Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт

Март 10, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» бақайдгирӣ оғоз ёфт. Тибқи иттилои котиботи раванди оби Душанбе, чорабиниҳои марбут ба конфронс давоми чор рӯз- аз 25 то 28 май баргузор мешаванд.

Форумҳо ва чорабиниҳои иловагӣ 25 май, як рӯз пеш аз ифтитоҳи расмии конфронс баргузор мегарданд. Макони баргузории форумҳо аз ҷониби созмондиҳандагон муайян ва баъдтар эълон карда мешавад. Маросими ифтитоҳи Конфронси сатҳи баланд 26-27 май дар Маҷмааи «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Иштирокчиёни конфронс инчунин ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намуда, бо иқтидор ва захираҳои обӣ, таҷрибаи Тоҷикистон дар самти идоракунии устувори захираҳои об ва рушди неругоҳҳои барқи обӣ шинос мешаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Котиботи раванди оби Душанбе

Март 10, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад