Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон 8 март чун Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба ҷойгоҳи зан-модар дар ҷомеа, масъалаи ҳувияти миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии занону духтарон бо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Рӯзи Модар дар Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳ дорад ва ин ҷашн ба занону духтарон чӣ паём мерасонад?
Бунафша Файзиддинзода: Рӯзи Модар дар сарзамини офтобии мо ҷашни арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан- неруи созанда ва тарбиятгари ҷомеа мебошад. Ин сана рамзи эҳтиром ба модар ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва хирад аст. Давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар ин замина Рӯзи Модар моро водор месозад, ки рисолати зан – модар, тарбиятгар ва нигаҳдорандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ будани худро боз ҳам амиқтар дарк намоем.
АМИТ «Ховар»: Ба назари Шумо мавқеи зан-модари тоҷик дар ҷомеаи муосир чӣ гуна арзёбӣ мегардад ва нақши ӯ дар таҳкими давлатдорӣ ва тарбияи насли наврас аз чӣ иборат аст?
Бунафша Файзиддинзода: Зан-модари тоҷик дар ҷомеаи муосир мавқеи басе муҳим ва муайянкунанда дорад. Ӯ на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки поягузори муҳити солими маънавӣ дар оила ва ҷомеа мебошад. Маҳз аз домони модар инсони худшинос, ватандӯст ва соҳибмаърифат ба камол мерасад. Аз ин рӯ, нақши зан-модар дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва фарҳанги насли наврас ҳалкунанда аст.
Бо сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми зан дар мамлакат сол ба сол таҳким ёфта, барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз ҷумлаи он санадҳои муҳиме мебошад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсус доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳояшон масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳоро ба миён мегузоранд, ки боиси сарафрозии мо, занон аст. Дастгирии соҳибкории занон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо аз масъалаҳое дигаре мебошанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Мақсади ин дастгириҳо, пеш аз ҳама, беҳбуди шароити кору зиндагии занон аст.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз масъалаи арҷ гузоштан ба либоси миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ аз ҷониби занону духтарон дар ҷомеа ба яке аз мавзуъҳои муҳим табдил ёфтааст. Кумитаи кор бо занон ва оила барои тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию ифтихори миллӣ байни занону духтарон кадом корҳоро анҷом медиҳад?
Бунафша Файзиддинзода: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тарғиби либоспӯшии миллӣ ва пешгирии тақлиди фарҳанги бегонаро пайваста мавриди корбарӣ қарор медиҳад. Зеро симои зан-модари тоҷикро либоси миллӣ ҳусн дода, ба зиннати ӯ таровати бештар зам менамояд. Тадбирҷӯиҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар мавриди тарғиби либоси миллӣ тавассути баргузории чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, фестивалҳои ҳамасолаи «Сад ранги чакан», «Ҷилваи рангҳо», Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» аз манфиат холӣ нестанд.
Гуфторе, ки «агар давлату миллатро аз байн бурдан хоҳӣ, бояд аввал аз забону фарҳанги ӯ оғоз кард» ҷаҳони маъниеро доро буда, ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки дар масъалаи ҳифзи забону фарҳанги миллат, хосатан, либоси миллӣ, ки ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ ба шумор меравад, зиракии сиёсиву фарҳангиро аз даст надиҳем.
Имрӯз таъсири омилҳои беруна ба ин масъала зиёд аст, аммо мо набояд фаромӯш кунем, ки пос доштани анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи либоси миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи мо дар назди Ватан аст.
АМИТ «Ховар»: Либоси миллӣ то кадом андоза метавонад ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва арзишҳои таърихии занони тоҷикро муаррифӣ намояд?
Бунафша Файзиддинзода: Ба андешаи ман, либоси миллӣ танҳо барои ба бар кардан нест, он воситаи зиндаи муаррифи миллат, ҳувияти миллӣ, ҷаҳонбинӣ, завқи зебоишиносӣ, эҳтироми таърих ва фарҳанги ниёгон аст. Либоси миллӣ ҳисси шинохти миллӣ, худогоҳӣ, тааллуқ ба фарҳанги аслӣ ва анъанаҳои миллӣ мебошад, ки занон тавассути он на танҳо шахсияти худ, балки ҳувияти миллиро ба дигарон нишон медиҳанд.
Либосҳои суннатии тоҷикӣ, ба монанди куртаи атласу адрас, чакан ва алоча таърихи чандинҳазорсоларо нигоҳ медоранд. Онҳо рамзҳои ахлоқ, иффат ва зебоиро таҷассум мекунанд ва мақоми занро ҳамчун ҳифзкунандаи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ нишон медиҳанд.
Имрӯз, ки дар масъалаи либоспӯшии занону духтарони тоҷик омилҳои берунӣ таъсири манфӣ мерасонанд, зарур аст, ки онҳо дар ташаккули ҷомеаи худогоҳу фарҳангсолор саҳми арзанда гузоранд ва рисолати зан-модарро ҳамчун поягузори оила ва посдори фарҳанги миллӣ фаромӯш накунанд.
Ба бар намудани либоси миллӣ маҷбурӣ нест, зеро ҷомеаи мо демократӣ аст, аммо набояд фаромӯш созем, ки дар ин самт мо интихоби бошуурона ва ифтихормандона дорем. Вақте духтари тоҷик бо эҳтиром ва завқи баланд либоси миллӣ мепӯшад, ӯ на танҳо зебо менамояд, балки мавқеи худро ҳамчун намояндаи миллати соҳибтамаддун муаррифӣ мекунад. Ин як навъ изҳори ҳувият ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ мебошад. Моро зарур аст, ки ҳамқадами замон бошем, пешрафта бошем, аммо тоҷик будани худро фаромӯш насозем. Зеро миллате, ки ба фарҳангу либосаш эҳтиром мегузорад, ояндаи қавӣ дорад.
АМИТ «Ховар»: Кадом роҳҳои тарғиби либоси миллӣ дар байни занону духтарони ҷавон самаранок шуморида мешаванд?
Бунафша Файзиддинзода: Тарғиби либоси миллӣ танҳо вақте самаранок мешавад, ки бар асоси озодӣ, эътимод ва намунасозӣ амалӣ гардад.
Баррасии мавзуъҳои марбут ба таърих ва фалсафаи либоси миллӣ бояд дар сатҳи байналмилалӣ, дар паёмҳо, суханрониҳо ва ҳамоишҳои сиёсию илмӣ ва фарҳангӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба роҳ монда шавад. Баргузории фестивалу озмунҳо, таъмин намудани иштироки фаъолонаи занон бо либоси миллӣ ва муаррифии образи зани муваффақи муосир дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз тадбирҳои муҳими самаранокӣ маҳсуб мешаванд. Ҳамчунин ташкили намоишгоҳҳои либоси миллӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар хориҷи мамлакат имконият медиҳад, ки фарҳанги либоспӯши тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шавад.
АМИТ «Ховар»: Эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ, гулдӯзӣ, порадӯзӣ ва дӯзандагии суннатӣ дар таҳкими фарҳанги либоспӯшӣ чӣ нақш дорад?
Бунафша Файзиддинзода: Эҳёи ҳунарҳои миллӣ на танҳо иқдом, балки меҳвари таҳкими пояҳои тамаддуни миллӣ буда, ҳамчун рукни муҳими фарҳангӣ шакл, ранг ва услуби либоси миллиро муайян менамояд. Барои омӯзиши таърихи либос асарҳои санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёт, ҳуҷҷатҳои таърихие, ки зиндагии маишии мардум ва фарҳанги давраҳои гузаштаро инъикос месозанд, сарчашмаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Шакл ва хусусияти сару либос дар ҳама давру замон фарҳанги маънавии халқ, урфу одат ва муносибати мардумро ба ин ё он падидаю ҳодиса нишон медиҳад. Тағйири шаклу намуди ҳама навъҳои либоси миллӣ ба хусусияти ин ё он минтақа вобаста аст. Аз ин рӯ омӯзиши либоси миллӣ ва тағйири шаклҳои он робитаи либосро бо таърихи этникии миллӣ ошкор месозад.
Ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълон намудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ ба амалӣ намудани ҳамин ҳадафҳо равона гардида буд. Инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои милливу мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат намуда, завқи зебоишиносии миллатро аз насл ба насл интиқол медиҳад.
Яке аз ҳадафҳои таъсиси гранти президентӣ низ маҳз рушд додани эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат ба занону духтарони мо имкон додааст, ки ба воситаи маблағҳои гранти президентӣ ҳунарҳои миллиро ҳифз намуда, рушд диҳанд ва ба ин восита зиндагии худро пеш баранд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 120 ба 200 грант, яъне аз 5 миллион сомонӣ ба андозаи 15 миллион сомонӣ расонида шуд, яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд. Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад. Ин иқдом ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии занон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ низ мусоидат мекунад.
АМИТ «Ховар»: Бо назардошти таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷаҳонишавӣ чӣ гуна метавон ҷавононро аз фарҳанги бегона ҳифз кард?
Бунафша Файзиддинзода: Ҷавонон, хусусан ҷавондухтарон, пеш аз ҳама, бояд дарк кунанд, ки фарҳанги миллӣ чӣ арзиш дорад? Барои дарк кардани онҳо мо бояд нишон диҳем, фаҳмонем, ки либос, забон ва анъана танҳо расм нестанд, балки ҳувияту хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллат мебошанд. Дар робита ба ин масъалаҳои ташвишовари ҷомеа Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар байни ҷавондухтарон суҳбату вохӯриҳои мақсаднок мегузаронад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро бештар гузаронем ва либоси миллии худро бо дӯхти муосир тарғибу ташвиқ намоем. Ҳар он нафаре, ки ба арзишҳои миллии худ некбинона назар мекунад, шахси худогоҳ, ҳифзкунанда ва фарҳангсолор аст.
АМИТ «Ховар»:Нақши оила ва модар дар ташаккули завқи либоспӯшии миллӣ дар духтаронро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Бунафша Файзиддинзода: Ба андешаи ман, зан – модари тоҷик, пеш аз ҳама, бояд бо иффат бошад. Ҳувияти миллиро дар чеҳраи худ инъикос кунад. Либоси миллӣ ё либоси бо унсурҳои миллӣ- атласу адрас ва ё гулдӯзии тоҷикона дӯхташуда на танҳо дилкашанд, балки ҳар модару духтарро зеб медиҳанд. Хушбахтона, вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки аксари занону духтарони мо либосҳои миллиро зиёдтар ба бар мекунанд. Хусусан дар фасли зебои баҳор дар кӯчаҳои шаҳр қариб, ки ҳама занону духтарон бо либоси миллӣ гашту гузор мекунанд. Ин нишони он аст, ки мо оҳиста – оҳиста дарк намуда истодаем, ки либоси миллӣ дар ҷомеа мавқеи намоён ва ҷойгоҳи махсус дорад.
Бояд бигӯям, ки нақши оила, хусусан модарон дар тарбияи зебоипарастии духтарон хеле муҳим мебошад. Дар хонаводае, ки урфу одат, расму оин ва анъана эҳтиром мешавад, фарҳанг ва либоси миллӣ то абад ҳифз мегардад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки завқи либоспӯшӣ на аз кӯча, шабакаҳои иҷтимоӣ ё силсилафилмҳо, балки аз хона оғоз мешавад.
Модар бо намунаи ибрат будан барои духтаронаш ва бо панду насиҳат ба онҳо таъсири бештар мерасонад. Модарони мо бояд бо рафтору гуфторашон дар робита ба либоспӯшии ҷавондухтарон роҳнамо бошанд. Бояд ба онҳо фаҳмонанд, ки либос танҳо барои намоиш нест, балки оинаи ботини зан, тарбия, фарҳанг ва иззату эҳтиром ба фарҳанги миллати худ аст.
АМИТ «Ховар»: Дар охир ба занону духтарони тоҷик чӣ паём доред, то ба фарҳанг ва либоси миллӣ бештар эҳтиром гузоранд?
Бунафша Файзиддинзода: Ҳар яки мо бояд худро идомадиҳандаи роҳи пуршарафи модарони гузашта бидонем. Агар мо мехоҳем ҷомеаи солим, муттаҳид ва худшинос дошта бошем, бояд ҳифз намудани арзишҳои миллиамонро фаромӯш накунем, балки баръакс, дар ҷойи аввал гузорем. Гузаштагони мо бо вуҷуди шебу фарози таърих либоси миллиро ба мо бо тамоми зебоиву шинамӣ мерос гузоштаанд. Мо низ бояд идомадиҳандаи онҳо бошему ба наслҳои оянда онро мерос гузорем. Зеро либоси миллӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллат аст.
Иди зебои баҳор тавъам бо Рӯзи Модар ба тамоми занону духтарони тоҷик мубораку фархунда бошад. Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикона ҳамеша парчамбардори ин сарзамини аҷдодӣ бошанд.
Мусоҳиб Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Дар Сарраёсати Вазорати молия дар Хатлон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
Ба муносибати Рӯзи Модар дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинии идона баргузор гардид






