Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯз барои миллати тоҷик арзиши бузурги таърихию фарҳангӣ дошта, меҳрофарӣ, нуру равшангароӣ, зебоӣ, дӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату Замин, пайдо намудани неруи тоза ва ободкорию накӯкориро таҷассум менамояд. Ин матлаб зимни тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таҳти унвони «Наврӯз — шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷик» баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» иттилоъ доданд.
Кормандони бонк бо завқи баланди миллӣ ва эҳсоси зебоипарастӣ анъанаҳои милии наврӯзиро пешниҳод намуданд. Инчунин барномаи фарҳангӣ бо саҳнаҳои рангин, суруду таронаҳои дилангез ва иҷрои ҳунармандонаи кормандон фазои идонаро боз ҳам ғанӣ гардонида, ҳозиринро эҳсоси ифтихори миллӣ ва шодмонӣ фаро гирифт.
Гуфта шуд, ки Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон аст. Ривоятҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн зиёд буда, он аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст. Наврӯз на танҳо таърихи бой, балки маънию фалсафа, ҳикмати зиёд ва арзиши бебаҳои илмӣ дорад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки мо бояд ойинҳои неки ин ҷашни бостонии миллатамонро пос дошта, ба наслҳои оянда мерос гузорем. Барои давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, бахусус Тоҷикистон боиси фараҳмандӣ аст, ки ин ҷашни аҷдодӣ маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият дохил карда шуд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва дастгирии давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушию шодмонӣ меорад, балки айёми созандагию ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар хонадон, маҳалли зист ва дар маҷмуъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»


















ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






