Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дарёфти ҷоиза ба номи Усмонқул Таваралиев 23 март дар деҳаи Булёни болои Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара паҳлавонони маъруфи Тоҷикистон, Узбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия иштирок менамоянд. Паҳлавонони ғолиби мусобиқаро туҳфаҳои баландарзиш интизоранд.
Инчунин ба се паҳлавони муваффақи майдон- ғолибон мукофоти олӣ- мошини сабукрави арзишманд тақдим мегардад.
Барандаи Ҷом ба номи Усмонқул Табаралиев низ соҳиби Шоҳҷоиза мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! Суратгузориш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҷашни ҷаҳонӣ дар пойтахт
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






