МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла, аспдавонӣ баргузор мегарданд. Мусобиқаи аспдавонӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа доир мешавад.
Мусобиқаи аспдавонӣ ба масофаҳои гуногун бозии миллӣ аст, ки дар он қувват ва давандии аспро месанҷанд. Чобуксавороне, ки дар пойга иштирок менамоянд, бо ишора ба сӯи марра асп медавонанд. Ғолибон мукофотонида мешаванд. Пойга асосан дар рӯзҳои ид ва тӯй, дар ҷойҳои ҳамвор гузаронида мешавад. Дар ин рӯзҳо дар теппа ва бораҳои атроф хайма ва чодарҳои рангоранг зада, таомҳои ҳархела мепазанд. Дар пойга асосан ҷавононе иштирок менамоянд, ки аз хурдсолӣ аспсаворӣ омӯхтаанд.
Баргузории мусобиқаҳои миллии варзишӣ дар ҷашни Наврӯз на танҳо воситаи фароғат, балки омили муҳими тарғиби ҳаёти солим ва таҳкими робитаи иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҷумла, дар саҳроҳои васеъ баргузор намудани аспдавонӣ эҳсоси ватандӯстию иттиҳоди мардумро таҳким мебахшид.
Дар мусобиқаҳои пойгаи аспдавонӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир мегарданд, аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Ашт, Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор, Ховалинг ва Хуросон иштирок менамоянд.
Дар натиҷаи ин мусобиқаҳо маълум мегардад, ки имрӯз зоти аспи тоҷикӣ яке аз беҳтарин зоти аспҳо маҳсуб мешавад.
Баргузории ин мусобиқа аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз буда, аз замонҳои пешин то имрӯз боқӣ мондааст. Дар осори таърихии ниёгон, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ки таърихи подшоҳони бостониро инъикос намудааст, варзиш ҳамчун рамзи мардонагӣ ва нишонаи шуҷоат дарҷ гардидааст. Подшоҳон ва сарлашкарони бостон дар рӯзҳои Наврӯз мусобиқаҳои аспдавонӣ, гӯштин ва шикор ташкил мекарданд.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар Хуталон дар асрҳои 4 — и то милод аспҳои хушзоти зебо парвариш мекардаанд. Ба асппарварӣ аз қадимулайём шуғл доштани тоҷиконро бозёфтҳои ҳафриётӣ ва мусаввараҳои гуногуни Панҷакенти қадиму Саразм низ собит менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» навиштаанд, ки “имрӯз мардуми тоҷик қимати аспро хуб медонад ва барои нигоҳубину парвариш ва гирифтани наслҳои беҳтари он кӯшиш менамояд”.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд






