Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард

Март 3, 2026 09:36

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол дар шаҳри Душанбе дар мавзуи ташкили бозиҳо машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Дар он комиссароне, ки имсол дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, иштирок  намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, масъулини федератсия нақши комиссаронро, ки масъули масъалаҳои ташкилии бозӣ мебошанд, таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки сифати бозиҳо, риояи қоидаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастаҳо, доварон ва мухлисон асосан аз касбияти онҳо вобаста аст. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки баланд бардоштани малакаи касбии комиссарон қисми ҷудонашавандаи кори систематикӣ дар мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон мебошад.

Машғулияти таълимӣ мавзуъҳои нақш, фаъолият ва масъулияти комиссарон, талаботи омодасозии варзишгоҳ ва инфрасохтор, маркетинг ва инъикоси воситаҳои ахбори омма, бехатарӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамоҳангсозӣ бо дастаҳои мизбон ва доварон, инчунин тартиби пур кардани гузоришу ҳуҷҷатгузориро дар бар гирифт.

Дар охири машғулият иштирокчиён барои баланд бардоштани сатҳи фаъолият мубодилаи афкор карданд.

Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол 6 март оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 3, 2026 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад