Наврӯз ҳамчун фазои ваҳдати маънавӣ ва эҳёи арзишҳои инсонӣ

Март 19, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз дар тафаккури фарҳангии тоҷикон танҳо як ҷашни мавсимӣ нест, балки низоми мукаммали маънавию иҷтимоист, ки дар тӯли таърих вазифаи танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятиро иҷро намудааст. Дар суханрониҳо ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун падидаи фарогири маънавӣ, омили сарҷамъии ҷомеа ва василаи таҳкими худшиносии миллӣ тафсир мегардад. Маҳз тавассути андешаҳои созандаи ӯ метавон моҳияти амиқи фалсафии ин ҷашни бостониро дарк кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид менамоянд: “Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзу ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад”.

Ин таъбир Наврӯзро аз доираи ҷашни суннатӣ берун бурда, ба сатҳи мафҳуми таҷдиди маънавӣ мерасонад. Агар оғози солро ҳамчун рамзи давраи нави таърихӣ қабул намоем, пас оғози зиндагии тоза ба маънои таҷдиди шуури инсон ва ислоҳи муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар ин замина Наврӯз механизми рамзии гузар аз ҳолати кӯҳна ба марҳилаи нав буда, инсонро ба худтакмилдиҳӣ ва ҷомеаро ба ҳамгироӣ ҳидоят мекунад.

Дар идомаи ҳамин андеша Пешвои миллат мефармоянд, ки “Наврӯз бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад”.

Аз нигоҳи ҷомеашиносӣ, ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз дорои функсияи ахлоқии танзимкунанда аст. Ҷомеа тавассути ин ҷашн арзишҳои муҳимми инсониро аз нав фаъол месозад. Маҳз ҳамин таҷдиди арзишҳо фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмиро таҳким бахшида, барои суботи иҷтимоӣ замина фароҳам меорад.

Андешаи дигари муҳимме, ки дар суханони Пешвои миллат таҷассум ёфтааст, ба рисолати тамаддунсозии миллати тоҷик иртибот дорад. Ӯ бо ифтихор изҳор менамоянд: “Мо ҳоло аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои дунё  дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак!” табрик менамоянд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст”. Ин иқтибос Наврӯзро ҳамчун василаи интиқоли арзишҳои фарҳангӣ ба сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Яъне, Наврӯз танҳо мероси миллӣ нест, балки унсури фаъоли муоширати фарҳангҳо мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳлили таърихии худ таъкид менамоянд, ки Наврӯз “қадимтарин иди миллӣ ва муборактарин суннати аҷдодии мо буда, дар миёни қавми ориёӣ чун ҷашни хосаи деҳқонону кишоварзон пос дошта мешуд”. Ин таъкид ба решаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Наврӯз ишора мекунад. Ҷашн аз муҳити истеҳсолӣ ва ҳаёти заминдорӣ сарчашма гирифта, бо давраи кишту кор ва эҳёи табиат пайванд дорад. Дар ин ҷо Наврӯз ҳамчун таҷассуми ҳамоҳангии инсон ва табиат зоҳир мегардад. Ин ҳамоҳангӣ, ки бар пояи меҳнат ва эҳтиром ба замин бунёд ёфтааст, пояи ахлоқи экологӣ ва фарҳанги ободгариро ташкил медиҳад.

Масъалаи покизагӣ ва навсозӣ, ки Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон  бо тафсил шарҳ медиҳанд, дорои мазмуни амиқи рамзӣ мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Онҳо аз рӯйи расми қадима хонаҳоро сафед мекунанд, то бахти сафед ҳамеша ёрашон бошад; дастархон меороянд, то файзу баракат аз хонаҳояшон канда нашавад; гул мегардонанд, то гули бахташон шукуфон бимонад; об мепошанд, то ҳама сол сероб гарданд; донаи умед мекоранд, то файзи хирману баракати ҳосил дучанд афзояд”. Ин ойинҳо на танҳо амалҳои маишӣ, балки шакли таҷдиди фазои маънавӣ мебошанд. Поксозии хона рамзи поксозии дил, коштани дона рамзи умед ба оянда ва обпошӣ рамзи ҳаётбахшӣ аст. Дар маҷмуъ, Наврӯз дар ин тафсир ҳамчун низоми рамзҳо амал мекунад, ки ҷомеаро ба сӯйи созандагӣ равона месозад.

Ҷанбаи дигари муҳимми таҳлилӣ дар андешаи Пешвои миллат ба хусусияти инсондӯстонаи Наврӯз иртибот дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро иди озодагон ва саховат номида, таъкид менамоянд, ки мардум дар ин айём “бо меҳру шафқат сӯйи якдигар оғуш мекушоянд, ба айёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд”. Ин гуфтаҳо Наврӯзро ҳамчун мактаби амалии масъулияти иҷтимоӣ муаррифӣ мекунанд. Ҷашн на танҳо эҳсоси шодӣ, балки эҳсоси уҳдадорӣ нисбат ба дигаронро тақвият мебахшад.

Ҳамин тавр, метавон  натиҷагирӣ намуд, ки Наврӯз дар тафаккури сиёсӣ ва фарҳангии муосир на танҳо рамзи баҳор, балки рамзи ваҳдати миллӣ, таҷдиди маънавӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ мебошад. Он сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ ва василаи муҳимми сарҷамъ намудани ҷомеа аст. Дар шароити давлатдории миллӣ Наврӯз ба унвони пояи устувори худшиносӣ ва эҳёи арзишҳои инсонӣ хизмат мекунад. Маҳз дар ҳамин маънӣ Наврӯз метавонад ҳамчун фазои доимии ваҳдати маънавӣ арзёбӣ гардад, ки тавассути он ҷомеа на танҳо гузаштаи худро пос медорад, балки ояндаи худро низ бо ормонҳои созанда бунёд мекунад.

Дилноза АЗИМЗОДА,
мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Март 19, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд