Ба муносибати Рӯзи Модар дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинии идона баргузор гардид

Март 7, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 07.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» хабар доданд.

Дар чорабинӣ иштирокдорон доир ба эҳтирому манзалати зан-модар сухан гуфта, таъкид намуданд, ки мн рӯзи муборак на танҳо рамзи эҳтиром ба модар ва арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва қадру қимати ӯ мебошад, балки нишонаи эътирофи саҳми басо назарраси занон дар пешрафти давлат ва пойдории ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар идома кормандони раёсатҳо ва омӯзгорзанони кафедраҳо бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дар раванди чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорон қиссаҳо, шеъру сурудҳои дилнишин, пандҳои модар ва навозишҳои ширини модар пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

Дар фарҷом аз тарафи дастаи ҳаваскорони «Шифобахш» барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод карда шуд.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»

Март 7, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»