Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд

Март 8, 2026 10:40

ДАНҒАРА, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Занону бонувон нигини тоҷи миллатанд» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

Иброз гардид, ки имрӯз мо Рӯзи Модарро дар фазои сулҳу оромии Ватани маҳбубамон таҷлил менамоем. Ин рӯз рамзи қадршиносӣ, арҷгузорӣ ва сипоси самимии мо нисбат ба модаронест, ки бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва хиради волои худ ҷомеаро рушд мебахшанд.

Зан — чароғи хонадон, сарчашмаи меҳр ва тарбиятгари насли инсон аст. Модар бо дуои нек, бо қалби пур аз муҳаббат ва бо заҳмати шабонарӯзӣ фарзандро ба камол мерасонад. Бесабаб нест, ки «биҳишт зери қудуми модарон аст» мегӯянд. Зеро модар аввалин омӯзгори инсон, нахустин раҳнамо ва пуштибони ҳамешагии ӯст.

Гуфта шуд, ки имрӯз занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан дар ҷомеа сол ба сол таҳким меёбад. Занони тоҷик ҳамчун неруи созанда дар пешрафти давлат ва таҳкими пояҳои истиқлолият нақши муҳим доранд.

«Ҳамоиш  таҳти унвони «Занону бонувон нигини тоҷи миллатанд» басе пурмаънист. Чунонки нигин тоҷро зебу зинат мебахшад, занон низ ҷомеаро бо ақлу фаросат, одобу ҳунар ва бо фазилати инсонӣ нурборон месозанд. Онҳо на танҳо модар, балки роҳбар, омӯзгор, табиб, олим ва ҳунарманданд. Ҳар дастоварди миллат аз дуои модар ва аз талоши зан сарчашма мегирад»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Март 8, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Дар Сарраёсати Вазорати молия дар Хатлон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»