҷамшед дар ин тафсир рамзи низомбахшӣ, фарҳангсозӣ ва пирӯзии нур бар торикӣ мебошад. Пас, Рӯзи нав на танҳо рӯзи дигар шудани сана, балки оғози руҳи нав ва ҷаҳонбинии нав аст.

Ба ин тартиб, Наврӯз аз оғози худ бар се поя истодааст: пояи кайҳонӣ, пояи иҷтимоӣ ва пояи рамзӣ. Бидуни фаҳмиши ин се поя на таърихи ҷашн дуруст дарк мешавад, на фалсафаи он. Агар онро танҳо астрономӣ донем, қувваи рамзӣ ва ахлоқии он гум мешавад, агар фақат ривоят шуморем, аз воқеияти табиӣ ва кишоварзии он дур мешавем ва агар онро танҳо маросими халқӣ донем, уфуқи тамаддунӣ ва кайҳонии он камранг мешавад. Аз ҳамин сабаб, шинохти саҳеҳи Наврӯз ҳамеша шинохти маҷмуии ин ҷиҳатҳост.

Дар ҳамин замина, вожашиносии «Наврӯз» низ аҳамияти амиқ дорад. «Нав» танҳо маънои пайдо шудани чизи тамоман бегона набуда, таҷдиди ҳолати ростин ва барқарор шудани эътидолро ифода мекунад. «Рӯз» бошад рамзи нур, ҳузури Офтоб, равшанӣ ва имкони амал аст. Аз ҳамин ҷо «рӯзи нав» ба рӯзи зуҳури тозаи нур ва имкони тозаи зиндагӣ табдил меёбад.

Ҳамин тавр, Наврӯз аз нахустин маъноҳои худ то имрӯз падидаест, ки табиатро ба фарҳанг, ҳаракати осмонро ба маросим ва таҷдиди фаслро ба таҷдиди ахлоқ табдил медиҳад. Дар ҳамин хусусият моҳияти тамаддунӣ ва таърихии он нуҳуфтааст. Он танҳо ҷашне нест, ки аз гузашта боқӣ мондааст. Он низоми маънавист, ки дар тӯли таърих борҳо тафсир шудааст, вале ҳастии худро нигоҳ доштааст. Маҳз ҳамин қудрати нигоҳдории ҳастаи маънавӣ сабаби ҷовидонагии Наврӯз мебошад.

II. Пояҳои кайҳонӣ, астрономӣ ва вожашинохтии Наврӯз 

Дар таҳлили илмии Наврӯз наметавон аз пояҳои кайҳонӣ ва астрономии он чашм пӯшид. Яке аз бартариҳои муҳими ин ҷашн, дар муқоиса бо бисёр идҳои дигар, он аст, ки мавқеи он дар вақт бо воқеияти табиат ва ҳаракати Офтоб мутобиқ аст. Наврӯз ба эътидоли баҳорӣ рост меояд, ба он нуқтае, ки шаб ва рӯз тақрибан баробар мешаванд ва ҷаҳон аз марҳилаи сармо ба давраи сабзиш мегузарад. Ин хусусият яке аз сарчашмаҳои қудрати маънавии Наврӯз аст, зеро ҷашн аз ҳаракати осмон неру мегирад ва аз ҳамин сабаб, барои инсон ҳамчун ҷузъи табиии ҳастӣ дарк мешавад.

Дар ҷомеаҳои бостонӣ астрономия аз зиндагии иҷтимоӣ ҷудо набуд. Мушоҳидаи ҳаракати Офтоб, муайян кардани лаҳзаи муносиб барои кишт, ҷамъоварии ҳосил, сафар ва андозбандӣ ба зиндагии амалии мардум хидмат мекард. Аз ҳамин сабаб, Наврӯз ҳамчун оғози соли хуршедӣ ҳамзамон ҳам воқеияти илмӣ буд ва ҳам падидаи иҷтимоӣ. Барои мардум баробарии шабу рӯз танҳо ҳисобу китоб набуда, башорати гузаштани сармо, оғози ҳаракат, кишт, меҳнат ва фаъолшавии зиндагӣ ба шумор мерафт. Ин гуна дарк аз астрономия ба фалсафа мегузарад, осмон ба ҷомеа меъёри эътидол ва мувозинатро меомӯзонад.

Дар анъанаи донишварони классикӣ низ ин ҷанба возеҳ аст. Умари Хайём дар «Наврӯзнома» сабаби номгузории ҷашнро ба гардиши Офтоб ва расидани он ба аввали Ҳамал пайванд медиҳад. Абурайҳони Берунӣ низ Наврӯзро нахустин рӯзи фарвардинмоҳ ва оғози соли нав медонад. Ин нишон медиҳад, ки дар шуури донишварони асрҳои миёна Наврӯз ҳамзамон ба устура, ҳисобу китоб ва низоми тақвимӣ иртибот дошт.

Яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи илми мо дар робита ба ҷашни Наврӯз ба ислоҳи тақвим дар аҳди Маликшоҳ ва фаъолияти ахтаршиносии Умари Хайём вобаста аст. Мақсади ин ислоҳот мувофиқ сохтани ҷойгоҳи Наврӯз дар тақвим бо воқеияти астрономӣ буд. Ин ҳолат худ ба худ аҳамияти ҷашнро нишон медиҳад, чунки вақте барои ҳифзи вақти дурусти он низоми ҳисобу китоб ислоҳ мегардад, маълум мешавад, ки Наврӯз на танҳо шодмонии мардумӣ, балки маркази тақвимӣ ва маънавии ҷомеа будааст.

Вожашиносии «Наврӯз» низ дар фаҳмиши моҳияти ҷашн нақши калидӣ дорад. Аз нигоҳи ҳикматшиносӣ, «рӯз»-и наврӯзӣ рӯзи ғалабаи равшанӣ бар торикӣ низ ҳаст. Баробарии шабу рӯз танҳо ҳодисаи астрономӣ набуда, нуқтаи мувозинат мебошад. Аз ҳамин нуқта, ҷомеа ормонҳои ахлоқии худро месозад: эътидол, меъёр, адолат, созгорӣ ва ҳамоҳангӣ. Наврӯз аз ҳамин лиҳоз як навъ тарҷумаи ахлоқии ҳодисаи кайҳонӣ аст.

Ҳамзамон мафҳуми «нав» ба даруни инсон низ дахл дорад. Поксозии хона, нав кардани либос, бахшидани кина, дидорбинӣ ва омодагии ботинӣ ҳама ба як мантиқи маъноӣ тобеъ мебошанд, чунки инсон бояд ба рӯзи нав бо руҳи нав ворид шавад. Аз ҳамин ҷиҳат, Наврӯз аз санаи тақвимӣ болотар рафта, ба барномаи ахлоқии ҷомеа табдил меёбад. Вақт нав мешавад ва инсон ҳам ба таҷдиди андеша, эҳсос ва кирдор даъват мешавад.

Пас, пояҳои астрономӣ ва вожашинохтии Наврӯз танҳо барои таърихи ҷашн муҳим нестанд. Онҳо ба мо нишон медиҳанд, ки чаро ин ид тавонистааст дар замонҳои гуногун зинда монад ва дар ҳар давра маънии тоза гирад. Қудрати он дар ҳамин аст, ки ҳам ба осмон ва қонуни табиат такя мекунад, ҳам ба забони рамз ва ҷаҳонбинии мардумӣ ва ҳам ба эҳтиёҷи ботинии инсон ба таҷдид, оромиш ва умед.

III. Марҳалаҳои таърихии рушди Наврӯз 

Таърихи Наврӯз таърихи ҷашни якшакл ва бетағйир нест. Баръакс, он раванди тӯлонӣ ва бисёрмарҳилавӣ мебошад, ки дар ҳар давра ҳам хусусиятҳои асосии худро нигоҳ доштааст ва ҳам бо шароити замон мутобиқ гардидааст. Маҳз ҳамин қобилияти мутобиқшавӣ яке аз сабабҳои асосии пояндагии Наврӯз аст. Ҷашнҳои бузург дар тӯли замон яксон намемонанд, онҳо зери таъсири давлатдорӣ, дин, низоми тақвим ва мубодилаи фарҳангӣ рӯй бадал мекунанд, вале агар ҳастии маънавии худро нигоҳ доранд, зинда мемонанд.

Марҳалаи аввалро метавон марҳалаи табиӣ-кишоварзӣ ва устуравии ташаккул номид. Дар ин давра, ҷомеаҳои қадим тавассути мушоҳидаи табиат, эътидоли баҳорӣ ва оғози сабзиш ба зарурати муайян кардани нуқтаи оғози даври нави зиндагӣ расиданд. Наврӯз дар ҳамин муҳит ҳамчун ҷашни баргашти нур, аз сар гирифтани меҳнат ва таҷдиди паймони инсон бо замин ташаккул ёфт. Дар ҳамин давра низ забони устуравӣ ба ҷашн зам гардид ва ривоятҳои Ҷамшеду дигар образҳои фарҳангӣ ба вуҷуд омаданд.

Марҳилаи дувум марҳилаи давлатдорӣ ва дарборист. Дар ин давра Наврӯз аз доираи ҷашни мардумӣ хориҷ нашуд, аммо мақоми давлатӣ ва расмӣ низ пайдо кард. Ид бо қабули туҳфаҳо, маросимҳои дарборӣ, дидору мулоқотҳои хоса, авфу озодкуниҳо ва таҷдиди муносибати мардум бо ҳокимият ҳамроҳ мегардид. Ин марҳила нишон медиҳад, ки Наврӯз аз оғоз танҳо падидаи хонаводагӣ набуда, ба масъалаи тартиби иҷтимоӣ ва давлатдорӣ низ иртибот пайдо кард.

Марҳилаи севум ба давраи исломӣ ва тафсири классикии Наврӯз рост меояд. Дар ин давра ҷашн аз байн нарафт, балки тариқи осори Берунӣ, Хайём, Фирдавсӣ ва дигар мутафаккирону адибон шарҳу мазмуни тоза гирифт. Фарҳанги исломӣ ва бостонӣ дар бисёр маврид бо ҳам гуфтушунид карданд ва Наврӯз дар ин муҳит бештар маънои ахлоқӣ, адабӣ ва фалсафӣ пайдо намуд. Агар дар давраи аввал дарки кишоварзӣ ва устуравӣ ғолиб буд, дар ин марҳила ҷанбаҳои маърифатӣ ва адабӣ низ қувват гирифтанд.

Марҳилаи чаҳорум давраи пойдории мардумӣ ва гуногунҷабҳаи маҳаллӣ мебошад. Бо гузашти асрҳо Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни фазои тоҷикию форсӣ, аз Суғду Бохтару Хатлон то Бадахшон, аз Самарқанду Бухоро то Ҳисор, Рашт ва дигар маҳалҳо, бо унсурҳои маҳаллӣ ғанӣ гардид. Дар муҳити кӯҳистон Наврӯз маънои махсуси умед, сабукӣ, нур ва кушода шудани роҳҳоро мегирад. Дар муҳитҳои дигар низ бо вижагиҳои маҳаллӣ, хӯрокҳо, дастархонҳо, бозиҳо, сурудҳо ва шеваҳои мардумӣ шакл гирифтааст.

Марҳилаи панҷум ба давраҳои маҳдудсозӣ ва пойдории пинҳонии ҷашн рост меояд. Ҳарчанд, дар баъзе давраҳо ҷанбаҳои миллии онро камранг карданӣ шуданд, хотираи мардумӣ ба паноҳгоҳи ҷашн табдил ёфт ва Наврӯз дар хонаҳо, дилҳо ва дар зеҳни ҷомеа зинда монд. Ин ҳолат собит мекунад, Наврӯз ҷашне нест, ки аз боло таҳмил шуда бошад, вай аз даруни зиндагии мардум бархоста, аз ҳамин сабаб, дар шароити фишор ҳам аз байн нарафтааст.

Марҳилаи шашум раванди бозгашти огоҳона ва эҳёи миллӣ дар охири садаи бист ва оғози давраи соҳибистиқлолист. Маҳз дар шароити Истиқлоли давлатӣ Наврӯз ба яке аз рамзҳои давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ табдил ёфт. Агар пештар ҷашн дар ҳифзи мардумӣ пойдор мемонд, дар ин давра он ба сатҳи рамзи давлатӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ боло рафт. Бо ҳамин, Наврӯз ба як василаи бозгашт ба решаҳои фарҳангӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ табдил ёфт.

Ниҳоят, марҳилаи ҳафтумро метавон зинаи ҷаҳонишавӣ номид. Дар ин марҳила Наврӯз ҷашни як миллат набуда, ҳамчун мероси муштараки башарият муаррифӣ мешавад. Аммо, ин ҷаҳонишавӣ танҳо вақте маънодор аст, ки ҳастаи таърихӣ ва ахлоқии ҷашн ҳифз шавад, вагарна, хатари ба саҳнасозии холӣ табдил ёфтани он ба миён меояд.

Бо ҳамин тартиб, таърихи Наврӯзро метавон ҳамчун гардиши пайвастаи таҷдид ва мутобиқшавӣ хондан лозим аст. Ӯ дар ҳар давра тағйир ёфтааст, аммо маънои асосии худ, чун маънои эҳё, эътидол, пайванд бо табиат ва таҷдиди ботиниро аз даст надодааст. Маҳз ҳамин хусусият ӯро ба ҷашни воқеан таърихӣ ва дар айни замон ҳамеша имрӯзӣ табдил медиҳад.

IV. Оинҳо, суннатҳо ва рамзҳои Наврӯз

Наврӯзро агар танҳо аз рӯйи таърих шиносем ва аз таҷассуми мардумии он дур монем, шинохти мо ноқис мемонад. Ҷашн маҳз дар оинҳо, расму русум, суннатҳо, дастархонороиҳо, сурудҳо, бозиҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ зинда мемонад. Оинҳои Наврӯз танҳо маҷмуи амалҳои зоҳирӣ набуда, шакли рамзии фикррониву эҳсосоти ҷомеа, таҷассуми ботинии фарҳанг ва тарзи гуфтугӯи инсон бо табиат, гузашта, ҳамсоя ва худи ӯянд.

Яке аз оинҳои асосӣ поксозӣ аст. Пеш аз фаро расидани Наврӯз хонаҳо тоза карда мешаванд, ашёи куҳна ба тартиб дароварда, ё дур андохта мешаванд, ҳавлӣ ва кӯчаҳо ободу озода мегарданд. Ин амал дар назари аввал кори маишист, аммо дар асл, паёми бузурги фарҳангӣ дорад: ҷомеа ба рӯзи нав бо муҳити тоза ворид мешавад. Покизагӣ дар ин ҷо танҳо покизагии ҷой нест, он поксозии фазои зиндагӣ, омодагии ботинӣ ва эътирофи зарурати таҷдиди ҳаёт аст.

Оини дигари муҳим дастархони наврӯзист. Дар бисёр минтақаҳо сабза, об, шамъ, оина, ширинӣ, дона, гул ва дигар ҷузъҳо дар суфра қарор дода мешаванд. Суфраи наврӯзӣ «матни рамзҳо» аст, ҳар унсури он як андеша, як орзу ва як арзишро таҷассум мекунад. Сабза рамзи сабзиш ва эҳёст, об покӣ ва шорандагӣ, шамъ нур ва бедорӣ, оина равшанӣ ва худнигарӣ, ширинӣ умеди ширинкомӣ, дона баракат ва идомаи ҳаёт аст. Бинобар ин, дастархони Наврӯз забони маъноҳост.

Дидорбинӣ ва аёдати хешу наздикон низ бахши ҷудонашавандаи Наврӯз мебошад. Маҳз дар айёми ҷашн одамон ба хонаҳои якдигар мераванд, табрик мегӯянд, бо пирон мулоқот мекунанд ва меҳру эҳтиромро таҷдид менамоянд. Ин суннат аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дорад, зеро ҷашнро аз доираи хусусӣ берун оварда, ба фазои умумии меҳрубонӣ ва ҳамбастагӣ табдил медиҳад. Дар фарҳанги мардумӣ дидорбинӣ амали хушмуомилагӣ набуда, нав кардани риштаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи пайванди наслҳост.

Бахшиши кина, оштӣ ва барқарор кардани муносибатҳои носозгорона аз зумраи муҳимтарин мазмунҳои ахлоқии оинҳоянд. Дар бисёр ҷойҳо одамон кӯшиш мекунанд, ки ба Наврӯз бе кудурат ворид шаванд. Ин суннат ба таври равшан ба мантиқе итоат мекунад, ки инсон бояд ба рӯзи нав бо руҳи нав ворид шавад. Агар дил аз кина пок нашавад, ҷашн танҳо шакл мемонад. Агар ботин таҷдид нашавад, нав шудани сана ҳанӯз нав шудани инсон нест. Аз ин рӯ, суннати оштӣ дар Наврӯз яке аз таҷассумҳои амиқи ахлоқии ҷашн аст.

Дар бисёр минтақаҳо Наврӯз бо суруду мусиқӣ, рақсу бозиҳои мардумӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ, пухтани таомҳои махсус ва базмҳои маҳаллӣ ҳамроҳ мешавад. Ҳамаи ин унсурҳо, аз як сӯ шодмониро ба вуҷуд меоранд, аз сӯйи дигар, захираи хотираи дастаҷамъиро зинда нигоҳ медоранд. Вақте ки наврас бозии суннатӣ мебинад, суруди меросиро мешунавад ё дар пухтани таоми наврӯзӣ иштирок мекунад, ӯ на танҳо фароғат мекунад, балки ба занҷираи мероси фарҳангӣ мепайвандад.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар муҳитҳои гуногуни Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамреша Наврӯз бо чеҳраҳои хоси маҳаллӣ таҷассум меёбад. Дар Бадахшон Наврӯз маънои «таваллуди дубораи зиндагӣ»-ро дорад, зеро зимистони тӯлонӣ ва сахтии иқлим омадани баҳорро ба рӯйдоди амиқи маънавӣ табдил медиҳанд. Дар он ҷо, дар канори оинҳои умумимиллӣ, унсури тааммул, шукргузорӣ ва оромии ботинӣ низ неруманд аст. Ин мисол нишон медиҳад, ки Наврӯз як чаҳорчӯби воҳид дорад, аммо дар ҳар муҳит бо рангу бӯйи худ таҷассум меёбад.

Ҳамин гуногунрангӣ нишонаи заъфи ҷашн нест, балки қуввати он аст. Ҷашне, ки метавонад дар минтақаҳои гуногун бо ҳифзи ҳастаи маънавии худ шаклҳои маҳаллии тоза бигирад, ҷашни зинда аст. Наврӯз дар айни ягонагӣ аз гуногунӣ неру мегирад. Он ба як забон маҳдуд нест, аммо дар ҳар забон маъно дорад; ба як дастархон маҳдуд нест, аммо дар ҳар хона аз нав зоҳир мешавад; ба як расм маҳдуд нест, аммо дар ҳамаи таҷаллиҳояш паёми умумии эҳё, меҳр ва сабзишро ҳифз мекунад.

Аз ҳамин рӯ, оинҳо ва суннатҳои Наврӯзро набояд танҳо «расмҳо» номид. Онҳо воситаи зинда нигоҳ доштани ахлоқ, зебоӣ, ҳувият, ҳамбастагӣ ва таърихи дастаҷамъии миллатанд. Он чӣ дар онҳо ба назар бозӣ, суруд ё ороиш менамояд, дар асл шакли таҷассумёфтаи ҷаҳонбинӣ ва хиради ҳазорсолаҳо мебошад.

V. Тарзу усули омодагӣ ба Наврӯз 

Омодагӣ ба Наврӯз як бахши мустақили фарҳангист. Ҷашн аз як лаҳзаи ногаҳонӣ оғоз намешавад, балки тавассути як силсила амалҳои маънавӣ, маишӣ, иҷтимоӣ ва зебоишиносӣ тадриҷан ба зиндагии мардум ворид мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, омодагӣ ба Наврӯзро метавон мактаби тарбияи ахлоқӣ ва низоми иҷтимоии созандагӣ номид.

Марҳалаи аввал омодагии фазоӣ ва зоҳирӣ мебошад. Дар ин марҳила хона, ҳавлию кӯча, мактаб, боғу гулгашт, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муҳити зиндагӣ тоза ва обод карда мешаванд. Ин амал аз нигоҳи иҷтимоӣ аҳамияти бузург дорад, зеро ҷашн ба воситаи меҳнати дастаҷамъӣ омода мешавад. Одамон бо дастони худ муҳитро барои қабули фасли нав, меҳмони нав ва руҳи нав омода месозанд. Чунин омодагӣ худ тарбияи масъулият, эҳтиром ба муҳити зист ва ҳисси соҳибӣ ба фазои умумиро тақвият медиҳад.

Марҳалаи дувум омодагии иҷтимоӣ аст. Пеш аз ҷашн одамон бо хешу ҳамсоя, дӯстон ва наздикон робита барқарор мекунанд, паёму пайғомҳо медиҳанд, нақшаи дидорбинӣ мекашанд, дар баъзе мавридҳо кинаҳои куҳнаро канор мегузоранд ва барои оштӣ замина фароҳам меоранд. Аз нигоҳи фарҳангӣ, ин маънои онро дорад, ки ҷашн, пеш аз ҳама, дар муносибатҳои байни одамон сохта мешавад. Агар ҷомеа ба Наврӯз бо кудурат, парешонӣ ва бетафовутӣ ворид шавад, руҳи ҷашн суст мегардад. Бинобар ин, омодагии иҷтимоӣ қисмати ҳатмии омодагии наврӯзист.

Марҳалаи севум омодагии ботинӣ ва ахлоқӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин сатҳ Наврӯз аз ид ба мактаб табдил меёбад. Инсон аз худ мепурсад: оё ман танҳо хонаамро тоза кардам, ё диламро ҳам? Оё ман танҳо либоси нав омода намудам, ё андешаи нав ҳам барои зиндагӣ ба вуҷуд овардам? Оё ман танҳо барои меҳмонон хӯрок тайёр кардам, ё барои муҳити меҳрубон ва сухани пок низ худро омода сохтам? Ин гуна пурсишҳо дар худи фарҳанги Наврӯз ҷой доранд. Вақти нав инсонро ҳам ба нав андешидан, нав эҳсос кардан ва нав сохтан даъват мекунад.

Марҳалаи чаҳорум омодагии зебоишиносӣ аст. Дар рӯзҳои пеш аз Наврӯз либосҳои тоза омода мешаванд, дастархон ороста мегардад, сабза сабзонда мешавад, хонаҳо бо гулу ниҳол ва ашёи дилкаш зинат меёбанд. Ин ҷиҳат нишон медиҳад, ки зебоӣ дар фарҳанги мо қисми муҳими маънавиёт аст. Инсон ба рӯзи нав бо чизи зебо ва шукӯҳманд ворид мешавад, зеро зебоӣ низ воситаи тарбияи руҳ аст.

Марҳалаи панҷум омодагии меҳнатӣ ва иқтисодӣ мебошад. Аз қадим Наврӯз ба оғози кори нав ва фасли кишт иртибот дошт. Бинобар ин, омодагӣ ба Наврӯз ҳамеша маънии омодагӣ ба меҳнат ва созандагиро низ дошт. Дар ҷомеаи кишоварзӣ ин омодагӣ ба замин, тухм, об, асбоб ва нақшаи кори баҳорӣ бастагӣ дошт. Имрӯз ҳам ҳамин ҷиҳат маънии худро аз даст надодааст, ҷашн бояд одамонро ба кор, ба тозагӣ, ба созандагӣ ва ба ободонӣ ҳидоят кунад.

Марҳалаи шашум омодагии фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Дар сатҳи маҳал, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳо, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, мусобиқаҳо, базмҳо, конфронсҳо ва маҳфилҳои адабӣ низ шакли махсуси омодагӣ ба Наврӯз аст. Ин омодагӣ ба ҷашн танҳо рӯйдоди якрӯза набуданашро нишон медиҳад. Он тадриҷан фазои ҷамъиятиро ба руҳи ҷашн ворид мекунад ва ҷомеаро ба шинохти амиқтари арзишҳои он наздик месозад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ омодагӣ ба Наврӯз боз як ҷиҳати нав касб кард: ҷиҳати давлатию миллӣ. Акнун омодагиҳо на танҳо маишӣ ва мардумӣ, балки сиёсати фарҳангӣ низ ҳастанд. Ободонии маҳалҳо, эҳёи суннатҳо, намоиши таомҳо ва ҳунарҳо, баргузории чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ ҳама ба он равона шудаанд, ки ҷашн ба омили фаъоли худшиносӣ ва муаррифии фарҳанг табдил ёбад. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки омодагӣ ба Наврӯз имрӯз дар як вақт ҳам кори хона, ҳам кори ҷомеа ва ҳам кори давлат аст. 

VI. Арзишҳои фалсафию ахлоқии Наврӯз

Дар паси ҳама ҷузъиёти зоҳирии Наврӯз, чун дастархон, суруд, бозӣ, меҳмоннавозӣ ва шукуфтан низоми амиқи арзишҳои фалсафию ахлоқӣ нуҳуфтааст. Агар ин ҷашн дар тӯли ҳазорсолаҳо зинда мондааст, сабаб танҳо дар қудрати маънавии он аст. Наврӯз танҳо ҷашни омадани баҳор набуда, ҷашни эҳёи хотираи таърихӣ, бозгашти инсон ба асли худ ва равшан шудани виҷдони фарҳангии миллат мебошад.

Арзиши аввал арзиши эҳё ва умед аст. Ҳамаи фалсафаи Наврӯз бар як ҳақиқати бениҳоят содаву ҳамзамон амиқ устувор аст. Пас аз сармо баҳор меояд. Ин маънӣ танҳо мушоҳидаи табиат набуда, дарси зиндагист. Наврӯз ба инсон мегӯяд, ки торикӣ абадӣ нест, фурӯбастагӣ абадӣ нест, хастагӣ абадӣ нест. Дар паси ҳар зимистон имкони шукуфтан вуҷуд дорад. Дар замоне, ки ҷаҳони имрӯз аз ҷанг, бетаҳаммулӣ, ноумедӣ ва изтироб ранҷ мебарад, ҳамин фалсафаи умед аҳамияти истисноӣ касб мекунад.

Арзиши дувум арзиши эътидол ва мувозинат аст. Эътидоли баҳорӣ дар фарҳанги наврӯзӣ танҳо ҳодисаи осмонӣ набуда, намунаи ахлоқист. Вақте ки шабу рӯз ба мувозинат мерасанд, инсон низ ба зиндагии муътадил, ба меъёр, ба адолат ва ба худдорӣ даъват мешавад. Дар асри имрӯз, ки аз як сӯ таассуб, аз сӯйи дигар бетафовутӣ, аз як тараф истеъмоли ифротӣ ва аз тарафи дигар, буҳрони маънавӣ ҳукмфармост, паёми эътидоли Наврӯз бисёр арзишманд мебошад.

Арзиши севум покӣ ва тозагист. Наврӯз ба тозагии дил, покии ният, дур кардани кина ва тайёрии ботинӣ низ даъват мекунад. Вақте ки хона тоза мешавад, ин рамзи он аст, ки инсон бояд фазои ботинии худро низ аз ғубори кудурат ва аз бори нолозим пок намояд. Ҷашне, ки бо бахшиш, рӯ ба рӯ шудан бо дигарон ва оштӣ ҳамроҳ аст, дар асл ба ахлоқи покизагӣ хидмат мекунад.

Арзиши чаҳорум меҳр ва ҳамбастагӣ аст. Наврӯз ҷашни танҳоӣ набуда, ҷашни ҷамъу ҷамъият аст. Дар он хонаҳо ба рӯйи меҳмонон боз мешаванд, пирон иззат меёбанд, кӯдакон шодӣ мекунанд, ҳамсояҳо ба ёди якдигар меоянд. Ҷашн бо ҳамин амалҳо нишон медиҳад, ки ҳаёти солим дар танҳоию бегонагӣ сохта намешавад. Зиндагии инсон танҳо ҳангоми мавҷуд будани меҳрубонӣ, эҳтиром, ҳамкорӣ ва эътирофи арзиши дигарон маънои комил пайдо мекунад.

Арзиши панҷум худшиносӣ ва хотираи таърихист. Наврӯз оинаи ҳувиятсоз ва матни зиндаи тамаддун аст. Ҷашн ба инсон ва миллат хотиррасон мекунад, ки онҳо аз куҷо омадаанд, бо кадом рамзҳо зиндаанд ва чӣ гуна метавонанд дар ҷаҳони пуртағйири имрӯз чеҳраи худро ҳифз намоянд. Миллате, ки Наврӯзро бо маънӣ таҷлил мекунад, дар асл ҳофизаи таърихии худро аз нав фаъол месозад.

Арзиши шашум эҳтиром ба табиат ва экология аст. Наврӯз дар умқи худ ба инсон мефаҳмонад, ки ӯ аз табиат ҷудо нест. Сол аз лавҳаи тақвим оғоз намешавад, балки аз нафаси замин ва аз гардиши осмон сар мешавад. Дар шароите, ки инсони муосир муҳити зистро осебпазир кардааст, об камёб мешавад, замин зери фишори беандоза қарор мегирад ва муносибати истеъмолгарона бо табиат буҳронҳоро меафзояд, Наврӯз ба эҳтироми об, замин, сабзиш ва мувозинати муҳит даъват мекунад.

Арзиши ҳафтум масъулият ва созандагист. Наврӯз танҳо аз эҳсоси хуб сухан намегӯяд, ӯ ба амал даъват мекунад. Тозагӣ бе меҳнат, ободӣ бе кор, сабза бе кишт ва шукуфоӣ бе масъулият ба вуҷуд намеояд. Аз ҳамин сабаб, ҷашн бо меҳнат, кишт, ниҳолшинонӣ, ободонӣ ва барномарезӣ ба оянда пайванд дорад.

Арзиши ҳаштум пайванди гузашта, имрӯз ва фардост. Наврӯз ба гузашта бастагӣ дорад, вале дар гузашта намемонад. Он ҳамчун рамзи таҷдид дар ҳар насл маънои нав мегирад. Ҳамин қобилияти пайвастани хотира ва оянда ӯро ба ҷашни воқеан зинда табдил медиҳад. Ҷашне, ки фақат гузаштаро ситоиш мекунад, тадриҷан ба ёдгории хомӯш табдил мешавад, аммо Наврӯз, баръакс, ҳар сол меояд, то имрӯзро маънӣ диҳад ва фардоро бо умед пур кунад.

Ҳамин тавр, арзишҳои фалсафию ахлоқии Наврӯз онро аз як маросими мавсимӣ ба як мактаби маънавӣ табдил медиҳанд. Он инсонро ба умед, эътидол, покӣ, меҳр, худшиносӣ, эҳтироми табиат, масъулият ва таҷдиди пайваста фаро мехонад. Бинобар ин, шинохти Наврӯз, пеш аз ҳама, шинохти маънои ботинии ӯст.

VII. Наврӯз дар замони соҳибистиқлолӣ

Соҳибистиқлолӣ барои ҷомеаи тоҷик фурсате буд, ки арзишҳои деринаи хешро аз нав бо шуури фаъолу огоҳона дар маркази ҳаёти ҷамъиятӣ қарор диҳад. Пеш аз ин ҳам Наврӯз дар хотираи мардум зинда буд, аммо на ҳамеша тамоми паҳлуҳои таърихӣ, миллӣ ва давлатсозонаи он имкони зуҳури пурра доштанд. Дар айёми Истиқлол ин монеаҳо тадриҷан бартараф шуданд ва ҷашн дубора ҳамчун яке аз сутунҳои маънавии давлат муаррифӣ гардид. Аз ҳамин лиҳоз, эҳёи Наврӯз бояд ҳамчун раванди худшиносии миллӣ ва бозсозии фазои маънавии ҷомеа фаҳмида шавад.

Наврӯз дар давраи Истиқлол ба чанд вазифаи муҳими миллӣ хидмат кард. Аввалан, он ба муттаҳид сохтани ҷомеа мусоидат намуд. Ҷашне, ки аз қишр, минтақа ва гурӯҳҳои гуногун болотар меистад ва барои ҳамаи мардум маънии муштарак дорад, ба василаи ваҳдат табдил меёбад. Дуюм, он хотираи таърихиро фаъол сохт, мардум дубора ба сарчашмаҳои бостонӣ, адабиёти классикӣ, оинҳо ва рамзҳои аҷдодӣ рӯ оварданд. Севум, он ба муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои тамаддуни куҳан ва фарҳанги зинда хидмат кард. Аз ҳамин ҷо Наврӯз ҳам омили худшиносӣ ва ҳам унсури дипломатияи фарҳангӣ гардид.

Дар давраи Истиқлол таҷлили Наврӯз миқёси нав касб намуд. Вай акнун дар сатҳи деҳа, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ бо шукӯҳи бештар баргузор мегардад, барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, ҷаласаҳои илмӣ, маҳфилҳои адабӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ташаббусҳои ободонӣ ба он пайванд ёфтанд. Ин ҳама нишон медод, ки ҷашн ба бахши фаъоли ҳаёти давлат табдил ёфтааст. Дар ин раванд Наврӯз на танҳо бозмондаи гузашта, балки воситаи ташаккули шаҳрвандӣ ва тарбияи зебоишинохтии ҷомеа низ шуд.

Ҷиҳати дигар он аст, ки дар айёми Истиқлол Наврӯз дар қатори дигар ҷашнҳои куҳан – Сада, Тиргон ва Меҳргон ҳамчун пояи ҳувият ва асолати тоҷикон бештар матраҳ гардид. Ин таъкид баёнгари он аст, ки эҳёи Наврӯз дар асл ҷузъи як сиёсати фарохтари эҳёи худшиносии таърихӣ буд. Ҷомеае, ки рамзҳои худро аз нав мешиносад, ба худ боварии бештар пайдо мекунад ва дар муносибат бо ҷаҳони берун бо чеҳраи равшантар ворид мешавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷашн бо ободонӣ ва созандагӣ низ сахт пайванд ёфт. Ташаббусҳои покизасозии маҳал, ниҳолшинонӣ, ороиши шаҳру деҳа, бунёди иншооти нав ва фурсатҳои умумимиллӣ барои кори дастаҷамъӣ ба руҳи Наврӯз мутобиқ гардиданд. Бо ин роҳ ҷашн на танҳо хотираро, балки амалро низ ҳидоят мекард. Он ба ҷомеа мефаҳмонд, ки эҳтироми гузашта бояд дар созандагии имрӯз таҷассум ёбад.

Ҳамин тавр, Наврӯз дар давраи соҳибистиқлолӣ аз доираи ҷашни суннатӣ хеле фаротар рафт. Он ба рамзи давлатдорӣ, ба сутуни худшиносии миллӣ, ба воситаи тарбияи шаҳрвандӣ, ба майдони эҳёи ҳунару суннат ва ба абзори муаррифии фарҳанги тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин замина метавон гуфт, ки Истиқлол барои Наврӯз танҳо шароити таҷлил фароҳам наовард, балки маънии давлативу тамаддунии онро бо қувваи нав равшан сохт.

VIII. Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва ҷаҳонишавии Наврӯз

Дар таҳкими ҷойгоҳи Наврӯз дар замони муосири Тоҷикистон нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ мешавад. Дар давраи Истиқлол Наврӯз аз сатҳи ҷашни маҳаллӣ ё танҳо мардумӣ ба сатҳи рамзи давлатӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ боло рафт ва ин болоравӣ худ ба худ ба вуҷуд наомад, балки ба сиёсате такя кард, ки эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва муаррифии арзишҳои куҳани тоҷиконро ҳадафи худ қарор дода буд.

Нақши Пешвои миллат дар ин раванд, пеш аз ҳама, дар сатҳи маънавӣ ва тафсирӣ зоҳир шуд. Дар паёмҳо, суханрониҳо, мулоқотҳои наврӯзӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ Наврӯз фақат ҳамчун ҷашни фаслӣ муаррифӣ нашуд, балки ҳамчун ҷашни ваҳдат, сулҳ, меҳр, кор, ободонӣ ва худшиносӣ шарҳ дода шуд. Ин навъи шарҳдиҳӣ бисёр муҳим аст, зеро ҷашнҳоро танҳо бо таҷлил зинда нигоҳ доштан кофӣ нест, онҳоро бояд бо маъно пур кард. Вақте ки Роҳбари давлат рамзеро ба забони давлат ва сатҳи андешаи миллӣ мебароранд, он рамз ба бахши фаъоли худогоҳии ҷомеа табдил меёбад.

Дар суханрониҳои Сарвари давлат Наврӯз борҳо ҳамчун ҷузъи мероси тамаддунӣ ва далели асолати тоҷикон таъбир ёфтааст. Мувофиқи яке аз таъкидҳои маъруф, Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон асоси ҳувият ва асолати тоҷикон мебошанд. Ин сухан формулаи давлатдории фарҳангӣ аст. Ба воситаи ҳамин навъи сухан ҷомеа мефаҳмад, ки ҷашнҳо қисмати пояҳои мавҷудияти миллӣ ва роҳнамои оянда низ ҳастанд.

Нақши Пешвои миллат ҳамчунин дар сатҳи сиёсати амалӣ ва ташкилӣ равшан аст. Дар айёми Истиқлол Наврӯз бо дастгирии давлатӣ ба ҷашни фарогир ва муаррифии васеи миллӣ табдил ёфт. Баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, эҳёи суннатҳо, пуштибонии ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими ҷойгоҳи Наврӯз дар тақвими фарҳангии ҷумҳурӣ ва пайвастани он бо ташаббусҳои ободонӣ ва ҳамбастагӣ ҳама дар заминаи ҳамин сиёсат сурат гирифт. Бо ин роҳ ҷашн аз фақат таҷлили мардумӣ ба унсури фарҳангсоз ва давлатсоз мубаддал шуд.

Бояд гуфт, ки ин сиёсат танҳо ба дохили ҷумҳурӣ маҳдуд намонд. Наврӯз дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол воситаи гуфтугӯ бо ҷаҳон низ гардид. Ҷашне, ки реша дар тамаддуни куҳан дорад, имрӯз метавонад забони муоширати фарҳангӣ байни халқҳо гардад. Пешбурди чунин дидгоҳ ба ҷаҳонишавии шоистаи Наврӯз мусоидат намуд. Дар ин замина, нақши Президенти мамлакатро метавон аз се ҷиҳат арзёбӣ кард. Аввал, эҳёгарона: ҷашн ба сатҳи рамзи миллӣ бароварда шуд. Дувум, тафсиргарона: маънии ахлоқӣ, башардӯстона ва давлатсозонаи он равшан гардид. Севум, муаррифигарона: Наврӯз аз ҳудуди маҳаллӣ ба арсаи байналмилалӣ бароварда шуд. Ҳамин се ҷанба дар якҷоягӣ сиёсати фарҳангиро ба раванди муассири эҳёи хотираи миллӣ табдил доданд.

Яке аз дастовардҳои муҳими ин раванд он аст, ки Наврӯз дар гуфтори расмӣ ва давлатӣ ба унвони меҳвари маънавӣ зоҳир мешавад. Суханрониҳои расмӣ дар бораи Наврӯз ҳуҷҷатҳои замони эҳёи фарҳанги миллӣ мебошанд. Бо ҳамин, сухани давлатӣ дар бораи Наврӯз як навъ матни худшиносии миллӣ мегардад.

Ниҳоят, нақши Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Наврӯзро бояд ҳамчун ҷузъи дипломатияи сулҳ ва фарҳанг низ арзёбӣ кард. Дар ҷаҳоне, ки бештар бо рақобат, зиддият ва бархӯрдҳои сиёсӣ маъруф мешавад, муаррифии як ҷашни башардӯстона, табиатдӯстона ва сулҳпарвар худ иқдоми муҳими фарҳангист. Наврӯз дар чунин сиёсат ба забони нарми муаррифии Тоҷикистон табдил ёфта, симои мамлакатро ҳамчун сарзамини тамаддун, ҳикмат ва мероси зинда ба ҷаҳон нишон медиҳад.

Пас, нақши Пешвои муаззами миллат дар эҳё ва ҷаҳонишавии Наврӯзро метавон нақши созанда, маънодеҳ ва муаррифигарона донист. Ин нақш ба он мусоидат намуд, ки Наврӯз аз хотираи парешон ба шуури марказӣ, аз ҷашни мардумӣ ба рамзи давлатӣ ва аз арзиши миллӣ ба мероси умумибашарӣ табдил ёбад.

IX. Наврӯз барои имрӯзиён ва насли муосир

Саволи бисёр муҳим ин аст: Наврӯз имрӯз барои инсони муосир чӣ маъно дорад? Оё он танҳо анъанаи зебои меросист, ки бояд ба хотири гузашта эҳтиром карда шавад, ё воқеан метавонад дар ҳаёти имрӯзии инсон нақши фаъол бозад? Посух, ба назари мо, дар он аст, ки Наврӯз имрӯз аз ҳар вақти дигар бештар зарур аст. Зеро инсони муосир, сарфи назар аз имкониятҳои фаровони техникӣ, ба буҳрони маънӣ, ба танҳоӣ, ба шитоби фарсоянда ва ба гум кардани робитаи амиқ бо табиат ва ҷомеа рӯ ба рӯ шудааст.

Наврӯз барои инсони муосир ёдраси ҳувият аст. Дар ҷаҳони глобалӣ яксонсозӣ, тақлиди кӯркӯрона ва фурӯ пошидани арзишҳои маҳаллӣ осон аст. Аммо инсон бе тааллуқ ором намегирад. Наврӯз ба ӯ эҳсоси тааллуқ медиҳад: ба хона, ба оила, ба маҳалла, ба таърих, ба миллат ва ба тамаддуне, ки аз гузашта ба ӯ расидааст. Дар ҳамин ҷо ҷашн ба василаи ҳифзи асолат табдил меёбад. Инсон мефаҳмад, ки метавонад ҳам муосир бошад ва ҳам решадор; ҳам ба ҷаҳон боз бошад ва ҳам аз худ бегона нашавад.

Барои ҷомеаи имрӯз Наврӯз василаи барқарор кардани робитаҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар асре, ки муносибатҳо бисёр вақт рақамӣ ва сатҳӣ мешаванд, дидорбинӣ, суҳбати рӯ ба рӯ, эҳтироми пирон ва меҳрубонӣ ба ҳамсоя арзиши махсус пайдо мекунад. Наврӯз ба ин маъно барномаи иҷтимоии гарм кардани муносибатҳост. Он ба ҷомеа меомӯзонад, ки муоширати зинда, табассум, салом, аёдат ва эҳтироми мутақобил ҳанӯз ҳам пояҳои зиндагии солиманд.

Барои инсони имрӯз Наврӯз боз як дарси дигар низ дорад: дарси зиндагии мувофиқ бо табиат. Инсон ҳар қадар пешрафта шавад, аз қонуни замин ва осмон берун рафта наметавонад. Наврӯз ба ӯ ёдрас мекунад, ки асли тақвим дар нафаси табиат аст, на танҳо дар экран ва дастгоҳ. Ин дарс барои ҷомеаи истеъмолгаро, ки бисёр вақт худро аз табиат ҷудо ҳис мекунад, дорои қимати калон мебошад. Ҷашн як навъ бозгашт ба ритми аслии зиндагист. 

X. Наврӯз барои инсоният дар ҷаҳони пурбуҳрони имрӯз

Ҷаҳон имрӯз ба яке аз пуртазодтарин ва пурбуҳронтарин марҳилаҳои таърихи худ расидааст. Ҷангҳо, нооромиҳо, буҳронҳои геосиёсӣ, болоравии таҳаммулнопазирӣ, афзоиши нобаробарӣ, таҳдидҳои экологӣ, заъфи меъёрҳои ахлоқӣ ва бегонагии инсон аз худ ва аз дигарон фазои маънавии замони моро печидаву ноустувор гардонидаанд. Дар чунин шароит ҳар гуна арзиши фарҳангӣ, ки метавонад сулҳ, эътидол, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба зиндагиро тақвият диҳад, аҳамияти глобалӣ пайдо мекунад. Наврӯз маҳз аз ҳамин гуна арзишҳост.

Аввалин паёми умумибашарии Наврӯз паёми сулҳ аст. Ҷашне, ки дар пояи он оштӣ, дидорбинӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми мутақобил меистад, бар хилофи мантиқи душмансозӣ амал мекунад. Наврӯз одамонро ба рақобати харобкорона даъват намекунад. Ӯ онҳоро ба боз шудани дарҳо, ба мулоқот, ба табрик, ба эҳтиром ва ба ҳамкорӣ мехонад. Дар ҷаҳоне, ки бисёр вақт ҳатто забони сиёсат ба забони бархӯрд табдил меёбад, паёми Наврӯз ҳамчун фарҳанги нарм, вале амиқ, хеле арзишманд аст.

Паёми дувум паёми эътидол ва тавозун аст. Имрӯз ҷаҳон аз ифротҳо ранҷ мебарад: ифроти сиёсат, ифроти истеъмол, ифроти технология, ифроти иттилоот ва ҳатто ифроти худхоҳӣ. Наврӯз, ки аз эътидоли баҳорӣ неру мегирад, ба инсоният нишон медиҳад, ки ҳаёти устувор танҳо дар ҳолати мувозинат имконпазир аст. Чӣ дар муносибат бо табиат, чӣ дар муносибат бо ҷомеа ва чӣ дар танзими орзуҳо ва имкониятҳои шахсӣ, меъёр ва эътидол заруранд. Наврӯз ба ҳамин меъёр руҳи тамаддун мебахшад.

Паёми севум эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангист. Ҷаҳонишавӣ метавонад имкони муоширати бештар диҳад, аммо ҳамзамон хатари яксонсозии фарҳангиро низ ба миён меорад. Наврӯз нишон медиҳад, ки як арзиши фарҳангӣ метавонад ҳам миллӣ бошад ва ҳам умумибашарӣ. Он ба як сарзамин реша дорад, аммо ба халқҳои гуногун паёми муштарак мерасонад. Ин намунаи хуби он аст, ки чӣ гуна фарҳангҳо метавонанд бидуни аз даст додани асолати худ ба гуфтугӯи ҷаҳонӣ ворид шаванд.

Паёми чаҳорум муносибати масъулона бо табиат аст. Инсоният имрӯз бо буҳрони экологӣ рӯ ба рӯст. Дар чунин вазъ Наврӯз ба таври рамзӣ ва амалӣ инсонро ба қадрдонии об, замин, сабзиш ва мувозинати муҳит даъват мекунад. Ин ҷашн ба мо ёдовар мешавад, ки мо меҳмони табиат нестем, балки қисми онем. Агар ин дарк қавӣ гардад, муносибати одам ба муҳити зист низ ахлоқӣ ва масъулона мешавад.

Паёми панҷум умеди фаъол аст. Ҷаҳони имрӯз аз ноумедӣ ва эҳсоси нотавонӣ низ ранҷ мебарад. Аммо Наврӯз намегӯяд, ки ҳама чиз худ аз худ хуб мешавад. Он нишон медиҳад, ки баъд аз зимистон баҳор меояд, аммо барои баҳор омодагӣ, кишт, меҳнат ва интизорӣ низ зарур аст. Яъне умеди наврӯзӣ умеди фаъол ва масъул аст. Инсон бояд барои эҳёи хеш ва барои беҳбудии ҷомеа саҳм бигирад.

Паёми шашум ҳифзи инсонӣ дар асри технология аст. Асри рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имкониятҳои нав меофаранд, аммо ҳамзамон хатари рақамӣ шудани эҳсос, виҷдон ва хотира низ вуҷуд дорад. Наврӯз дар ин замина ба инсон ёдрас мекунад, ки ӯ танҳо истифодабарандаи шабака нест. Ӯ фарзанди таърих, вориси фарҳанг ва созандаи оянда аст. Ин паём хусусияти умумибашарӣ дорад, зеро имрӯз тамоми ҷомеаҳо аз масъалаи ҳифзи инсонӣ ва маънавият дар шароити технологизатсияи ҳаёт нигаронанд.

Аз ҳамин рӯ, Наврӯз барои инсоният мактаби сулҳ, эътидол, гуногунрангӣ, эҳтиром ба табиат, умеди фаъол ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ мебошад. Маҳз ҳамин ҷиҳатҳояанд, ки ба ҷашн қобилияти ҷаҳонишавии шоиста медиҳанд. Ҷаҳони имрӯз ба чунин рамзҳои созанда ниёз дорад, зеро бе онҳо техникии пешрафта ҳам наметавонад буҳронҳои маънавиро ҳал кунад.

Наврӯз ба инсоният посухи содаву равшан, аммо амиқ медиҳад: зиндагӣ бояд ба тарафи эҳё равад, на вайронӣ; ба тарафи оштӣ равад, на душманӣ; ба тарафи мувозинат равад, на ифрот; ба тарафи маъно равад, на холигӣ. Агар ҳамин паём дар сатҳи ҷаҳонӣ хонда шавад, Наврӯз метавонад на танҳо мероси фарҳангӣ, балки яке аз рамзҳои ахлоқии замони мо низ гардад. 

Хулоса

Метавон бо итминон гуфт, ки Наврӯз яке аз бузургтарин падидаҳои фарҳангӣ ва маънавии тамаддуни мо ва дар маҷмуъ тамаддуни башар мебошад. Он аз як рӯзи тақвимӣ, ҷашни мавсимӣ ва анъанаи хонаводагӣ хеле фаротар меравад. Наврӯз низоми пурраи маъност: дар он таърих, кайҳон, табиат, меҳнат, ахлоқ, хотира, давлатдорӣ ва башардӯстӣ ба ҳам меоянд. Аз ҳамин сабаб, шинохти он зарурати худшиносии ҷомеа аст.

Таҳлил нишон дод, ки Наврӯз пояҳои амиқи таърихӣ, астрономӣ ва рамзӣ дорад; бар се сутуни кайҳонӣ, иҷтимоӣ ва устуравӣ устувор аст; дар тӯли таърих марҳилаҳои гуногунро паси сар карда, вале ҳастаи маънавии худро ҳифз намудааст; дар оинҳо ва суннатҳои мардумӣ ба шакли зиндаи ахлоқи покӣ, меҳр, оштӣ ва эҳё таҷассум ёфтааст ва дар замони соҳибистиқлолӣ ба рамзи худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ табдил гардидааст.

Барои инсони муосир Наврӯз имкони бозгашт ба маъно, ба оромиши ботин, ба робитаи зинда бо дигарон ва бо табиатро фароҳам меорад. Барои насли ҷавон ӯ мактаби хондани рамзҳо ва эҳсоси тааллуқ аст. Барои миллат ӯ сутуни худшиносӣ ва хотираи таърихист. Барои инсоният ӯ паёми сулҳ, эътидол, таҷдид, эҳтироми гуногунӣ ва масъулияти экологист. Дар ҷаҳони пурбуҳрони имрӯз ин паёмҳо на танҳо зебо, балки ҳаётан муҳиманд. Аз ҳамин лиҳоз, Наврӯзро бояд ҳамеша дубора хонд ва дубора фаҳмид. Ҳар насл аз ӯ саволи худро мепурсад ва аз ӯ ҷавоби мувофиқ ба замони худро меҷӯяд. Қуввати ҷовидонаи Наврӯз маҳз дар ҳамин аст. Ӯ ба замонҳо пир намешавад, зеро дар ҳар замон маънии тоза мегирад. Агар мо Наврӯзро танҳо ҷашни баҳор набинем, балки онро ҳамчун китоби зиндаи ҳикмат, мактаби ахлоқ, оинаи ҳувият ва рамзи пояндагии фарҳанг дарк кунем, он гоҳ шинохти мо аз ӯ амиқтар ва ҳифзи мо аз ӯ масъулонатар хоҳад шуд.

Пас, «шинохти Наврӯз» дар ниҳояти кор баррасӣ ва шинохти худи инсон аст: шинохти инсон дар нисбати худ ба табиат, ба таърих, ба ҷомеа, ба хотира ва ба оянда. Аз ҳамин ҷиҳат Наврӯз на танҳо аз гузашта ба мо расидааст, балки то вақте инсон ба умед, ба маъно ва ба эҳё ниёз дорад, ба фардо ва фардоҳои дур низ хоҳад расид.

Фарҳод РАҲИМӢ,
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун фазои ваҳдати маънавӣ ва эҳёи арзишҳои инсонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд