Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 28.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Чемпионати Осиё, ки 16–18 апрел дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, иштирок мекунад. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон беҳтарин намояндагони ҷудои тоҷик — 9 варзишгар дар байни мардон ва 4 варзишгар дар банйи занон дохил шудаанд.
Чемпионати қоравӣ яке аз муҳимтарин мусобиқаҳои мавсими имсола барои ҷудочиёни Осиё маҳсуб шуда, варзишгарони пурқуввати минтақаро ҷамъ меорад. Барои бисёре аз иштирокчиён ин мусобиқа имконияти ба даст овардани холҳои рейтинги байналмилалӣ ва санҷиши сатҳи омодагӣ пеш аз мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дастаи мардонаи Тоҷикистонро 9 ҷудочӣ дар вазнҳои гуногун намояндагӣ мекунанд: Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Шодмон Ризоев (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг).
Дар мусобиқаи занона шарафи Тоҷикистонро чаҳор варзишгар ҳимоя мекунанд: Ахлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг).
Чемпионати Осиё ба таври анъанавӣ яке аз мусобиқаҳои калидӣ дар тақвими Федератсияи байналмилалии ҷудо барои варзишгарони минтақаи Осиё ба шумор меравад. Сабқатҳо дар шаҳри Ордос имконият медиҳанд, ки сатҳи омодагии ҷудочиёни тоҷик арзёбӣ гардида, дурнамои даста барои мусобиқаҳои муҳими байналмилалии оянда муайян карда шавад.
Интизор меравад, ки рақобат дар татамӣ хеле шадид бошад, зеро дар мусобиқа беҳтарин намояндагони ҷудо аз кишварҳои пешсафи Осиё, аз ҷумла Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Қазоқистон ва Муғулистон иштирок мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






