ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст

Март 7, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Тоҷикистон сафи занони ихтироъкор меафзояд. Бонувони  тоҷик маъмулан дар соҳаи тиб навоварию ихтироъкорӣ мекунанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар»  бахшида ба Рӯзи Модар бо зани ихтироъкор, мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Ганҷина Наврӯззода ҳамсуҳбат гардид.

— Ганҷина Наврӯззода аз 22 то 25 майи соли 2025 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар форуми 18-ум ва Намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти занҳои ихтироъкор иштирок намуд. Ба ин чорабинӣ 445 ихтироъ аз 15 давлати ҷаҳон пешниҳод гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин форум 10 ихтирои занони ихтироъкор пешниҳод  шуд, ки 3 нафар ба таври ҳузурӣ (офлайн) ва 7 нафар ба таври маҷозӣ (онлайн) ихтирооташонро муаррифӣ намуданд.

Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки ҳамчун намояндаи кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино давоми се рӯз дар ҷаласаҳо ва намоишгоҳҳо фаъолона иштирок намуда, бо ихтироъкорони давлатҳои мухталиф вохӯриҳо анҷом дод.

«Ҳадафи иштирок дар форум муаррифии ихтирои худам ва пайдо кардани ҳамкорон барои рушд ва татбиқи идеяҳо буд. Дар ин форум ва Намоишгоҳи байналмилалӣ ихтирои «Усули табобати бемориҳои музмини роҳи нафас»-ро пешниҳод намудам. Баъд аз натиҷагирии он бо медали тилло ва Ҷоизаи махсуси Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои ихтироъкорон (IFIA) қадрдонӣ гардидам», — афзуд Ганҷина Наврӯззода.

Мавсуф иброз намуд, ки имрӯз бо шароиту имконияте, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои олимони мамлакат муҳайё намудаанд, занони тоҷик  дар конфронсҳо ва симпозиумҳои сатҳи байналмиллалӣ гузоришҳо ва маърузаҳои илмӣ мекунанд. Онҳо дастовардҳои илмии тибби тоҷикро ба кулли ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, ки шоистаи таҳсин ва дастгирӣ мебошад.

«Ман ҳамчун фарматсевт фаъолияти илмӣ ва ихтироъкории худро ба рушди усулҳои муосири табобат ва такмили равандҳои дорусозӣ равона кардам. Солҳои 2019–2020 сазовори унвони «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» гардидам. Соли 2020 барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника шудам. Инчунин соли 2021 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидам. Соли 2025 ихтирои ман таҳти унвони «Усули табобати бемориҳои музмини роҳи нафас» дар Кореяи Ҷанубӣ бо медали тилло ва ҷоизаи махсуси Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои ихтироъкорон (IFIA) сарфароз гардонида шуд»,- тазаккур дод ӯ.

Фаъолияти ин олимаи тоҷик асосан ба таҳияи усулҳои инноватсионии табобат, такмили шаклҳои доруворӣ ва баланд бардоштани самаранокии терапия равона гардидааст.

Ганҷина Наврӯззода афзуд, ки имрӯзҳо нарасидани моддаи доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст.

«Ҳол он ки Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобатию гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати мамлакатамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро мебояд супоришҳои Сарвари давлатро сари вақт иҷро намуда, дар самти дарёфти моддаи нави доруии  сифатан тоза ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ фаъолият намоем»,-илова кард ӯ.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки  мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Ганҷина Наврӯззода иброз медорад, ки зан-модар муқаддастарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият мебошад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро бо оламу одам шинос намуд. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ ва пурбардории зан-модар  танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад.

Мо аз Ганҷина Наврӯззода барин занони донишманд ва бонангу номус, ки тавассути меҳнати ҳалолу сангин Тоҷикистонро дар ҷаҳон бо ихтироъ ва дониши хеш муаррифӣ менамоянд, ифтихор дорем.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз муаллиф

Март 7, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
Ба муносибати Рӯзи Модар дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинии идона баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид