«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 114 сол қабл, 11 марти соли 1912 аввалин шумораи нахустрӯзномаи сирф тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ба нашр расида буд. Рӯзномаи «Бухорои шариф» бо чопи 153 шумора тавонист дар бедорӣ ва ба вуҷуд овардани афкори мардум, такон додани мафкураи онҳо ва худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик хизмати бузург намояд. Чунин иброз намуд ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, соати 10:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва 114-солагии рӯзномаи «Бухорои шариф» барномаи идонаи фарҳангӣ доир мегардад. Дар ин барнома як зумра рӯзноманигорон барои муваффақияту дастовардҳо, нақши назаррас дар рушди соҳаи фарҳангу матбуот, ҳамчунин дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои сиёсати фарҳангии мамлакат ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ мегарданд.
Иброҳим Аҳмад иброз намуд, ки Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳар рӯзноманигор, аҳли қалам ва корманди соҳаи иттилоот на танҳо ҷашн, балки фурсати андеша, бознигарӣ ва худшиносӣ мебошад.
«Имсол Рӯзи матбуоти тоҷик дар фазои хосса ва марҳалаи муҳими таърихӣ — дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Сию панҷ сол қабл халқи тоҷик бо эъломи истиқлол ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона башорат дод. Дар ин раванд матбуот ва воситаҳои ахбори омма нақши калидӣ бозида, ҳамчун омили муҳимми ташаккули афкори ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ хизмат карданд»,-гуфт Иброҳим Аҳмад.
Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот яке аз омилҳои таъсиррасон ба афкори умум мебошад. Озодии сухан, дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти озоди расонаҳо кафолати рушди устувори ҷомеа маҳсуб мешавад. Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат медиҳад, ки ин нишонаи равшани сиёсати давлат дар самти таъмини фазои боз ва созандаи иттилоотист.
Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои рушди воситаҳои ахбори омма заминаи устувори ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти расонаҳо тибқи якчанд қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ» ва дигар санадҳо танзим мегардад. Ин заминаи ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки матбуот рисолаташро озодона, бомасъулият ва ба таври касбӣ иҷро намояд.
Соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ тақрибан 40–45 рӯзнома ва 20–25 маҷалла фаъолият дошт, ки аксари онҳо давлатӣ ва ҳизбӣ буданд. Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, то 10 марти соли 2026 дар мамлакат 202 рӯзнома (134 адад давлатӣ ва 68 адад мустақил), 193 маҷалла (157 адад давлатӣ ва 36 адад мустақил) ва 6 агентии иттилоотӣ (1 адад давлатӣ ва 5 адад мустақил) ба қайд гирифта шудаанд. Ин омор аз рушди фазои иттилоотӣ ва гуногунандешӣ дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Маҳз дар шароити Истиқлолияти давлатӣ ва ташкили муҳити мусоиди ҳуқуқӣ низоми матбуоти тоҷик аз ҷиҳати шакл, муҳтаво ва таъйинот ба сатҳи сифатан нав баромад. Имрӯз матбуоти миллӣ на танҳо иттилоърасон, балки минбари муҳими таҳлил, андеша, баҳс ва пешниҳодҳои созанда гардидааст.
Дар робита ба омодасозии кадрҳо Иброҳим Аҳмад иброз намуд, ки таваҷҷуҳ ба таълиму омодасозии кадрҳои соҳа яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад. Бо ин мақсад таъсиси «Академияи васоити ахбори омма» ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди табъу нашр ва матбуот заминаи боэътимоди такмили ихтисоси рӯзноманигоронро фароҳам овардааст. Ин иқдом ба болоравии сатҳи касбият, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти иҷтимоии аҳли қалам мусоидат мекунад. Дар баробари ин, рушди босуръати телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамӣ барои паҳнсозии иттилоот имконияти нав фароҳам овард. Ин раванд ҳамзамон масъулияти журналистонро бештар намуда, талаб мекунад, ки онҳо бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ, касбӣ ва миллӣ фаъолият намоянд.
«Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи амнияти иттилоотӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Таҳоҷуми фарҳангӣ, паҳнсозии афкори бегона, таблиғи экстремизм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба шумор мераванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро ҳамчун «сипари давлат» арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки расонаҳо бояд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими субот ва боло бурдани эътимоди мардум нақши фаъол дошта бошанд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ аз рисолатҳои асосии воситаҳои ахбори омма мебошанд. Дар ин робита нақши забони тоҷикӣ ҳамчун муҳимтарин василаи ибрози андеша ниҳоят бузург аст. Ҳифзи асолат, покизагӣ ва ғановати забони давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар рӯзноманигор маҳсуб мешавад»,-афзуд Иброҳим Аҳмад.
Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии мамлакатҳо мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»
Хабарҳои дигари ин бахш
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад








НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






