Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид

Март 11, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Матбуоти миллӣ ва фарҳанги иттилоотӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Чорабиниро муовини якуми директори Марказ Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки 11 март аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои Шариф» 114 сол сипарӣ гардид. Маҳз 11 марти соли 1912 ин нашрияи таърихӣ ба табъ расида, ба дасти хонандагон расид ва оғози марҳалаи нави рушди журналистикаи миллӣ гардид. Бо дарназардошти ин рӯйдоди муҳим, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», аз соли 1994 инҷониб 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик расман таҷлил мегардад. Ин сана иди касбии кормандони соҳаи иттилоот, нашрияҳо ва табъу нашр ба ҳисоб меравад.

Иброз гардид, ки дар давоми 35 соли истиқлолияти давлатӣ аҳли журналистика бо қалами худ моҳият ва аҳамияти истиқлолиятро ба ҷомеа шарҳ дода, ҳисси ифтихори ватандориро таҳким бахшиданд. Онҳо ҳамчунин симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таъриху фарҳанги куҳан, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

Дар мизи гирд инчунин дар мавзуъҳои «Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи матбуот: мушкилот ва дурнамо», «Дурнамои рушди матбуот дар замони муосир» ва «Матбуоти тоҷик — омили ташаккули афкори ҷомеа ва таҳкими истиқлолият» маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд воситаҳои ахбори омма яке аз омилҳои муҳими таъсиррасон ба афкори ҷамъиятӣ маҳсуб мешаванд. Озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти мустақили расонаҳо аз шартҳои асосии рушди устувори ҷомеа ба шумор мераванд. Тибқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шахс озодии сухан, нашр ва истифода аз воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст, ки ин меъёри конститутсионӣ далели равшани сиёсати давлат дар самти таъмини муҳити боз ва шаффофи иттилоотӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки давраи истиқлолият барои матбуоти тоҷик марҳалаи нави рушд ва истифодаи техника ва технологияҳои рақамиро фароҳам овард. Имрӯз нашрияҳо ва платформаҳои электронӣ на танҳо манбаи иттилоъ, балки минбари таҳлил, баҳс ва пешниҳоди андешаҳои созанда мебошанд. Ин раванд ҳамзамон масъулияти журналистонро барои пешниҳоди иттилооти дақиқ ва таҳлилӣ афзун мекунад.

Зимни мубодилаи афкор изҳор гардид, ки матбуоти тоҷик дар тӯли зиёда аз як аср роҳи пурмасъулият ва пуршарафро тай намуда, минбаъд низ ҳамчун минбари андеша, воситаи тарғиби арзишҳои миллӣ ва омили муҳими пешрафти ҷомеа хизмат хоҳад кард.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ

Март 11, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш