Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар шаҳри Душанбе Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» оғоз гардид, ки то 26 март идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
22 март иштирокчиёни Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо иштироки беш аз 200 ҷавон аз 30 давлати ҷаҳон дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Сипас дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон фестивал ифтитоҳ гардид. Ҷавонон дар ин рӯз ҳамчунин дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» то 26 март идома ёфта, иштирокчиён аз ҷашнҳои идонаи наврӯзӣ ва мавзеъҳои фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан менамоянд.
Ҳадафи чорабинӣ муттаҳид намудани ҷавонони ҷаҳон дар асоси арзишҳои умумии сулҳ, дӯстӣ, гуногунии фарҳангӣ ва рушди устувор, дастгирии муколамаи фарҳангӣ ва мубодилаи афкор байни ҷавонони давлатҳои гуногун, тарғиби мероси фарҳангии Наврӯз ҳамчун рамзи навсозӣ ва умед, эҷоди платформа барои ташаббусҳои ҷавонон, ки ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир нигаронида шудаанд, мебошад.
Дар доираи фестивал Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тянсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шуда буд, доир мегардад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории баргузор мегардад. Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷавонони давлатҳои гуногун мусоидат мекунад.
Чунин форумҳо ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки таҷрибаи якдигар, идеяҳо ва лоиҳаҳои навро, ки ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ҷаҳон равона гардидаанд, мубодила намоянд.
Дар доираи фестивал ва форум баргузории барномаи фарҳангӣ, намоишҳои миллӣ, намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ, фестивали гастрономӣ, панелҳои таълимӣ, форуму ҳамоиш, иқдоми сабзкорӣ, амалиёти ҳифзи муҳити зист, мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили навъҳои анъанавӣ ва муосири варзиш, шинос шудан бо мавзеъҳои таърихӣ ва огоҳ шудан аз фарҳанги Наврӯз дар минтақа дар назар дошта шудааст.
Бояд иброз намуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳое аст, ки аз ҷониби халқҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ва Қафқоз ҷашн гирифта мешавад. Ин ид омадани баҳор, навсозии табиат ва оғози соли нави хуршедиро таҷассум менамояд. Анъанаҳои ҷашни Наврӯз аз омодасозии хӯрокҳои идона, баргузории ҷашнҳои оммавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои театрӣ ва амалиёти хайриявӣ иборат мебошанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






