Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, инчунин ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид.
Зимни форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки шаҳри Душанбе имрӯз ҳамчун маркази Наврӯзи ҷаҳонӣ бо қабои идона меҳмононро истиқбол гирифта, баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ ва муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон мусоидат менамояд.
Изҳор гардид, ки солҳои охир пойтахт дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба марҳилаи нави рушду шукуфоӣ ворид гардида, бо бунёди инфрасохтори муосир, кохҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои сайёҳон ба яке аз шаҳрҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷаҳонӣ гардидани ҷашни Наврӯз ва пешниҳоди таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз барои ҳифз ва тарғиби арзишҳои фарҳангии ниёгон аҳамияти бузург доранд.
Форуми мазкур ҳамчун минбари муҳими муколама барои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз хизмат намуда, ба густариши робитаҳои дӯстона, табодули таҷриба ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ иброз дошт, ки Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар айёми таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардида, ба майдони муҳими муколамаи фарҳангҳо ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Дар идома иброз гардид, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳӣ ба самти афзалиятнок табдил ёфта, дар ин замина дар пойтахт корҳои васеи ободониву созандагӣ амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, бунёди инфрасохтори муосир, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, меҳмонхонаҳо ва боғу гулгаштҳо ба ҷалби сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид мусоидат намуданд.
Ба андешаи Бахтиёр Шарифӣ, имрӯз шаҳри Душанбе бо симои нав ва фазои мусоиди фарҳангӣ тадриҷан ба яке аз марказҳои ҷолиби сайёҳӣ ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, барои муаррифии фарҳанг ва мероси бойи тоҷикон дар он имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Форум соли панҷум аст баргузор мегардад ва намояндагони доираҳои гуногунро аз давлатҳои мухталиф ба ҳам меорад. Форум барои баррасии масъалаҳои муҳими рушди сайёҳии фарҳангӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳон шароити мусоид фароҳам меорад.
Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе ва муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.
Дар форум Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумахонзода изҳор дошт, ки баргузории чунин форумҳо имконияти нави рушди сайёҳии фарҳангиро фароҳам оварда, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон заминаи мусоид мегузорад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун бренди муҳими сайёҳӣ метавонад дар муаррифии бештари мамлакат дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ бозад.
Иштирокдорони форум инчунин вобаста ба мавзуъҳои «Наврӯз — меросбари суннатҳои миллӣ», «Аз ойинҳои мардумӣ то рушди сайёҳӣ», «Ҷаҳонишавии Ҷашни байналмилалии Наврӯз», «Аз таърихи Наврӯзи байналмилалӣ», «Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Наврӯзи бостон», «Нақши ташаккули зерсохторҳои муосири сайёҳии пойтахт дар рушди иқтисоди Тоҷикистон», «Наврӯз – ҷашни дӯстию рафоқат» ва «Наврӯз ҳамчун омили рушди робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ» маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Дар фарҷом Баёнияи Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» қабул гардид.
Баъд аз анҷоми форум барои иштирокчиён дар шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид ва онҳо мавзеъҳои фарҳангию сайёҳии пойтахтро тамошо намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»























Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад






