Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад

Март 18, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ояндаи наздик дар Душанбе чорабинии бошукуҳ — Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Баргузории Фестивали саводнокии молиявӣ беҳтарин имконият барои гирифтани маълумоту машваратҳои муфид оид ба идоракунии мақсадноки маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷот ва дигар мавзуъҳои муҳимми молиявӣ мебошад.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали саводнокии молиявӣ таъмини иҷрои «Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ҳамчун истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026 «Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030» тасдиқ карда шуд.

Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ дар рушди низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти босамари он ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявии кишвар нақши муҳим дорад. Дар ин замина, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои молиявӣ ва шарикони рушд силсилаи тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ амалӣ карда мешаванд.

Бо назардошти густариши фарогирии молиявӣ, вусъат ёфтани пардохтҳои ғайринақдӣ ва рушди босуръати хизматрасониҳои молиявии рақамӣ дар кишвар, аҳаммияти саводнокии молиявии шаҳрвандон барои таъмини устувории низоми молиявӣ боз ҳам бештар гардидааст.

Мақсади асосии барнома ташаккули рафтори оқилонаи молиявии шаҳрвандон ҳангоми қабули қарорҳо вобаста ба идоракунии маблағҳои шахсӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳамчун сармоягузор ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути истифодаи маҳсулот ва хизматрасониҳои босифати молиявӣ мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 18, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд