Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим оид ба таъмини амну субот, таҳкими волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин доир ба тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «Хона ба хона», пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, мубориза бар зидди хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор доир гардид.
Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт ва пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






