Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд

Март 4, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ронандагон ва мусофирон, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва тарғиби истифодаи ҳатмии тасмаи бехатарӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин раёсат хабар доданд, кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ зимни баргузории ин иқдом ба  иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аҳамияти риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро шарҳ дода, ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.

Ба иштирокчиён шарҳ дода шуд, ки истифодаи тасмаи бехатарӣ метавонад хатари ҷароҳатҳои вазнинро ҳангоми садама ба маротиб коҳиш дода, ҷони инсонро наҷот бахшад.

Бояд гуфт, ки мувофиқи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронандаи воситаи нақлиёт уҳдадор аст, ки ҳангоми ҳаракат тасмаи бехтариро бандад ва то даме, ки аз ҷониби мусофири дар курсии паҳлуи ронанда нишаста тасмаи бехатарӣ баста нашавад, воситаи нақлиётро ба ҳаракат надарорад. Ин яке аз талаботи асосӣ ва уҳдадории ҳар ронанда, новобаста аз воситаи нақлиёти ӯ ба ҳисоб меравад.

Тибқи муқаррароти моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми истифода накардани тасмаи бехатарӣ қонунгузорӣ таҳримҳои маъмурӣ пешбинӣ мекунад.

Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси зарар дидани воситаи нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ, иншоот ё молу мулки дигар гаштааст, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз се то шаш моҳ таъйин карда мешавад. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Истифодаи тасмаи бехатарӣ, пеш аз ҳама, кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст. Мутаассифона, баъзе ронандаҳо аҳамияти тасмаи бехатариро нодида гирифта, танҳо дар ҳолати мушоҳида кардани кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дар айни замон дар мавзеъҳое, ки камераҳои мушоҳидавии роҳ насб гардидаанд, онро дарҳол барои ҷарима нашудан мебанданд.

АКС: Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид