Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд

Март 8, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 январи соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 миллиону  720,8 ҳазор нафар расидааст, ки 49,3 фоизаш занон мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муҳим доранд. Онҳо дар соҳаҳои маориф, тиб, кишоварзӣ, саноат ва соҳибкорӣ фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 24 фоизи субъектҳои соҳибкориро ташкил медиҳанд.

Тибқи иттилои Агентии омор, дар соҳаи тандурустӣ 130,0 ҳазор нафар фаъолият менамоянд, ки 70 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Инчунин дар соҳаи маориф 282 ҳазор нафар фаъолият менамоянд, ки 63 фоизашро занон ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар мамлакат шумораи занони соҳибкор афзоиш ёфтааст. Онҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд карда, ҳам ҷойи нави кор фароҳам меоранд ва ҳам дар ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ саҳм мегузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 8, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд