Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»

Март 21, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз иброз намуданд, ки имсол Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пешвоз мегирем.

Сарвари давлат бо эътимоди комил изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон фаъолияти бунёдкорию созандаро ба хотири истиқболи сазовори ин ҷашни муқаддаси миллӣ вусъати тоза мебахшанд.

«Мо бояд ин неъмати муқаддасу бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва шукрона кунем, ки мо – тоҷикон соҳиби давлати соҳибистиқлол ҳастем!», -таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 21, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст