Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?

Март 12, 2026 08:29

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҳамчун ҷашни ваҳдат ва эҳёи табиат ҳамеша ба коҳиши ихтилофҳо ва густариши сулҳ дар ҷаҳон мусоидат намудааст. Дар асри XXI низ баргузории ҳамоишҳои муштараки наврӯзӣ ва ҷашн гирифтани Наврӯз бо тамоми расму ойин дар байни давлатҳо метавонад барои наздик кардани мамлакатҳои мубтало ба мушкилоти сиёсӣ ва низоъҳои минтақавӣ кумак расонад.

— Наврӯз на танҳо ҷашни як миллат ё як минтақа, балки падидаи муҳими фарҳангии байналмилалӣ мебошад. Ҳавзаи фарҳангии Наврӯз аз нигоҳи рушду таҳкими равобити дипломатӣ, сулҳ ва ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳим дорад. Наврӯз неруи муттаҳидкунандаи халқу миллатҳо, тамаддунҳо буда, тавре дар боло ишора кардем, на танҳо ҷашни суннатии як ва ё якчанд халқу миллат ба шумор меравад, балки имрӯз мақоми байналмилалӣ дошта, дар аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Ҷашн гирифтани он дар сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо ба ҳифзи арзишҳои фарҳанги қадимӣ, балки ба тақвияту густариши ҳамкории байналмилалӣ низ кумак мерасонад.

Наврӯз ҳамчун ҷашни муштарак ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни мамлакатҳои дохил ба ҳавзаи фарҳангии он, чӣ дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ дар шароити муосир мусоидат карда, ҳамеша омили муттаҳидкунандаи миллатҳои гуногуни ҷаҳон будааст. Ҳавзаи фарҳангии Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангии муштарак таърихи чандинҳазорсола дорад, аммо дар сатҳи байналмилалӣ он расман соли 2010 эътироф гардидааст. Ҳавзаи наврӯзӣ ба он давлатҳо ва минтақаҳое ишора мекунад, ки ҷашни Наврӯзро ҳамчун суннати аҷдодӣ ва ҷашни расмии миллӣ таҷлил мекунанд. Ин мамлакатҳо дорои таъриху фарҳанги муштараканд ва Наврӯзро ҳамчун ҷашни эҳёву таҷдиди табиат, густариши некукорӣ, ҳамбастагӣ ва сулҳ таҷлил менамоянд. Ба ҳавзаи фарҳангии Наврӯз Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон (махсусан минтақаи Кашмир), Чин (дар минтақаи уйғурнишин) ва Ироқ (дар минтақаи курдҳо) дохиланд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзро ҳамчун неруи рушди таҳкими ҳамкории минтақавӣ, рамзи дӯстӣ ва сулҳ байни халқҳо тарғиб менамояд. Тоҷикистон дар ҳавзаи фарҳангии Наврӯз нақши умда дошта, ҳамчун ҷумҳурии дорои таърихи бойю қадима дар таҷлили ин ҷашн ба хотири рушди мероси фарҳангии Наврӯз, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ саҳми бузург дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» 16  декабри соли 2025 барои таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз ба масъулини идораву корхонаҳои давлатӣ супориш доданд, ки  яке аз ташаббусҳои муҳим дар ҳифзи ҳофизаи таърихи  халқҳои ориёинажод мебошад.

Таъсиси ин марказ Наврӯзро аз доираи як ҷашни суннатӣ берун оварда, ба он мақоми ниҳоди фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебахшад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «Наврӯз на танҳо ҷашни мардумӣ, балки фалсафаи ҷовидона, таҷассумгари арзишҳои инсондӯстӣ, пайванди наслҳо ва мероси маънавии ҳазорсолаҳо мебошад». Аз ин ҷиҳат Наврӯз сарҳад намешиносад ва он бо ягон дину мазҳаб робита надорад. Бинобар ин онро метавон  «ҷашни инсоният» ва ё «ҷашни инсону табиат» унвон кард, зеро он омили ҳикмату хиради баланди инсонӣ дар бораи робитаи инсон бо муҳити атроф мебошад.

Моҳиятан таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дар фазои давлатҳое, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд ва ё дар ҳавзаи фарҳангии Наврӯз ҷойгиранд, метавонад ҳамчун абзори воқеии ҳамкорӣ ва рамзи муттаҳидкунандаи тамаддуни башарӣ хизмат кунад. Тибқи андешаҳои муҳаққиқон, агар марказ рамзи муттаҳидкунандаи тамаддуниро иҷро кунад, дар ин ҳолат он майдони муколамаҳои дипломатӣ, конфронсҳои умумӣ ва майдони намоишҳои наврӯзӣ мешавад. Ин тамоюли баде нест, аммо таъсири он дар ҷаҳоне, ки бо қувва, иқтисод ва технология тақсим шудааст, ҳадафу мақсадҳои ин марказро маҳдуд хоҳад кард. Аммо агар Маркази байналмилалии Наврӯз ҳамчун абзори воқеии ҳамкорӣ байни кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз шакл гирад, минбаъд метавонад ба ҷузъи сиёсати минтақавӣ табдил ёбад.

Дар ояндаи наздик Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба маркази ҳамоҳангсози минтақавӣ табдил ёбад. Набудани чунин марказ то имрӯз боиси  он гардид, ки Наврӯз ҳамчун қудрати ҳамоҳангсоз байни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз шакл нагирифт. Мақсади ин марказ дар шароити ҳозира аз он иборат аст, ки ба Наврӯз қудрати ҳамоҳангсоз мебахшад, ҳувияти муштаракро шакл медиҳад ва ба субъекти ҳамкорӣ табдил меёбад. Инчунин байни кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз барои касби мавқеи муштарак дар масъалаҳои байналмилалӣ кумак мекунад. Ин марказ бояд тамоми имкониятро доро бошад ва масъулияти муттаҳидсозиву сафарбаркуниро ба уҳда гирад. Таҷрибаи чунин марказҳо дар давлатҳои дигари ҷаҳон мавҷуд аст, ки барои таблиғи фарҳангу тамаддуни онҳо кумак мекунад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин (Маркази Конфутсий), Фаронса (Франкофония), Олмон (Маркази Гёте), Испания (Институти Сервантес) ва ғайраҳо. Ин марказҳо ва институтҳо рисолати хеле гаронеро дар шароити вазнин ба уҳдаи худ гирифта, барои таблиғи фарҳангу маънавияти халқ хизмат кардаанд.

Моҳияти аслии ташаббуси таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он аз доираи як ҷашни суннатӣ берун оварда шуда, дар даҳсолаи минбаъда ба сатҳи ниҳоди фаъол ва субъекти ҳамоҳангсози муносибатҳои фарҳангӣ ва дипломатӣ бардошта шавад.

Наврӯз дорои «неруи нарм» буда, метавонад ҳамчун воситаи таҳкими эътимод, ҳамкории фарҳангӣ ва ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ хизмат кунад. Таҷрибаи байналхалқӣ собит месозад, ки ниҳодҳои фарҳангӣ дар шароити рақобатҳои ноадолатона воситаи муассири ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба маркази ҳамоҳангсозии сиёсати фарҳангии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, маркази таҳияи барномаҳои муштараки илмӣ — таҳқиқотӣ, маркази мубодилаи ҷавонон, рушди сайёҳии фарҳангӣ ва муаррифии арзишҳои тамаддунии муштарак табдил ёбад. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунем, ки марказ бояд дорои сохтори идоракунии муштарак бо иштироки намояндагони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз бошад, то ки барномаҳои дарозмуддат таҳия намояд ва механизмҳои шаффофи ҳамоҳангсозӣ дошта бошад.

Дар маҷмуъ, таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба таҳкими ҳувияти фарҳангии муштарак, густариши ҳамгироии минтақавӣ ва ташаккули мавқеи ҳамоҳанг дар масъалаҳои байналмилалӣ  мусоидат намояд. Самаранокии ин марказ ба сатҳи институтсионалӣ, мустақилияти касбӣ ва қобилияти табдил додани Наврӯз аз рамзи фарҳангӣ ба субъекти ҳамкорӣ вобаста хоҳад буд. Бо он ки ин ташаббусро Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, бо итминон метавон гуфт, ки ин марказ ба ҳадаф ва мақсадҳои худ ноил мегардад ва вазифаҳои бузургу рисолати тамаддуниро иҷро менамояд.

Искандар ШАРИФОВ,
ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 12, 2026 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Консепсияи «Маркази байналмилалии Наврӯз» баргузор гардид
Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид