Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд

Март 1, 2026 11:30

ТУРСУНЗОДА, 01.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар доираи маъракаи хуррамгардонӣ ва чун рамзи оғози маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 500 бех ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз ва павловния шинониданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад. То имрӯз бо риояи қоидаҳои агротехникӣ зиёда аз 12 ҳазору 600 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудаанд.

Сардори  шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар  шаҳри Турсунзода  Дилшод Камолзода иброз намуд, ки «дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» мувофиқи нақша,   соли 2025 бояд 18 ҳазор бех ниҳол шинонида мешуд.

Бо дастгирии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 67 ҳазору 34 бех ниҳол шинонида шуд, ки сабзиши он 62,7 фоизро ташкил дод.

Мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист 32 нафар шахсони мутасаддии ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро барои хушкидани 37,3 фоизи дарахтон ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ ҷарима намуданд. Соли 2026 дар шаҳри Турсунзода  мувофиқи нақша 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад.

Дар мавсими ниҳолшинонии соли 2025 бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар шаҳри Турсунзода 2130 бех дарахти павловния шинонида шуд. То ин муддат дар шаҳри Турсунзода 660 бех ниҳоли павловния шинонида шуд. Масъулини шаҳр кӯшиш доранд, ки нисбат ба соли 2025 дарахти павлонияро зиёдтар шинонанд.

Дар шаҳри Турсунзода дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026), инчунин истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ  ва ҳашарҳои ниҳолшинонӣ дар сатҳи баланд идома доранд. То имрӯз дар маркази шаҳр 882 бех ниҳолҳои павловния ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудаанд. Инчунин  дар шафати роҳҳо ва гулгаштҳо 5500  бех гули садбарг ва 30 ҳазор дона гули лола шинонида шуд. Масъулин ва сокинон кӯшиш доранд, ки то оғози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ маркази шаҳри Турсунзодаро ба гулзор табдил диҳанд.

Тибқи иттилои сардори Муассисаи манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода Мақсуд Саидвализода, дар қитъаи нигоҳдории гармхона ва парвариши гулҳои  ин муассиса 13 ҳазор дона гули мавсимӣ парвариш меёбад. Инчунин дар қуттиҳои махсус шаш ҳазор тухмии гулҳои ороишии мавсимӣ корида шудааст. Мувофиқи нақша, соли 2026 дар маркази шаҳри Турсунзода 300 ҳазор дона гулҳои мавсимии гуногунранг шинонида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 1, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд