ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад

Март 14, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Турсунзода яке аз минтақаҳои дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Солҳои охир шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ, ки барои тамошои табиати зебо ва ёдгориҳои таърихии ин минтақа меоянд, афзоиш ёфта истодааст. Афзоиши шумораи гардишгарон далели таваҷҷуҳи бештар ба имкониятҳои сайёҳии шаҳр ва рушди босуботи соҳа дар минтақа мебошад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сайёҳони хориҷие, ки ба тамошои мавзеъҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии ин шаҳр меоянд, асосан шаҳрвандони Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Беларус ва Узбекистон мебошанд.

Яке аз мавзеъҳои машҳур ва овозадори сайёҳии шаҳр дараи Ширкент мебошад, ки дар қисми шимолу шарқии шаҳр ҷойгир аст. Ин дара бо табиати нодир, манзараҳои дилфиреб ва ёдгориҳои беназири табиӣ маъруф мебошад. Баландии ин минтақа дар баъзе мавзеъҳо то 4500 метр аз сатҳи баҳр мерасад.

Ҷозибаҳои нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор мераванд, ки дар сангҳо ҳифз гардидаанд. Ин осори нодир таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва сайёҳони зиёдеро ба худ ҷалб намуда, арзиши илмӣ ва сайёҳии минтақаи Ширкентро боз ҳам баланд мебардорад.

Дарёи Ширкент, ки аз шохобҳои дарёи Ҳазорхона ва Сандал сарчашма мегирад, дарозии тақрибан 52 километр дошта, дар он моҳиҳои гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ лаққамоҳӣ, мормоҳӣ мавҷуданд. Табиат ва ҳавои мусоиди ин мавзеъ барои сайёҳии экологӣ ва саёҳатҳои кӯҳӣ шароити хеле мувофиқ фароҳам овардааст. Соҳилҳои он ба макони фароғату истироҳати сайёҳон табдил дода шудааст.

Дар баробари рӯди Ширкент чашмаҳои мусаффо, обҳои шифобахши маъданӣ, шаршараву рӯдҳои кӯҳӣ ва обҳои шифобахши зеризаминӣ аз нодироти дара ба ҳисоб мераванд. Обҳои шифобахши «Оби гарав» ва «Кабуд чашма» садсолаҳост, ки зиёратгоҳи мардуми шаҳру ноҳияҳои гирду атроф гардидааст.

Чашмаи «Оби гарав» аз ҷиҳати кимёвӣ ба оби «Гармчашма» — и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабоҳат дошта, дорои элементҳои гуногуни химиявӣ аз ҷумла сероводород буда, давобахши бемориҳои пўӯт мебошад.

Кӯҳҳои Ширкент бо гуногунии набототу ҳайвоноти худ низ машҳуранд. Дар ин ҷо садҳо намуди гиёҳҳои кӯҳии шифобахш ва дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла дӯлона, писта, сиёҳалаф ва пиёзи анзур мерӯянд. Ҳамзамон дар ин минтақа ҳайвоноти гуногун аз ҷумла хуки ёбоӣ, гурги малла, бузи бухорӣ, суғури сурх, рӯбоҳ ва мори афъии осиёӣ зиндагӣ мекунанд. Ин гуногунии биологӣ аҳамияти экологӣ ва илмии минтақаи Ширкентро боз ҳам бештар мегардонад.

Бояд гуфт, ки шаҳри Турсунзода бо манзараҳои нотакрор, иқлими мусоид ва мавзеъҳои табиии худ ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ шинохта шудааст. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор ва саёҳатҳои табиатшиносӣ рушд ёфта истодаанд. Ин имкониятҳо ба сайёҳон шароит фароҳам меоранд, ки бо табиат, фарҳанг ва таърихи минтақа аз наздик ошно гарданд.

Масъулини соҳа бар он назаранд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Турсунзода рушди соҳаи сайёҳӣ дар солҳои наздик боз ҳам густариш ёфта, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ таъмин мегардад. Ин раванд дар баробари муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, инчунин ба рушди иқтисоди маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Турсунзода панҷ ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, барои ташкили сафарҳои сайёҳӣ ба мавзеъҳои таърихию табиии шаҳр 12 хатсайри махсуси сайёҳӣ ташкил гардидааст. Барои роҳнамоии сайёҳон гурӯҳҳои роҳбаладон аз ҷониби хоҷагии ҷангали шаҳр, Парки таърихию табиии «Ширкент» ва ширкати «Follov Tajikistan» таъсис дода шудаанд.

Таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро бештар истироҳатгоҳҳои Курану Ширкент, Боғи таърихию табиии Ширкент, Хона-музейи Мирзо Турсунзода, Осорхонаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ширкати алюминийи тоҷик», осорхонаи марказии шаҳр, ёдгориҳои таърихии Хоҷа Нақширон ва Офоқхоҷа ҷалб мекунанд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар шаҳри Турсунзода тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, барои татбиқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» нақшаи чорабиниҳои махсус таҳия гардидааст. Ин тадбирҳо ба беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон равона шудаанд.

 

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 14, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд