ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ДУШАНБЕ, 08.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар мамлакат 115- солагии Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳо, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил карда мешавад. Бахшида ба 115-солагии шоир ва Рӯзи Модар АМИТ «Ховар» аз эҷодиёти шоир, ки ба васфи зан-модари тоҷик бахшида шудааст, чанд намуна меорад.
— Устод Мирзо Турсунзода дар ашъораш нақши бузурги зан-модарро дар ҳаёт бисёр зебо тасвир намуда, пайваста баланд бардоштани ҷойгоҳи ӯро дар ҷомеа талқину тарғиб намудааст. Аз ҷумла, достони «Ҷони ширин» — аш тасвири зебоии зани хушбахти даврон ва арҷгузории шоир ба ҷинси латиф мебошад. Дар ин достон ишқу муҳаббат ба зан ба унвони як мазҳари зебоӣ ва латофат нигошта шудааст:
Дар диёри мо шуд одам арҷманд,
Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.
Ҳеҷ коре нест бе зан хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Мирзо Турсунзода меҳру муҳаббат нисбат ба занро гарму нарм сурудааст. Ӯ рисолати бузурги занро дар ҳаёт чун рассоми чирадаст бо рангҳои зебо наққошӣ кардааст. Муроди шоири бузурги мо дар достон он аст, ки нақши занро дар ҷомеа дар ҷойгоҳи баланд бубинад. Дар достон шоир ба ҳамсараш ва дар симои ӯ ба тамоми занҳои тоҷик муроҷиат карда, гуфтааст:
Саъй кун, фарзандҳо олим шаванд,
Бар ҳама сайёраҳо ҳоким шаванд,
Хандаву эҷодкориҳо кунанд,
Халқро эъҷози нав савғо кунанд.
Мирзо Турсунзода на танҳо дар шеър, балки дар амал ҳам собит намудааст, ки ба қадри бузургии зан-модар мерасад. Ӯ пайваста барои баланд гаштани мақоми зан дар ҷомеа талош менамуд. Тавре медонем, маҳз бо талошу дастгириҳои ӯ, хусусан замони раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданаш чандин занону духтарони эҷодкор дастгирӣ ёфта, ба мартабаҳои баланд расидаанд. Дар шеъри дигар шоир дар чаҳор мисраъ тамоми бузургӣ ва хуҷастагиву нотакрории зан-модарро чунин тасвир менамояд:
Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.
Шоири тавоно дар бораи рисолати модарии зани тоҷик тасвирҳои зебо ва маънидори шоирона месозад. Мирзо Турсунзода бо ин тасвирҳои зебо симои воқеӣ, бузургии зан-модари тоҷикро пеши назар меорад. Хонандаро ба андеша водор месозад, то ба қадри ин ҳама заҳматҳои сангини модар бирасад:
Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.
Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,
Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.
Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,
Лаб фурӯ баста ҳама чун лом мемондем мо.
Дар шеъри Турсунзода зани тоҷик, ки ҳамеша дар сари оташдону танӯри оташфишон аст, ҳамрадифи оташ аст, оташе, ки моро гарм медорад, оташе, ки хомиҳои моро мепазонад, оташе, ки рӯзгори моро мунаввар медорад, бо оғӯши гармаш ба мо ҳаёт мебахшад:
Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо,
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем…
Бояд гуфт, ки мақоми Турсунзода дар шинохти зан хеле ҷавонмардона аст. Муроҷиати ӯ ба мардон далели барҷастаи ин гуфтаҳост:
Мард бошӣ, байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чун шамсу қамар кун номи зан.
АКС аз манбаъҳои боз








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад






