ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод беш аз 2300 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин маърака дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», инчунин ба муносибати Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Зимни ниҳолшинонӣ иброз гардид, ки ин иқдом барои беҳтарсозии вазъи муҳити зист, афзоиши масоҳати сабзазор ва зебо гардонидани маҳалҳои аҳолинишин аҳаммияти калон дорад.
Масъулин иброз намуданд, ки нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонида таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои таъмини нашъунамои босифати онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Имрӯз ниҳолшинонӣ ба ҳаракати дастҷамъонаи созанда табдил ёфта, сокинон дар ободонӣ ва сабзгардонии маҳал бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ин гуна иқдом ба ташаккули фарҳанги экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти мамлакат мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






