Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»

Март 8, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти саҳм ва нақши занону бонувон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон ва таъмин намудани ҳуқуқи онҳо якчанд қонунҳо, стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар санаду нақшаҳоро қабул ва амалӣ намудааст. Тавре дар паёми шодбошии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар омадааст, ҳоло амалисозии як қисми онҳо идома дорад.

«Имрӯз занону духтарони тоҷик ҳамчун шарикони боэътимоди давлат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ фаъолона саҳм мегузоранд», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Пешвои миллат изҳор намуданд, ки эҳтиром ба зан – модар на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки зарурати сиёсӣ ва иҷтимоии давлат мебошад. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занонро яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ эълон кардааст.

«Тавре таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ҷомеае, ки ба зан арҷ мегузорад, суботи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор дар он таъмин мегардад», — иброз намуданд Пешвои миллат.

АКС аз бойгонӣ

Март 8, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Дар Сарраёсати Вазорати молия дар Хатлон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст