Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд

Март 17, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 17.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори иҷлосия муовини якум ва муовинони Раис, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб карда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Нахуст оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии рақамњои №2 ва №21 гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот шунида шуд.

Дар идомаи маҷлис вакилон ваколати вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои №32 ва №47-ро пеш аз муҳлат қатъ карданд.

Бинобар ин бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои №32 ва №47, 20 майи соли 2026 интихобот муайян гардида, Комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.

Сипас рафти иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шаҳри Душанбе ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ҷиҳати вусъат додани корҳо дар самти татбиқи босамари Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҳама бахшҳои иқтисоду хизматрасонӣ, ҷалби қарзҳои имтиёзнок барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷавонону занони бекор ба рушди ҳунарҳои мардумӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд.

Вакилон дар идома татбиқи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар шаҳри Душанбе ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар ин самт муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе — сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати иҷрои босифати барнома ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби бештари сокинон ба тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши касбӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои тарбияи дурусти варзишгарон ва дарёфти чеҳраҳои наву боистеъдод аз тамоми имкониятҳои муҳайёгардида истифода намоянд.

Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаи кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми сарбаланди пойтахт бо баргузории корҳои созандагиву ободонӣ барои боз ҳам ободу зебо гардидани пойтахт ва пеш аз ҳама дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 17, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид