Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пайвасткунии тарофаҳои муфид, фармоиши SIM-кортҳо ва рақамҳои зебо, онлайн-машваратҳо – ҳамаи ин дар мағозаи интернетии shop.megafon.tj бе зарурати рафтан ба толорҳои алоқа дастрас мебошад. Хотиррасон мекунем, ки маҳз кадом хизматрасониҳоро МегаФон Тоҷикистон дар арафаи 25-солагии таъсиси ширкат ба мизоҷони мағозаи интернетӣ пешниҳод менамояд.
Сарфаи вақт
SIM-корти нав ё рақами зебо лозим аст? Фармоиш додани онҳо дар мағозаи интернетӣ осонтар мебошад. Харидро метавон дилхоҳ вақт дар хона, ҷойи кор ё ҳатто дар роҳ ба расмият даровард. Фармоишҳо дар давоми се рӯзи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас ба наздиктарин толори алоқа барои анҷоми тартиби барасмиятдарорӣ равона карда мешаванд.
Мағозаи интернетӣ аз рӯйи принсипи «як мизоҷ – як экран» кор мекунад: тамоми маълумот ба истифодабаранда худи ҳозир ва ҳамин ҷой бе навбатпоиҳою интизориҳо дастрас мебошад. Сатри қулайи ҷустуҷӯ бошад, имкон медиҳад, ки тамоми маводи барои истифодабаранда лозимӣ зуд пайдо карда шавад. Ҳамин тавр, рақамро метавон бо суроғаи https://shop.megafon.tj/podobrat-nomer интихоб намуд.
Фармоиши пешакӣ ва музоядаи рақамҳо
Баъзе муштариён мехоҳанд, ки рақамро бо комбинатсияи махсуси рақамҳо – ки аз санаи таваллуди онҳо, рақами мошинашон иборат аст, ё рақами ба рақами шахси наздикашон монандро дастрас кунанд. Агар чунин комбинатсия ҳоло мавҷуд набошад, метавон дархост гузошт. Ҳамин ки рақами зарурӣ дастрас мешавад, бо мизоҷ тамос гирифта мешавад.
Дар баробари ин, дар мағозаи интернетӣ музоядаи рақамҳои зебо гузаронида мешавад: зимни он метавон комбинатсияҳои камёфтро бо пешниҳоди нархи беҳтарин пайдо намуд. Ҳамаи дархостҳо кушоду равшан инъикос меёбанд. Барои онҳое, ки интизор шудан намехоҳанд, имконияти харид аз рӯйи блитс-нарх пешбинӣ шудааст. Муфассалтар дар бораи музояда: https://shop.megafon.tj/auction
Рақамҳои «қиматбаҳо» бо тахфиф ё ройгон
Дар мағозаи интернетӣ мунтазам иқдомҳои махсус ҷараён мегиранд ва дар бисёри мавридҳо онҳо ба рӯзҳои идона бахшида шудаанд. Масалан, алҳол ба истифодабарандагон то 100 фоиз тахфиф барои бисёр рақамҳои «қиматбаҳо» дастрас мебошад. Пешниҳодҳо бо тарофаҳои пешпардохтӣ махсусан муфид арзёбӣ мешаванд: ҳангоми пардохти маблағи тарофа ба муҳлати 6-9 моҳи минбаъда мизоҷон имкон доранд, ки рақамҳоро бо арзиши то 4 000 сомонӣ туҳфа бигиранд. Ба ғайр аз ин, рақамҳои «платинагӣ», «тиллоӣ», ва «нуқрагин» дар мағозаи интеннетӣ дар назар ба офлайн-толорҳо арзонтар мебошанд.
Интихоби муносиби тарофа
Дар қисми тарофаҳо маълумот оид ба арзиш ва таркиби бастаҳои хизматрасониҳо дар шакли то ҳадди имкон возеҳ ва фаҳмо оварда шудааст. Мизоҷ имкон дорад, ки мустақилона тарофаро интихоб карда, бо назардошти ниёзу талаботи худ пайваст намояд. Муфассалтар: https://shop.megafon.tj/bisoz
Онлайн-машваратҳо ва дастгирӣ
Агар мизоҷ савол дошта бошад, ӯ метавонад тариқи онлайн машварат гирад, занги ҷавобӣ фармоиш диҳад, бо оператор тариқи Telegram ё Instagram дар тамос шавад.
Реҷаи кори мағозаи интернетӣ: душанбе – ҷумъа аз соати 9:00 то 18:00, шанбе ва якшанбе – рӯзҳои истироҳат.
Вобаста ба кори мағозаи интернетӣ ва хизматрасониҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» саволҳо доред? Ба (+992) 880 880 880 занг занед ё ба почтаи IM@megafon.tj нависед.
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj – муносиб, зуд, муфид!
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






