Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябри соли равон байни навозандагони асбобҳои зарбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Озмун бо мақсади иҷрои банди 37-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи композиторон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои баргузор намудани ин озмуни ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шудаанд.
Доира (дойра ва ё даф) — асбоби мусиқии доирашакл буда, ҳалқаҷаҳо дорад, ки барои навохтани мусиқии классикӣ ва муосир дар Эрон, Туркия, Озорбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ истифода бурда мешавад.
Дойра ва ё даф яке аз асбобҳои бисёр ҳам маъмули мардуми тоҷик аст, ки таърихи қадима дорад. Доира сози мусиқии зарбӣ буда, таввасути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Дар санъати мусиқии муосири тоҷик анъанаи гузаштаи доиразанӣ нигоҳ дошта шуда, усулҳои он рӯзафзун дар такмилёбӣ мебошанд.
Доира асбоби мусиқиест, ки овози онро ҳамагон дӯст медоранд. Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин сози мусиқӣ хеле зиёд аст. Агарчи асбобҳои аврупоӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд, ин ба сози доира ягон таъсири манфӣ нарасонидааст. Имрӯз ҳам ин соз талабгорони худро дошта, дар ҷашну идҳо истифода бурда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






