Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд

Март 3, 2026 08:24

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни маъракаи ниҳолшинонӣ дар  маҳаллаи Лучоби Болои Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ  аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ва  корхонаю идораҳои энергетикии мамлакат 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ, нок, писта, бодом ва олуча шинонида шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нафту газ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» ва Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2»  фаъолона иштирок намуда, дар сабзазоркунии ин мавзеъ саҳми муносиб гузоштанд.

Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ гардид.

Дар ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ ба масъулон оид ба таъмини нигоҳубини мунтазами дарахтон, беҳтар намудани ҳолати мавзеъ ва вусъат додани корҳои ниҳолшинонӣ дар доираи барномаи давлатӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Бояд гуфт, ки дар ин мавзеъ дар маҷмуъ 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд. Тибқи нақша то анҷоми соли 2027 шинонидани беш аз 170 ҳазор бех ниҳоли дигар дар назар аст.

Ниҳолҳо тавассути обёрии қатрагӣ бо об таъмин шуда, ба нигоҳубини онҳо кормандони алоҳида ҷалб шудаанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 3, 2026 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд