Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева таҳти унвони «Тақвияти ҳамкории ҷаҳонӣ оид ба пиряхҳо: таҷриба ва амалҳои бисёрҷониба» дар Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор намуд. Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши аксҳо бахшида ба пиряхҳо доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода аҳамияти таҳкими ҳамкории байналмилалиро ба хотири муқовимат ба обшавии пиряхҳо иброз намуд.
Ҳамчунин Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селеста Сауло, Намояндаи доимии Непал Рам Прасад Субеди ва намояндагони UNESCO ва UNEP суханронӣ карданд. Чорабинӣ ҳамзамон ҳамчун брифинг оид ба Конфронси байналмилалии дарпешистода оид ба об дар шаҳри Душанбе хизмат намуда, аҳамияти онро чун платформаи муҳим барои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об ва иқлим таъкид кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид






